сиёсат
ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА 447 НАФАР СОБИҚАДОРИ ҶАНГ
Ба муносибати 72 - солагии Рӯзи Ғалаба то имрӯз ба 24 нафар иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ноҳияи Спитамен, шаҳрҳои Конибодом ва Исфара аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки молии якдафъаина тақдим карда шуд ва ин иқдом дар шаҳру ноҳияҳои дигар ҷараён дорад.
Кумак аз тарафи гурӯҳи корӣ ба собиқадорони ҷанг дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба бо Амри навбатии худ ба ҳар кадом аз собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (ҶДҶ) ва коргарони ақибгоҳ 3 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо намуданд. Ин ёрии Пешвои миллатро роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорони ҷанг мерасонанд.
Сарвари давлат ба ҳамаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур додаанд, ки бо назардошти имконоти худ ба таври иловагӣ ба собиқадорони ҷанг мадад расонанд.
Бино ба маълумоти Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ, имрӯз дар Тоҷикистон 447 нафар собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 зиндагӣ мекунад, ки то ҷашни ин рӯзи таърихӣ аз ҷониби Пешвои миллат бо туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.
Куҳансолтарин собиқадор Додарҷон Умарови 117 - сола мебошад, ки айни ҳол дар ноҳияи Вахш умр ба сар мебарад. Ҷавонтарин собиқадор Леокадия Ковтуни 90 - сола буда, дар Душанбе истиқомат дорад.
Олег Соболев, собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Тоҷикистон, собиқ шореҳи АМИТ «Ховар», бо даъвати Ҳукумати Русия дар гузашти низомии 9 майи соли 2017 дар Майдони Сурхи Москва иштирок мекунад.
АМИТ «Ховар»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.05.2017 №: 92 Мутолиа карданд: 539