logo

туризм

САЙЁҲӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Барои соҳаи туризми кишвар омода намудани кадрҳои баландихтисос яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Аксари мутахассисону коршиносони соҳа бар он назаранд, ки маҳз кам будани мутахассисони соҳибтаҷриба боиси ба таври зарурӣ рушд наёфтани соҳаи сайёҳӣ гаштааст. 
Даромад аз тиҷорати туристӣ на танҳо иқтисодиёти минтақа, балки дар маҷмӯъ тамоми иқтисодиёти мамлакатро  ривоҷу равнақ хоҳад бахшид . Аз ин хотир, таъмин намудани хоҷагиҳои меҳмондорӣ ва дигар зерсохторҳои соҳаи туризм бо кадрҳои баландихтисос масъалаи муҳим мебошад.
Амриддин Самиев, декани факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, зимни яке аз конфронсҳои хоса доир ба ин мавзӯъ иброз дошт, ки маҳз сифати омода намудани кадрҳо маҳаки асосии рушди соҳаи туризм ба ҳисоб меравад. Муассисаҳои олӣ, ки ба тайёр намудани мутахассисон машғуланд, на дар ҳама ҳолат метавонанд таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро дар меҳмонхонаҳо ё ширкатҳои туристӣ таъмин намоянд. Ҳарчанд донишгоҳҳо бо якчанд ширкатҳои сайёҳиву меҳмонхонаҳои ватанӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дошта бошанд ҳам, вале дар маҷмӯъ сатҳи ҳамкории онҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳолати таъмини кадрҳо дар тамоми бахшҳои соҳа ташвишовар аст.
Ба гуфтаи Амриддин Самиев дар макотиби олӣ омӯзгорони баландихтисос намерасанд. Дар баробари ин, барномаҳои таълимӣ ба шароити замони муосир ҷавобгӯ нестанд. Бо вуҷуди ин, шумораи муассисаҳое, ки мутахассиси соҳаро тайёр менамоянд ҳамасола зиёд шуда истодаанд. 
Ҳамчунин, ӯ зикр кард, ки имрӯз беш аз 10 муассисаҳои олӣ мутахассисони соҳаро омода месозанд. Мутаассифона, байни муассисаҳо ва корфармоён ҳамкориҳо барои бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисон ба роҳ монда нашудааст. Муассисаҳо ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Дар натиҷа ба соҳаи сайёҳӣ мутахассисони ғайр ҷалб карда мешаванд, ки  онҳо дар рушди соҳа саҳм гузошта наметавонанд.
Ин дар ҳолест, ки  кормандони  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз медоранд, ки кумита дар якҷоягӣ бо сохторҳои маҳаллии худ ва ширкатҳои сайёҳӣ барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён тамоми шароитҳоро фароҳам овардаанд ва донишҷӯёни риштаи туризм ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Ба андешаи коршиносон воридшавии сайёҳон ба кишвари мо нисбат ба дигар давлатҳои ҳамсоя нисбатан кам аст ва яке аз сабабҳои асосии он нарасидани мутахассисони соҳибкасб ва сатҳи пасти хизматрасонӣ мебошад. Агар мутахассис соҳибкасб бошад, сатҳи хизматрасонӣ низ бамаротиб боло меравад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2017    №: 94    Мутолиа карданд: 1822

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед