logo

фарҳанг

МОДАРРО БО НОМАҲОИ ФАРЗАНДАШ ГӮРОНДАНД

Ман ба як даста номаҳои замони ҷанг шинос мешавам. Зарданду фарсуда. Агар ба ҳангоми кушодан эҳтиёт накунӣ, ба яқин, медаранд, балки мерезанд. Ҳафтоду чор сол умр доранд. Ҳафтоду чор сол онро пайвандони соҳиби ин номаҳо нигоҳ доштаанд, чун гавҳараки чашм, барояшон азизу муқаддасанд.
Албатта, чунин номаҳо дар баъзе аз хонаҳои мардуми тоҷик зиёд буданд, ки ба тадриҷ аз байн рафтанд. Мебоист, ки онҳоро ҷамъ меоварданду дар осорхонаҳо нигоҳ медоштанд. Як пораи таърихи моро бозгӯ мекарданд, барои таълифи асарҳо маълумот медоданд.
Аммо иқрор мешавам, диққати маро бештар на ин номаҳо ва соҳиби он, сарбози шуҷои Ватан, ки аз деҳаи дури кӯҳистон ба корзор, ба ҷанг, барои ҳимояи Ватан рафта буду баъдҳо барнагашту беному нишон шуд, ҷалб намудааст. Оре, ҳамин тавр аст. Таваҷҷуҳи моро сарнавишти талху дардноки модари ӯ - Шаҳзода афзуд. Аз ин рӯ, хостам ба номаҳои ҷигарбанди ӯ ошно бишавам.
Ҳолиё, ки мепурсам, дақиқ намегӯянд, балки намедонанд кай дунёро падруд гуфтааст. Ба пурсишам посух мегӯянд, ки сафари ӯ ба олами охират охири солҳои 80 - уми асри гузашта буд. Аз ин тахмин мекунаму тасаввур, ки модар аз фироқи писар беш аз чил сол чи ранҷҳоро кашидаву пушти сар кардааст. Мехоҳам дар ин бора бигӯянду бигӯянд. Ва мегӯянд.
- Номаҳоро, ки ададашон беш аз 30 буд, паси ҳам қатор мечид ва бо навбат онҳоро ба даст мегирифту ба чашм мемолиду ба рӯи дил мегузошт ва нолаи дарднокаш дар ин ҳол ҷигарҳои моро пора мекард. Мо низ дар баробари ӯ мегиристем, аммо ба дил, бе овоз.
- Даҳшати ин ҷангро ман аз гиряҳову нолаҳои ӯ дарёфтам. Ҳеҷ китобе, ҷангномае, таърихе маро ин қадар сабақ надодаву нагирёндааст.
- Дар дилаш аммо як умеде буд, як шуълае медурахшид. Мегуфт: «Талбакам, Талбаки талбидаам намурдааст, меояд. Мебинем, як рӯз дарвозаро мекушояд ва ворид мешавад. Мегӯяд: «Модар, маро нашинохтӣ? Умри ҷудоӣ дароз шуд. Мисли ту пир шудам, мӯйҳоям сафед гардидаанд. Акнун омадам. Ҷанг ба фарҷом расид. Дигар намеравам, аз наздат ба ҳеҷ куҷо намеравам». Аммо модар магар фарзандашро, агар ҳам аз байн ҳазор сол бигзараду ӯро набинад, намешиносад? Мешиносад».
Модар эҳсос мекунад, ки марг наздик аст, Худоро зорӣ менамояд, то чанд соли дигар зиндааш бигузорад. Шояд Талбакаш биёяду ӯро дар хона наёбад. Не, ӯ  намехоҳад, ки ҷигарбандаш рӯи гӯраш биёяд ва модарро бо дидаи ашкбор садо бикунад. Марг ҳам ба поси ин садоқаташ ӯро огоҳ сохт, ки ночор бояд биравад. Чун ин ҳақиқату рӯзи реҳлаташ, сафарашро дарёфт, васият кард, ки номаҳоро ба рӯи ҷигари сӯхтааш бигузоранд ва ҳамин тавр ба хок бисупорандаш.
Васияти модар иҷро шуд, аммо чанде аз ин номаҳоро ба сурати ёдгор бо худ нигоҳ доштанд.
Аввали соли 1943 ба номи Талбак Сафаров даъватнома омад. Бояд ба ҷанг, ба ҳимояи Ватан биравад. Ин даъватномаро бӯсид, ба дидаҳо молид. Аз ин тааҷҷуб карданд. Гуфт: «Чӣ ҷои тааҷҷуб аст? Магар на ман худ инро интизор будам? Шукр, синну солам расид ва маро барои ҳимояи Ватан арзанда дарёфтанд, бовар карданд». Аз деҳаи Хуҷаи Нури он замон ноҳияи Кангурт рафт. Раҳораҳ ба номи падараш Сафаралӣ Собиров нома менавишт. Аз дидаҳо менавишт.
Навиштааст, ки 21 рӯз савораву 21 рӯзи дигар пиёда рафтанд ва панҷ шабонарӯз қад-қади дарёи Волга  раҳсипоранду ҳанӯз ба қароргоҳе нарасидаанд». Аз навиштаи ӯст: «Пулҳои овардаам ба кор намерафтааст, дар саҳроҳо ва ҷангалҳоем. Офтобро намебинем. Вақтам хуш аст, хӯроку пӯшок дорем».
Аз машқҳои ҳарбӣ аз расидани садои даҳшатбори тиру тӯп низ навиштааст. Ва ҳам таъкид доштааст, ки аспашро нигоҳубин бикунанд. Аз модари азизаш, аз ҳамдеҳагонаш, мӯйсафедҳои нуронии зодгоҳаш пурсон шудаву ба якояки онҳо салом фиристодааст. Барои тасаллои волидон, пайвандон навиштааст: «Ғами бисёр нахӯред. Насиб кунад, ба наздикӣ шуморо боз мебинам».
Аз ин номаҳо бармеояд, ки дар хати пеши ҷанг мебошад, артилеристу алоқагар аст. Аз рӯи маълумотҳои дастрасгардида дар ҳудуди Ҷумҳурии  Украина ҷангидааст. Аз як номааш, ки моҳи июли соли 1943 навиштааст, бармеояд, ки дар наздикии шаҳри Ворошиловград (ҳоло Луганск) бар зидди душманони Ватан меҷанганд. Аз номаи Давлатёр Файзиев, ки 25 январи соли 1944 навишта шудааст, мехонам: «Талбак ҳамроҳи мо буд. 15 ноябри соли гузашта аз пойи чапаш захмин шуд ва ба госпитал афтод».
Пас аз табобат ба ӯ иҷозат медиҳанд, ки ба ақибгоҳ, ба зодгоҳаш баргардад. Аммо ин пешниҳодро рад месозад ва боз ба корзор меравад.
Охирин номаи Талбак моҳи декабри соли 1943 иншо шудааст. Мавзеи он дақиқ нест. Ҳамин тавр, пас аз он дигар аз ӯ ҳеҷ номае намерасад.
Баъд аз фарҷоми ҷанг марде аз деҳаи Фалҳободи Кангурт ба хонаи падари Талбак меояд ва мегӯяд, ки фарзандашон чанд муддат ҳамроҳи онҳо ҷангидааст. Баҳори соли 1944 дар як муҳорибаи шадид ба ҳангоми аз набардгоҳ ба ҷойи бехавф кашидани ҳамсилоҳони захминаш сахт ҷароҳат бардошт. Дар ин вақт самолётҳои душман мавзеи онҳоро гулулаборон мекард. Ӯро ба госпитал бурданд ва беш аз ин дигар дар борааш маълумот надорад.
Ман боз тасаввур мекунам, ки шунидани ин хабари мудҳиш барои модар чӣ қадар вазнин аст. Оре, ин танҳо як тасаввур аст. Магар ин ҳолат, ин дард дар асл дар як тасаввур мегунҷад? Не, ки не.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2017    №: 93    Мутолиа карданд: 396
16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ

«Тоҷик Эйр» теъдоди парвозҳоро ба Деҳлӣ зиёд мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Кореяи Шимолӣ омода аст ба Кореяи Ҷанубӣ пайвандад

Интиқоди сарвазири Маҷористон аз сиёсати ИА нисбат ба Русия

Чин соли гузашта аз хориҷа 1300 порахӯрро баргардонд

Қирғизистон: зарар аз коррупсия 1, 4 миллиард сом

Консерни Lactalis миллионҳо бонка ғизои кӯдаконаро бозмехонад

«Реал» барои Неймар аз баҳри Роналду мегузарад?

12.01.2018


Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паём дар ВМКБ

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси амниятии Теҳрон

«Қалъаи Хуҷанд». Шумораи сайёҳон меафзояд

Халил Каримов соҳиби ҷоизаи ба номи Питер Капстик гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ироқ сарпарастонро ба барқарорсозии кишвар ҷалб намуданист

Олмон тарзи лағви таҳримоти зидди Русияро гуфт

ИА: 1 миллиард евро барои бунёди фавқулкомпютерҳо

Назарбоев зидди мураккабсозии забони қазоқӣ баромад

Занҳо ба Арабистони Саудӣ танҳо рафта метавонанд

Варзиш

11.01.2018


Боздиди Сарвазири Ӯзбекистон аз Маҷмааи «Кохи Наврӯз»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед