сиёсат
ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҒАЛАБА
9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Ғалаба, ки дар Боғи ғалабаи пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Дар маҳали баргузории чорабинӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифт.
Оид ба омодагии ҷузъу томҳо барои гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиа, генерал — лейтенант Шералӣ Мирзо гузориш дод.
Баъди садо додани Суруди миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, афсарону сарбозон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли ҳамватанонро ба муносибати 72 - юмин солгарди Ғалаба бар зидди фашизм табрику муборакбод намуданд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ оид ба корнамоиҳои фарзандони ватандӯсти тоҷик, ки дар майдонҳои набард баҳри озодии диёр ва осудагии ҳамдиёрони хеш ҷонбозиҳо карданд, андеша ронданд.
Таъкид гардид, ки Ҷашни Ғалаба барои халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад, зеро фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон бо корнамоиву ҷонбозиҳо ва муборизаи фидокоронаву қотеона якҷо бо халқу миллатҳои сулҳхоҳ оташи ҷанги даҳшатнокро хомӯш ва озодии мардумони сайёраро таъмин карданд.
Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомадро бо ин санаи таърихӣ табрик намуда, таъкид доштанд, ки шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси халқамон дар давраҳои ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Баъди анҷоми суханронии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозоне, ки ҷони худро баҳри озодии кишвар нисор кардаанд, маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи ҷовидон сурат гирифта, ба хотири қурбониёни ҷанг дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид.
Дар ин рӯз баъди аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштани гулчанбар, ҳамчунин, аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматчиёни низомии Пойгоҳи ҳарбии 201 - уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуданд.
Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар Боғи Ғалабаи пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.05.2017 №: 94 Мутолиа карданд: 583