logo

иқтисод

ВАНҶИ БОЛО. НЕРУИ БАРҚ НЕРУИ ЗИНДАГИСТ

Дар  арафаи Иди  Ғалаба  Неругоҳи    барқи обии  “Техарв” - и ноҳияи  Ванҷ  баъди   таъмири  асосӣ  аз нав  ба  кор  даромад. Ин  имкон  дод,  ки  600  хоҷагии  Ванҷи  Боло  ба  барқи  хушсифат    дастрасии доимӣ пайдо  намояд.

Абдулло  Амонбеков, масъули  ширкати “Помир энержи”  доир  ба робита  бо ҷомеа, ба хабарнигори “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ки азнавсозии неругоҳ  соли  гузашта  оғоз  гардида, мувофиқи  нақша, он бояд  моҳи  феврали соли равон  мавриди истифода қарор  мегирифт. Вале боришоти  имсола, махсусан дар минтақаи Ванҷи  Боло,  барои сари  вақт  анҷом  додани  корҳои  барқарорсозӣ  дар  неругоҳ  монеа эҷод  намуд. Ба гуфтаи  А. Амонбеков,  неругоҳи   “Техарв”,  ҳамчунин,  ба  шабакаи  асосии  барқии  Ванҷу  Дарвоз  пайваст карда  шуд. Бо  ҳамин  масъалаи  таъминоти   аҳолии  Ванҷи  Боло - як гӯшаи  дурдасти  кишвар  бо  барқи  хушсифату  боэътимод  пурра  ҳал  гардид.
Дар  мавсими  зимистони  имсола  Неругоҳи   барқи  обии  “Андарбак” , ки  дар   Ҷамоати  деҳоти   Язгуломи  ҳамин  ноҳия  қарор  дорад, низ  баъди  таъмири  асосӣ  бо  иқтидори  350 кВт ба  истифода  дода  шуда буд. Иншооти  асосии ин  неругоҳҳои  хурд  тобистони  соли  2015  дар  асари  фаромадани  сел зарари  калон  дида,  корҳои  барқароркунӣ бо   маблағҳои  “Помир  энержи”   ба анҷом  расонда  шуданд.
 Ҳоло  корҳои  сохтмонӣ  дар  неругоҳи  хурди  барқи  обии  “Мотравн”  (иқтидори  лоиҳавиаш  300  кВт), воқеъ   дар  Ҷамоати  деҳоти   Язгуломи  ноҳияи  Ванҷ, ки  дар  доираи ҳамкориҳои  иқтисодӣ байни   Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва   Ҷумҳурии Корея  бунёд меёбад,  дар  марҳилаи  анҷомёбӣ  қарор доранд. Тибқи  нақша,  неругоҳи хурди  “Мотравн”   дар   остонаи  Ҷашни 20 - солагии  Ваҳдати  миллӣ  мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  дода  мешавад.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2017    №: 96    Мутолиа карданд: 298

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед