logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ҚИССАИ ЯК ҚАҲРАМОНӢ
Сардори дастаи афсарон баъди муҳорибаву набардҳои пурхурӯшу тӯлонӣ чандин ҳамсафони ҷасуру шердили худро аз даст дод ва дар ниҳоят ҳамроҳи ҳашт аскари боқимонда ба дасти душман асир афтод. Душман, ки аз дасти ин дастаи шуҷову ҷангҷӯ ба дод омада буд, қарор кард, ки нуҳ нафарро сар занад. Ҳамин лаҳза садои сардори даста баланд шуд. Ӯ бо тамоми ваҷоҳат аз душман хост, ки хоҳиши охиринашро иҷро намоянд ва расми мардонагӣ ба ҷо оранд.
Сардор хоҳишашро чунин изҳор кард: «Байни ҳашт нафар ҳамватани ман як метрӣ масофа боқӣ гузошта, дар як саф гузоред ва ҳамин сари маро аз тан ҷудо кунед. Баъди задани шамшер аз назди ҳамсафонам давида,  масофаи байни онҳоро убур кунам, ягон нафарашонро намекушед, ҳадди ақал ду нафарашонро ҳам гузарам, он ду нафарро сар намезанед ва раҳо мекунед.
Рақибон розӣ шуда, гумон карданд, ки кори ӯ ношуданӣ, вале тамошое диданист. Ба сари сардор шамшер заданд. Хуни гарданаш фавворазанон баромаду сару рӯи ӯро лолагун кард. Ва ӯ охирин нерую қувваашро ҷамъ намуда, ба самти даркорӣ давид ва аҷиб он аст, ки масофаи байни ҳамватанонашро бо тани бе сар убур карда, пасон афтод.
Рақибони ҳайратзада ба ин ғайрату шуҷоат ва мардонагиву ватандӯстии ин бузургмард офарин гуфта, ҳашт нафар асирро озод карданд. Яке аз душманон зери лаб чунин гуфт: «Ба ивази чунин ҷавонмардию худгузаштагӣ ин ҳашт нафари боқимонда замину осмонро меларзонанд, аммо Ватанро ба бегонагон намедиҳанд!»
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ҶАНГҲОИ ХУНХОРТАРИН ДАР ТАЪРИХИ ИНСОНИЯТ
1. Муҳорибаи сулолаҳои Син ва Мин
Муноқишаи ҳарбӣ, ки миёни  сулолаи Син, ҳокимони шимолу шарқи Чин ва сулолаи Мин, ҳокимони ҷануби Чин, ба амал омад, дар таърихи башарият яке аз хунхортарин шинохта мешавад. Дар ин муҳориба  сулолаи Мин шикаст хӯрда, қариб 25 миллион нафар ба ҳалокат расид.

2. Ҷанги дуюми Ҷопон ва Чин
Ин муҳориба солҳои 1937 – 1945 ба вуқӯъ пайваста, дар асри ХХ бузургтарин ҷанги қораи Осиё  ҳисобида мешавад. Дар натиҷаи ин муноқиша наздики 25 миллион аҳолии осоиштаи Чин, беш аз 4 миллион нафар ҳарбиёни ҳар ду кишвар ва дар маҷмӯъ 30 миллион кушта шуданд.

3. Ҷанги сеҳокимиятӣ
Силсилаи муноқишаҳои ҳарбӣ, ки солҳои 220 - 280 дар Чини Қадим ба вуқӯъ омадаанд. Тӯли ин солҳо се кишвар – Вэй, Шу ва Ву ба ҳам меҷангиданд, то давлати ягона таъсис дода, онро  идора намоянд. Бар асари ин муҳорибаҳо наздики 40 миллион нафар ҷони худро аз даст додааст.

4. Забткориҳои муғулон
Муаррихон тохтутозҳои муғулонро  дар асри XIII дар таърихи инсоният яке аз хунхортарин меҳисобанд. Зеро дар ин давра ба онҳо муяссар гашт, ки қисми зиёди Осиё ва Аврупои Шарқиро забт намоянд. Дар натиҷа  қариб 70 миллион нафар ба ҳалокат расид.
 
5. Ҷанги дуюми ҷаҳон
Дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи он зиёда аз 100 миллион нафар (беш аз 30 давлати дунё) иштирок кардааст. Бино ба маълумоти таърихнигорон, бар асари задухӯрдҳои шадид дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки соли 1939 оғоз гашта, 1945 ба поён расид,  қариби 85 миллион нафар ҷон бохт. Ба ҳамин сабаб, онро дар таърихи инсоният чун муҳорибаи хунхортарин эътироф кардаанд.
Таҳияи Ш. ШОКИР


АВВАЛИН ПАРАДИ ҒАЛАБА
Паради аввали Ғалаба 24 июни соли 1945 баргузор гашт. Гузарондани онро ҳанӯз охири май ба нақша гирифта буданд. Вале санаро коргоҳҳои дӯзандагие муайян менамуданд, ки бояд 10 ҳазор афсарро бо либоси расмӣ таъмин мекарданд. Ширкатдорони парадро бо қад интихоб карда ( на кам аз 170 см), бо 10 соат сафдорӣ дар як рӯз азият медоданд.
24 июн борони бошиддат рӯҳияи ҳамаро вайрон кард. Бо ин сабаб, паймоиши ҳавоиро барҳам доданд. Иштирокдорон пурра зери борон монданд.
Парадро Георгий Жуков дар аспи сафеди бурии Кумир қабул кард. Дар умум дар ҷойи вай бояд чун сарфармондеҳ Сталин мебуд, вале вай дар минбар нишаста буд. 
Маълум гашт, ки генералиссимус дар вақти машқ аз Кумири бадлаҷом, ки Будённий барои вай интихоб намуда буд, афтидааст. Сталин ба Жуков гуфт, ки парадро аспсавор қабул мекунад, вале ҳатман дар ҳамин аспи тавсан. Жуков аз уҳдаи супориш хуб баромад.
Аҷиб аст, ки Кумир дар Майдони Сурх аввалин маротиба ҷавлон намезад. Вай дар паради 7 ноябри соли 1941 вақте, ки фашистон дар наздикии Маскав қарор доштанд, иштирок кардааст. Рақиби вай Иван Максимест аспи худро пас аз чор сол дар Паради Ғалаба зери зини маршалӣ дида, ба тааҷҷуб афтод.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ТАЪРИХИ ЭҶОДИ СУРУДИ «ИДИ ЗАФАР»
Мунира Шаҳидӣ, номзади илми филология, духтари композитор Зиёдулло Шаҳидӣ, дар ин хусус изҳор дошт:
- Таърихи эҷоди суруди «Иди зафар», дар ҳақиқат, шаби 8 майи соли 1945 мебошад. Падарам чун шабона  аз радио мешунаванд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғалаба ба даст омадаасту фардояш он таҷлил мегардад, ба устод Боқӣ Раҳимзода занг мезананду хоҳиш мекунанд, то ба ин муносибат ҳар чи зудтар шеъре эҷод намоянд. Устод, ки дар ҳамсоягии мо мезистанд, ин хоҳишро рад намекунанд, менависанд ва соатҳои 12 – 1 – и шаб меоранд. Падарам ҳамон замон ба он оҳанг мебанданд. Соати 5 – и саҳар ба Шоиста Муллоҷонова тариқи телефон занг мезананд, ки ба хона биёянд,  то сурудро якҷоя тайёр кунанд. Соати 8 – у 30 дақиқаи 9 май суруд аз радио ба шарафи Рӯзи ғалаба бори аввал садо дод. Соати 2 – и ҳамон рӯз дар Боғи марказии пойтахт дар ҳузури мардум ин овозхони маъруф «Иди зафар» - ро хонд.
Абдулқодири РАҲИМ


ДАР ДУ ҶАБҲА
Қисми зиёди ҷанговароне, ки дар ҷабҳаҳои ҷангӣ мардонагӣ нишон дода буданд, пас аз он низ дар барқарор намудани ҳаёти осоишта диловарӣ нишон доданд. Унвони фахрии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ намунаи олии қадрдонии меҳнати шоистаи заҳматкашони давлати шӯравӣ ба шумор мерафт. 5 нафар диловарони ҷангӣ ба ин унвони баланд сазовор дониста шудаанд. Инҳо Абдулло Абдулвосиев  (Орҷоникидзеобод, ҳоло Ваҳдат), Давлат Абдуллоев (Ғарм, ҳоло Рашт),  Евгений Алексевич (Душанбе),  Раҳматулло Аҳмадов (Кӯлоб) ва Барот Охунов (Ӯротеппа, ҳоло Истаравшан) мебошанд.
Таҳияи А. УМАРХОН


МУАЛЛИФИ «1001 КОРНОМА»
Адиб Раҳмон Сафар, ки айёми наврасиаш ба солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омада буд, аз хурдӣ дарду доғи ҳамдеҳагонаш, сарнавишти ҷанговарон ва номаҳои сиёҳро таҳаммул карда, пас аз солҳои зиёд ба кушодани саҳифаҳои таърихи ин ҷанг ва диловариҳои ҳамватанонаш азм намуд.
Пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба хидмати Ватан рафта, ҳаёти худро ба артиш бахшид. Бист сол дар системаи комиссариати ҳарбии ҷумҳурӣ фаъолият бурд.
Аввалин ҷангномаҳои Раҳмон Сафар ибтидои солҳои 70 – уми асри гузашта ба чоп расидааст. Ӯ пайваста барои дарёфти санадҳои таърихӣ ва корномаи ҷавонмардони тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ талош меварзид. Дар натиҷаи чунин ибтикору ҷустуҷӯҳо соли 1970 очерки ҳуҷҷатии «Ӯ мурдан намехост» ва соли 1973 қиссаи мустанади «Сафар Амиршоев»-ро навишт. Драмаи ҳамноми онро соли 1974 Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба саҳна гузошт.
Соли 1978 қиссаи мустанади «Фарзанди сарзамини ман», соли 1981 қиссаи ҳуҷҷатии «Қаҳрамони Вахш ва Днепр» - аш аз чоп баромаданд, ки дар бораи диловариҳои тоҷикписарони ҷасуру диловару қаҳрамони Домулло Азизов ва Саидқул Турдиев ҳикоя мекунанд.
Гаронбаҳотарин натиҷаи заҳматаш китоби пурмуҳтавои «1001 корнома» мебошад, ки қисми аввалаш соли 1995, қисми дувумаш соли 2000 ва қисми сеюмаш соли 2010 аз чоп баромад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


САРБОЗИ  ХУРДАКАК
Замоне ки немисҳо модар ва бародари Серёжа Алешковро барои иртибот доштан бо партизанҳо қатл намуданд, 6 – сол дошт. Ин ҳодиса дар вилояти Калугаи Русия рух дод.

Серёжаро зани ҳамсоя наҷот дод. Вай кӯдакро аз тирезаи хона ба берун партофта, бо садои баланд бигуфт: бидав, бо тамоми тавон бидав ба сӯйи ҷангал. Писарбача ба тарафи ҷангал шитофт.
Душвор аст, гуфтан, ки кӯдак чанд муддат гуруснаву ташна, сармозадаву беҳолу бемадор дар ҷангал овора гашт. Баъдан бо разведчикҳои Гвардияи 142 - юми полки тирандозӣ, ки майор Воробёв фармондеҳӣ мекард, дучор омад. Онҳо писарбачаро рӯи даст аз тариқи хати ҷабҳа ба полк оварданд.
Барои сарбози хурдакак пайдо кардани либоси низомӣ аз мушкилтарин масъала буд. Бо вуҷуди ин, бо мурури вақт пойафзол ва либоси низомӣ ҳам ёфт шуд. Майори ҷавон Михаил Воробёв ӯро ба фарзандӣ қабул намуд.
Серёжа ба рафиқони калонсоли худ ёрӣ мерасонд: ба ҷанговарон мактуб, тир меовард ва дар ҳолатҳои танаффус суруд мехонд.
Медали «Барои хизматҳои ҷангӣ» - ро ҳангоми наҷот додани падархондаш гирифт. Боре ҳангоми бомбаборон кардани немисҳо паноҳгоҳи фармондеҳ фурӯ рафт ва ӯ зери он монд. Писарбача инро дида ба ёрӣ шитофт ва ҳарчанд зӯр зад натавонист падарро берун орад. Сипас, партизанҳоро ба кумак даъват кард.
Фармондеҳи Гвардияи 8 - уми артиш генерал Чуйков аз навраси қаҳрамон бохабар шуда, ба Серёжа силоҳи ҷангӣ – туфангчаи «валтер» тақдим намуд.
Таҳияи Барноз ГАДОАЛИЗОДА


ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ
Аз 22 июни соли 1941 то 1 июли соли 1941 (нуҳ шабонарӯз) ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ  5 миллиону 300 ҳазор нафар сафарбар шуданд.

Йулбарс ва шинели Сталин
Дар Паради Ғалаба, аз таърихи 24 июни соли 1945, низомиҳо сагеро дар дасташон бардошта мебурданд, ки ғайричашмдошт барои ҳама дар болои шинели Иосиф Сталин мехобид.
Ин яке аз сагҳои ромшуда буд, ки ба сапёрҳо дар поксозӣ аз минаҳо ёрӣ мерасонд. Саг Йулбарс ном дошт. Дар соли охири ҷанг вақти аз мина тоза кардани қитъаҳо дар  Аврупо Йулбарс 7468 мина ва 150 снаряд ёфтааст. Чанде пештар аз Паради Ғалаба дар Москва Йулбарс захмдор шуд ва дар ҳайати мактаби сагҳои ҳарбӣ рафта наметавонист. Бинобар ин, Сталин фармон дод, ки сагро дар болои шинелаш аз майдони Сурх гузаронанд.

Трактор - танкҳо
Аввалҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳисоби норасоии  танкҳо танқисӣ мекашид. Бинобар ин, қарор шуд, ки дар ҳолатҳои фавқулода тракторҳои муқаррариро ба танк табдил диҳанд. Масалан, дар рафти мудофиаи  Одесса аз қисмҳои ҳарбии Руминия 20 - то чунин «танк» - ро,  ки бо тунукаҳои зиреҳӣ пӯшонда буданд, ба набард дароварданд. Умед, асосан, ба таъсири психологӣ буд. Ҳуҷум шабона, бо чароғҳои фурӯзон ва сирена доир шуд ва руминҳо рӯ ба фирор оварданд.
Дар ин мошинҳо аксар вақт қолаби тӯпҳои вазнинро насб карда буданд,  сарбозҳо онро «НИ – 1» унвон доданд, яъне «На Испуг».
Таҳияи Борбади МУСТАФО


ЯШКА – УШТУРИ ҶАНГОВАР
Дар муҳорибаҳои вазнини назди Сталинград Армияи 28-уми савора низ ширкат дошт. Аз сабаби он ки аспҳо намерасиданд, армия дар ҳолати ногувор монд. Ба ҳамин хотир, қарор шуд, ки як  қисми аскарон аз уштурҳо истифода кунанд. Аҷиб, ки «киштиҳои биёбон» аз уҳдаи вазифаҳои худ хеле хуб баромаданд. Уштур бо лақаби Яшка бошад, ҳатто дар муҳориба барои озодсозии Берлин дар соли 1945 ширкат кардааст.
Таҳияи М. ЗУВАЙДОВА


ОСОРХОНАИ ҶАНГӢ
Осорхонаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ  иншооти асосии Боғи Ғалабаи шаҳри Москва ба шумор меравад. Он 9 майи соли 1995,  бахшида ба Ҷашни 50 – солагии Ғалаба таъсис ёфтааст. Мақсад аз таъсиси ин осорхонаи тахассусӣ абадӣ гардондани хотираи қаҳрамонони ҶБВ мебошад.  
Дар осорхона миқдори зиёди ашё, аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, либоси ҷангӣ, мукофотҳо, суратҳо, кинохроникаҳо, ҳуҷҷатҳои ҷангӣ, мактубҳои фронтӣ ва асарҳои санъат (мусаввараҳо, ҳайкалҳо, графика ва плакат) ҷамъ оварда шудаанд. Яке аз ҷойҳои диққатҷалбкунандаи осорхона шаш диорамаи он мебошад. Онҳоро устодони Студияи рассомони ҷангии ба номи М. Б. Греков офаридаанд.
«Китоби хотира» дорои каталоги электроние мебошад, ки дар он исми қурбониёни ҶБВ сабт шудаанд. 1500 ҷилди Китоби умумииттифоқии хотира нашрияҳои нодиреро ташкил медиҳанд, ки дар онҳо ба ғайр аз исми қурбониён дар бораашон маълумоти мухтасар гирд оварда шудааст. 
Намоиши техникаи ҳарбӣ дар Боғи Ғалаба ташкил шуда, ҳамасола дар он беш аз 300 намунаи техникаи вазнини ҳарбӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


БА МУРДАН ҲАҚ НАДОШТЕМ
Сухан аз он боб аст, ки танҳо соли 1946 Абдулмуъмин Мирзоев фаҳмид, ки чӣ ӯро аз ин даҳшатҳо, балоҳо нигоҳ дошт.
Соли 1940, вақте ки ба хидмат мерафт, теғи усто Қобили сарихосориро бо худ гирифт. Теғе буд барои риштарошӣ, бисёр зебо. Ҳамсафонаш онро тамошо мекарданд ва аз маҳорати созандааш дар тааҷҷуб мемонданду аҳсанаш мехонданд. Теғ диққати командири взвод Васил Алексеевич Трешёвро ҳам ба худ ҷалб кард ва хоҳиш намуд, ки онро барои як рӯз дар ихтиёри ӯ гузорад. Албатта, розӣ мешавад, чун хоҳиши командир аст. Вале фардояш ӯро ба Москва меоранд ва теғ дар дасти командир мемонад. Абдулмуъмин онро пас аз чанд рӯз фаромӯш мекунад. Солҳо мегузаранд. Ҷанг поён меёбад. Ва як рӯз ӯ аз деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ ба деҳааш Шаҳиди Бобохон рафтанӣ мешавад. Дар роҳ будааст, ки «ЗИЛ» - е меояду меистад ва ронандааш мегӯяд: «Касеро савор мекунам, ки маро то Балҷувон роҳбаладӣ кунад, зеро роҳро надидаам».
Абдулмуъмин савор мешавад. Дар роҳ дар аснои сухан кардан ронанда ӯро мешиносад ва мепурсад: «Ту Мирзоев нестӣ?». Ӯ ҷавоб медиҳад: «Бале!» Ронанда «ЗИЛ» - ро медорад ва мегӯяд: «Мефароем». Ҳар ду мефароянд ва ҳамдигарро оғӯш мегиранд. Ронанда мегӯяд: «Ман ҳамон Васил Алексеевич Трешёв – командири взводи шумо ҳастам». Пас аз аҳволпурсӣ ва ёдоварии рӯзҳои гузашта, ронанда аз мошин латтапечеро мегираду ба Абдулмуъмин медиҳаду амр мекунад, ки бикушояд. Мекушояду мебинад, ҳамон теғи усто Қобили сарихосориро.
Васил Алексеевич савганд мехӯрад, ки ҷуз ҳамон як бор бо ин теғ дигар риш нагирифтааст, чун барои ҳамин қадар хоста буд. «Аммо ин теғро,- мегӯяд ӯ,- дар тамоми муҳорибаҳо бо худ доштам ва аз Худо илтиҷо мекардам, ки то рӯзи вохӯрӣ, то рӯзи супурдани он моро зинда нигоҳ бидорад, то ман ба амонат хиёнат накарда бошам. Ман бовар доштам, ки Худо дуои маро мустаҷоб мегардонад, зеро нияти ман нек буд. Мо ба мурдан ҳақ надоштем».
Абдулқодири РАҲИМ


ГЕНЕРАЛҲОИ ЗАМОНИ ОСОИШТА
Қисми зиёди афсарон пас аз ҷанг низ тақдири худро ба хидмати ҳарбӣ пайваста,  дар ин роҳ ба мартабаҳои олӣ расиданд. 3 нафари онҳо баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ соҳиби рутбаи баланди ҳарбӣ - генерал гардидаанд.
Мо имрӯз исми генерал - майорон Валӣ Мамадов (Хуҷанд), Мастибек Тошмуҳаммадов (Шуғнон) ва Абдураззоқ Юсуфовро (Хуҷанд) бо ифтихор ба забон меорем.
Саҳми онҳо дар мустаҳкам гардидани неруҳои ҳарбии давлатамон шоёни таҳсин аст.
Таҳияи У. АЛӢ


ЛАТИФАҲО
Суҳбат дар тамрингоҳи Берлин:
- Мегӯянд, ки хонумҳои рус бисёр зебо ва мафтункунандаанд.
- Шояд, - мегӯяд афсари солдидае. - Агар аз рӯи номаҳои писари ман баҳо диҳем, танҳо аз шунидани номи кадом як Катюша аскарони мо девона мешаванд.
***
Аскар аз паноҳгоҳ (окоп):
- Командир мо дар муҳосира мондем.
- Олиҷаноб, акнун ба ҳар самте, ки хоҳем, ҳуҷум мекунем.
Таҳияи Л. РИЗОЕВА


ОТАШИ АБАДӢ
Оташи абадӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим маълум аст. Дар Юнони бостон  машъали олимпӣ ҳамеша фурӯзон буд. Дар баъзе аз буткадаҳо низ оташ ҳамчун муқаддасот нигоҳ дошта мешуд.
Дар замони мо анъанаи оташи абадӣ баъд аз ҷангӣ аввали ҷаҳон ҷорӣ гардид. Соли 1921 дар шаҳри Париж ҳайкали аскари номаълум сохта, дар пояи он оташ афрӯхта шуд, ки то ҳол  ба гирду атроф нур мепошад.
Дар Русия ин гуна ёдгорӣ нахуст дар ноҳияи Шёкинскийи вилояти Тула пайдо гардид. Баъдан, 8 майи соли 1967, ҳайкали аскари номаълум бо оташи абадӣ дар Майдони Сурхи шаҳри Москва сохта шуд. Ба ҳамин минвол, ин ёдгорӣ дар аксар шаҳрҳои собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ сохта шуд.
Оташи абадӣ ҳамчун муқаддастарин ва қимат-тарин рамзи хотира, қаҳрамонӣ ва муҳаббат ба Ватан боқӣ мемонад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2017    №: 92    Мутолиа карданд: 394
22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйирот ворид мешавад

Масъулияти аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баланд мегардад

18.07.2017


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

Мулоқот бо губернатори Токио

Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар ВМКБ

«Мушкилкушо» ва «Комил» ба Қазон мераванд

Мурофиаҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Инвентаризатсияи заминҳо ба охир расид

ВАРЗОБ. Чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ

НАФАҚА. Камбудиҳо бартараф мешаванд

Варзиш

17.07.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Саид Оғо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Баррасии роҳу усулҳои мубориза бо коррупсия

Дарёфти 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Бехатарии саноатӣ ва ҷавобгарии 182 шахси масъул

Рӯйхати сиёҳ вуҷуд надорад

15.07.2017


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед