logo

сиёсат

АМИТ "ХОВАР": "ЧОРАБИНИИ АКСИЯИ "ПОЛКИ АБАДӢ" НАҚШАБАНДӢ НАШУДААСТ"

Рӯзҳои охир дар расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ оид ба доир нагардидани аксияи «Полки абадӣ» андешаҳои мухталиф интишор шуда истодаанд.
Ба иттилои воситаҳои ахбори омма расонда мешавад, ки доир ба баргузории Рӯзи Ғалаба - 9 май як моҳ қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки чорабинии мазкурро дар сатҳи баланди сиёсӣ дар «Боғи Ғалаба» баргузор намоянд.
Нақшаи чорабиниҳо ва сенарияи баргузории паради ҳарбӣ аз ҷониби Сарвари давлат тасдиқ гардида, корҳои ташкилию фарҳангӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор оғоз гардидаанд. Аммо доир ба аксияи «Полки абадӣ» иқдоме сурат нагирифта, он ташаббуси иттиҳодияҳои алоҳидаи ғайриҳукуматӣ мебошад.
Бо мақсади амалӣ кардани супориши Сарвари давлат Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратии кишвар ҷиҳати омодагӣ ба паради ҳарбӣ машқҳоро дар «Боғи  Ғалаба» оғоз карданд. Дар паради ҳарбӣ ҷузъу томҳои Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия низ иштирок менамоянд.
Паради ҳарбиро Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намуда, дар он намояндагони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бархе аз аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ қасамёдкунии наваскарон ва гулгузории беш аз 3000 нафар ҷавонон ба нақша гирифта шудааст. Ҷавонон ба хотири пос доштани хотираи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ ҳисса гузоштаанд, дар назди «Оташи абадӣ» - и «Боғи Ғалаба» ҳамчун рамзи эҳтиром ба иштирокчиёни ҶБВ гул гузошта, садоқати худро ба диловарони Ватан ифода менамоянд.
Барои дар сатҳи баланд доир гардидани ин чорабинӣ, вазоратҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омодагӣ гирифта, сайругашти оммавӣ ва консерти идонаи ҷавонони пойтахт низ дар «Боғи Ғалаба» ба нақша гирифта шудааст.
Ба хотири ҳифзи амнияти иштирокчиёни чорабинии Рӯзи Ғалаба мақомоти дахлдор тартиботи ҷамъиятиро назорат менамоянд.
Идома доштани ҷанг дар мавзеъҳои наздики сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имкон намедиҳад, ки аксияҳои иловагӣ баргузор карда шаванд. Мувофиқи суннатҳои исломӣ низ бо акси фавтидагон баромадан ба кӯчаю хиёбонҳо нораво буда, аксияи мазкур хилофи арзишҳои исломию мазҳабӣ мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 447 иштирокчӣ ва маъюбони ҶБВ боқӣ мондаанд, ки аксари онҳо маъюб, барҷомонда ва ниҳоят пиру хастаҳол шудаанд. Баровардани ветеранҳои ҶБВ ба кӯчаҳо ва ташкил кардани вохӯриҳо бо онҳо ғайриимкон мебошад.  Аз ин рӯ, Сарвари давлат ба раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе супориш доданд, ки вобаста ба имконот ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ёрӣ расонда, дар маҳали зисташон табрикот ва кумакҳои аввалияро расонанд.
Сарвари давлат, инчунин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки ба ин табақаи ниёзманд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ёрии тиббӣ расонанд.
Ҳамчунин, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як иштирокчӣ 3000 сомонӣ ҷудо карда шуда, айни замон аз ҷониби масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои соҳавӣ ва роҳбарони кумитаҳо дастрасии ин туҳфаҳои Пешвои миллат ба ҳар як иштирокчӣ амалӣ шуда истодааст.
Гузаштаро қадр кардан, поси хотираи ҳар як сарбози диловари кишварро донистан аз ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, хотираи шаҳидони ҶБВ дар ҷумҳурӣ қадр мешавад ва чорабиниҳои ба он алоқаманд дар сатҳи зарурӣ доир мегарданд.
Аз баъзе «дӯстон» хоҳиш мешавад, ки аввал масъаларо доир ба аксияи мазкур дуруст равшан намоянд ва пасон барои таблиғ иқдом гиранд.
Дар ҳар як давлат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ дар чаҳорчӯбаи қонунгузории  амалкунандаи ҳамон кишвар доир карда мешавад. Дар ҷумҳурии мо низ иқдоми пешгирифтаи Ҳукумат оид ба Рӯзи Ғалаба саривақтӣ буда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия хоҳад намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2017    №: 92    Мутолиа карданд: 237
22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйирот ворид мешавад

Масъулияти аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баланд мегардад

18.07.2017


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

Мулоқот бо губернатори Токио

Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар ВМКБ

«Мушкилкушо» ва «Комил» ба Қазон мераванд

Мурофиаҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Инвентаризатсияи заминҳо ба охир расид

ВАРЗОБ. Чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ

НАФАҚА. Камбудиҳо бартараф мешаванд

Варзиш

17.07.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Саид Оғо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Баррасии роҳу усулҳои мубориза бо коррупсия

Дарёфти 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Бехатарии саноатӣ ва ҷавобгарии 182 шахси масъул

Рӯйхати сиёҳ вуҷуд надорад

15.07.2017


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед