logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникии Неругоҳи барқи обии Роғун, 10 майи соли 2017

Муҳтарам бунёдкорони Неругоҳи барқи обии Роғун!
Ҳозирини гиромӣ!
Аз мулоқоти қаблии мову шумо, ки ба муносибати тағйир додани маҷрои дарёи Вахш ва оғози бунёди сарбанди неругоҳ доир гардида буд, расо шаш моҳ сипарӣ шуд. Тавре ки мо имрӯз дидем, дар давраи сипаригашта хеле корҳои тибқи нақша пешбинигардида амалӣ шудаанд. Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи шумо, бунёдгарони иншооти тақдирсози кишварамон, барои заҳмати содиқона ва азму субот, ки ҷиҳати бардоштани пешдарғот ва вусъати бунёдкорӣ шароит фароҳам овард, бори дигар миннатдории худро иброз медорам.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун афзалияти махсус медиҳад. Зеро, чи тавре ки шумо огоҳед, ин неругоҳ барои таъмини мунтазами аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо бо неруи барқ, яъне рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нақши бисёр муҳим дорад.
Дар баробари ин, обанбори неругоҳ барои пешгирӣ кардани ҳодисаҳои фавқулода мусоидат карда, танзими бисёрсолаи истифодаи манбаъҳои оби минтақаро таъмин менамояд ва барои беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии миллионҳо гектар заминҳои кишоварзиву азхудкунии садҳо ҳазор гектар заминҳои нав имконият фароҳам меорад. Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки неругоҳи Роғун барои истеҳсоли “неруи сабз”, яъне пешгирӣ кардани партовҳои зарарнок ба атмосфера ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ имконияти беҳтарин муҳайё месозад.
Маҳз ба ҳамин хотир, зарур аст, ки сафарбарсозии ҳайати муҳандисиву техникии ширкатҳои пудратии ватаниву хориҷӣ ва захираҳои моддиву техникии мавҷуда бояд мувофиқи ҷадвали тақвимии тасдиқгардида ба роҳ монда, корҳои сохтмон сари вақт, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд.
Бинобар ин, роҳбарону масъулин корро бояд тарзе ба роҳ монанд, ки минбаъд корҳои сохтмонӣ тавассути пурра сафарбар намудани техникаву таҷҳизот тибқи нақша ва дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро карда шаванд.
Айни замон дар иншоот барои иҷрои саривақтии корҳои сохтмону васлкунӣ ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст ва ба таъхир андохтани корҳо қобили қабул буда наметавонад. Дар баробари ин, хотиррасон месозам, ки вобаста ба хусусиятҳои иқлимии кишвар, бахусус, бориши барфи зиёди зимистон дар самти иҷрои корҳо ибтидои соли ҷорӣ қафомонӣ ба назар мерасид.
Аз оғози корҳои бунёди сарбанд дар бисёр самтҳо, аз ҷумла кашондану рехтани маводи пешдарғот ва баъзе қитъаҳои дигар ба ақибмонии корҳо роҳ дода шудааст. Аз моҳи ноябри соли 2016 то инҷониб дар пешдарғот, ки ҳаҷми лоиҳавии он 2,7 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад, танҳо 2 миллион метри мукааб ҷинсҳои кӯҳӣ хобонда шудаанд, ки ин ҳамагӣ 74 фоизи корҳоро ташкил медиҳад.
 Аз 56 номгӯй асбобҳои санҷишиву ченкунии пешдарғот 47 - тоаш васлу насб гардидааст. Бо дарназардошти хафви омадани селоба ва сангрезӣ дар фасли баҳор пешдарғот то ин давра пурра бояд омода бошад. Яъне пудратчии асосиро зарур аст, ки бо ҷалби техникаву таҷҳизоти ширкатҳои ватанӣ, ки анҷоми босифати корҳои пешдарғотро таъмин намуда истодаанд, сохтмони навбати аввали пешдарғотро мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида анҷом диҳад.
Роҳбарони Неругоҳи барқи обии Роғун, ширкати “Салини Ипреҷило” ва дигар ширкатҳои пудратӣ минбаъд низ бояд дар самти ҳалли масъалаҳои техникӣ, технологӣ ва сохтмонии марбут ба бунёди пурраи пешдарғот, нақбҳои сохтмонӣ ва дигар иншооти неругоҳ талаботи стандартҳои байналмилалиро риоя карда, корҳои нақшавиро бо сифати баланд иҷро намоянд.
Ҷараёни корҳое, ки барои ба истифода додани агрегатҳои аввал пешбинӣ шудаанд, назорати иловагӣ ва андешидани чораҳои фавриро тақозо менамояд. Аз ҷумла, дар қисматҳои алоҳидаи нақби сохтмонии якум корҳо бояд моҳи марти соли ҷорӣ ба анҷом расонда, дар нақби сохтмонии дуюм, ки тибқи қарордод бояд моҳи марти соли ҷорӣ ба ширкати “Салини Импреҷило” супурда мешуд ва барои пешгирии селоби соли ҷорӣ истифода мегардид, ақибмонӣ ба назар мерасад. Дар маҷмӯъ, 41 номгӯй чорабиниҳои барои бунёди нақбҳои сохтмонии 1, 2 ва 3 муайяншуда бо сабабҳои гуногун иҷро нагардидаанд.
Илова бар ин, корҳои кӯҳканӣ дар нақбҳои мазкур ва бунёди роҳҳои мошингард бояд ба таври ҷиддӣ ҷоннок карда шаванд. Инчунин, корҳои сохтмону васлгарӣ дар қисмати дарвозаҳои таъмириву садамавӣ ва шахтаи нақби сохтмонии сеюм тезонда, дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонда шаванд.
Таъкид менамоям, ки корҳои ҳимояи қабати намак ва маҷрои дарё барои васлу насби қубурҳои қабати муҳофизатии намак пурра оғоз нагардидаанд, ки боиси қафомонии корҳои дарғоти навбати аввал шуда истодааст. Ҳарчанд ки барои иҷрои корҳо дар ин қитъа ягон монеа вуҷуд надорад.
Барои ба истифода додани ду агрегати аввал бояд нақби сохтмонии сеюм пурра ба истифода дода, корҳои заминӣ ва бетонрезӣ барои таҷҳизоти агрегатҳо, толори мошинҳо ва трансформаторҳо, бинои хизматрасониву истеҳсолӣ бо насби таҷҳизоти зарурӣ ба анҷом расонда, нақбҳо ва роҳҳои мошингард барои навбати аввали сохтмони сарбанд то баландии 1100 метр ба истифода супурда, минтақаҳои зериобшавандаи обанбор то баландии зикршуда омода карда шаванд.
Проблемаҳои зикргардида ва дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро нашудани нақшаҳои пешбинишуда барои ба кор даровардани агрегати аввал то охири соли 2018 хавфи ҷиддӣ эҷод мекунанд. Бинобар ин, фармоишгари сохтмон ва ширкатҳои пудратиро зарур аст, ки бо мақсади сари вақт иҷро намудани нақшаҳои тасдиқгардида ва супоришҳои зикршуда корро ҷоннок намоянд.
Вазорату идораҳо, ҳамаи корхонаву муассисаҳо ва ташкилоту идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҳаллу фасли масъалаҳои зикршударо таъмин намоянд.
Ситоди ҷумҳуриявии сохтмон фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳо ва идораву муассисаҳои марбута, институтҳои тадқиқотиву лоиҳакашӣ, ширкати мушовир, пудратчии сохтмон ва фармоишгар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, иҷрои ҳатмии супоришҳои додашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Фармоишгари сохтмон масъалаи ҳамкорӣ ва назорати иҷрои корҳои пудратчиёнро тақвият бахшида, ба истифодаи техникаи замонавии сохтмон, ҷалби мутахассисони баландихтисоси ватанӣ, муҳандисони таҷрибадор, тарбияи кадрҳои ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи малакаву дониши онҳо эътибори ҷиддӣ диҳад.
Истифодаи самараноки техникаву таҷҳизот яке аз масъалаҳои муҳим дар раванди сохтмони неругоҳ ба ҳисоб меравад.  Дар айни замон дар корҳои сохтмони пешдарғот беш аз 330 мошину таҷҳизот, аз қабили автомашинаҳои боркаш ва экскаватору булдозерҳо мавриди истифода қарор доранд.
Ҳарчанд ки танҳо дар моҳҳои охир иқтидорҳои мавҷуда нисбатан пурра ба кор андохта шудаанд, вале ҳолати истифодаи техникаву таҷҳизот ҳанӯз ҳам беҳбудиро талаб мекунад. Зеро то имрӯз ҳамагӣ 75 фоиз мошину таҷҳизот истифода мешаванд ва дар баъзе мавридҳо як қатор мошину таҷҳизот пурра истифода намегарданд.
Бинобар ин, роҳбарони Неругоҳи барқи обии Роғун ва ширкатҳои пудратиро зарур аст, ки истифодаи пурраву самараноки таҷҳизоти мавҷударо дар се баст таъмин намоянд. Ҳамчунин, ситоди ҷумҳуриявии сохтмон масъалаи бе зарурат харидорӣ намудани таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва масолеҳи сохтмониро зери назорати қатъӣ қарор дода, ҳолатҳои аз истифода берун мондани таҷҳизоту маводро бартараф намояд.
Таҷрибаи сохтмони иншооти бузурги энергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Норак, нишон медиҳад, ки истифодаи хати конвейерӣ яке аз роҳҳои самаранок истифода бурдани маблағ ва техникаи сохтмонӣ дар бунёди сарбанд мебошад.  Аз аввали таҳияи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии Роғун низ барои бунёди пешдарғот ҳамин гуна технология пешбинӣ карда шуда буд.
Хотиррасон месозам, ки мутобиқи нақша чунин таҷҳизот бояд аз ҷониби ширкати “Салини Имперҷило” то охири соли 2017 пурра насб карда шуда, мавриди истифода қарор дода шавад. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти ширкатро зарур аст, ки корро дар самти воридоти таҷҳизоти конвейерӣ ва насби он ҷоннок намояд ва ба қафомонӣ дар ин самт роҳ надиҳад. Бунёди чунин иншооти тақдирсоз бояд бо усули маҷмӯӣ, яъне таъмини иҷрои корҳо дар ҳамаи самтҳо ба роҳ монда шавад.
Дар баробари корҳои асосии сохтмону васлкунӣ минтақаи зериобшаванда низ бояд омода карда шавад. Дар ин раванд, корҳо оид ба кӯчондани аҳолӣ ва муҳайё намудани шароити зарурии зист барои муҳоҷирон дар ҷойҳои нави зист бояд вусъат бахшида шаванд.
Махсус таъкид менамоям, ки як қисми роҳи Ваҳдат – Нуробод – Лахш моҳи феврали соли 2019 зери об мемонад. Аз ин рӯ, Вазорати нақлиётро зарур аст, ки аз имрӯз барои омода кардани роҳи таворавӣ дар ин минтақа чораҳои зарурӣ андешад. Ҳамчунин, барои бунёди шоҳроҳи мазкур, ки барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардуми минтақа зарур аст, корҳои роҳсозиро ҳарчи зудтар оғоз намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ дар баробари бунёди иншооти бузурги тавлиди неруи барқ ба таҷдиди иншооти энергетикии мавҷудаи кишвар эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Бояд гуфт, ки айни ҳол барои барқарор намудани иқтидори истеҳсолии неругоҳҳои амалкунанда, алалхусус, неругоҳҳои Норак. Қайроқум ва Сарбанд лоиҳаҳо омода ва корҳо оғоз ёфтаанд. Ин имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик иқтидорҳои нав ба кор андохта, талаботи афзояндаи аҳолии кишвар ва корхонаҳои саноатии нав ба неруи барқ қонеъ гардонда шавад.
Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдори давлатӣ доир ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи барқ, кам намудани талафоти он ва ташкили низоми мукаммали идоракунии тақсимоти мутавозини барқ якчанд лоиҳаро амалӣ гардонда истодаанд.
Барои бунёд, таҷдид ва барқарорсозии иқтидорҳои нав дар кишварамон маблағҳои зиёди буҷети давлатӣ, кумаки беруна ва сармояи хусусӣ равона карда шудаанд ва зарур аст, ки ин маблағҳо мақсаднок ва самаранок истифода карда шаванд. То имрӯз барои сохтмон ва барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Роғун зиёда аз 12 миллиард сомонӣ маблағ хароҷот шуда, соли ҷорӣ дар буҷети давлат 1,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҷиҳати дарёфти дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ Ҳукумати мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешида истодааст.
Бояд таъкид намуд, ки вазифаи асосии Ҳукумат дар солҳои наздик ба таври устувору доимӣ таъмин намудани ҳамаи истеъмолкунандагон бо неруи барқ мебошад ва мо бояд ин вазифаро ҳатман иҷро намоем.
Итминони комил дорам, ки ҳамаи шумо - муҳандисону мутахассисон ва сохтмончиён бо азму иродаи матин ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷрои саривақтиву босифати корҳои минбаъдаро сарбаландона таъмин мекунед.
Шумо, фарзандони бонангу номуси Ватан - мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос ва ҳамкорону шарикони гиромӣ, барои наздик овардани рӯзи таърихии ба кор андохтани ин иншоот шабонарӯз заҳмат кашида истодаед ва натиҷаи заҳмату фаъолияти шуморо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон интизоранд.
Ба ҳамаи шумо дар ин ҷода барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2017    №: 95    Мутолиа карданд: 210
21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт

Сулҳи тоҷикон – воқеаи нодири таърихӣ

Намоиши аксҳо дар бораи дастовардҳои ваҳдати миллӣ

16.06.2017


Ҷаласаи гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор шуд

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони ширкати Moody’s Investors Service

Баррасии масоили густариши равобити фарҳангӣ

Масъалаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон матраҳ гардид

ЛАХШ. БУНЁДИ ХОНАҲО БАРОИ ЗАРАРДИДАГОН

Ҷаҳон дар як сатр

Владимир Путин 4 соат ба саволҳо ҷавоб дод

Дар СММ раёсати мубориза бо терроризм созмон ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед