logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАД АШРАФ ҒАНӢ

5 май гуфтугӯи телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид.
Сарварони ду кишвари дӯст ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуда, минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъю талошҳои пайвастаи ҷонибҳоро баҳри рушду густариши минбаъдаи онҳо таъкид карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин, ба масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Зимнан, ҷонибҳо атрофи вазъи ноороми Афғонистон, бахусус дар минтақаҳои шимоли он, мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар ин робита ҷонибҳо дар мавзӯи ҳамкориҳои амниятӣ ва низомию техникӣ, аз ҷумла дар ҷодаи мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир - терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амнияти сарҳадот, ибрози назар намуданд. Таъкид гардид, ки истиқрори вазъ ва таъмини оромиву амнияти мардуми минтақа ҳадафи умда ва асосии саъю талошҳоест, ки дар ин ҷода ба харҷ дода мешаванд. Роҳбарони ду кишвари ҳамсоя ба мувофиқа расиданд, ки дар ин самт муштаракан иқдомоти муассирро роҳандозӣ намоянд.
Сарвари давлати Тоҷикистон истиқрори вазъиятро дар Афғонистони ҳамсоя омили амнияти тамоми минтақа дониста, пайгирии ҳамарӯзаи вазъи ин кишвари дӯст ва омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба расондани кумаку мусоидати ҳамаҷониба ба давлату мардуми бародари Афғонистон ҷиҳати расидан ба ормонҳои сулҳу субот бо роҳи решакан кардани терроризму ифротгароӣ ва таъмини ваҳдату оштии миллӣ таъкид карданд.
Раисҷумҳури Афғонистон дар навбати худ барои дастгирии доимии амниятиву иқтисодии Тоҷикистон аз Афғонистон  изҳори миннатдорӣ намуда, сипоси амиқи худро бахусус ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб барои табобати афсарону сарбозони Афғонистон дар шифохонаҳои Тоҷикистон иброз дошт.
Дар хотимаи суҳбат Ҷалолатмаоб Ашраф Ғанӣ аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Афғонистон дар вақти барояшон муносиб даъват ба амал овард. Ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муҳлати баргузории сафари мазкур бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад.
Гуфтугӯи телефонӣ дар фазои самимӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2017    №: 93    Мутолиа карданд: 251

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед