logo

фарҳанг

БАР ЛАБИ ДАРЁ БИЁ

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди фарҳанг, аз ҷумла санъат, ки Шашмақом қисмати таркибии он аст, беш аз пеш диққат дода, барои такомули эҷодӣ ва сайқали маҳорати шашмақомхонҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунад. Ҳамасола 12 май таҷлил гардидани Рӯзи Шашмақом далели ин гуфтаҳост. Дар ин иртибот мусоҳибае таҳия кардем бо Сабоҳат Наҷмиддинова, бонуе, ки бо ҳунари волои худ қариб се даҳсола инҷониб қалби ҳазоронро тасхир месозад. 
- Сабоҳатбону, воқеаи соли 1981 дар хотиратон ҳаст?
- Мулоқот бо устодони зиндаёд Аҳмад Бобоқулову Зиёдулло Шаҳидӣ ва Аслиддин Низомовро дар назар доред? Ҳа, албатта. Имрӯз ман дарк мекунам, ки чӣ бахте насибам гашта будааст. Аммо он вақт...
Ман дар синфи ҳафтуми мактаби № 65 - и пойтахт мехондам, ки рӯзе онҳо ба мактабамон омаданд. Ба ифтихори меҳмонҳо аъзои маҳфили ҳаваскорони санъат консерт доданд. Ман ҳам суруд хондам. Вақте онро тамом кардам, Аҳмад Бобоқулов маро, ки хурдакаку назарногир будам, бо чеҳраи шукуфта рӯйи даст бардошта “Офарин” гуфтанд. Сипас гуфтанд, ки бо ин овоз ман бояд Шашмақом хонам.

- Шумо он вақт Шашмақом намехондед?
- Не, толибае, ки ба ҳаваси кӯдакӣ сурудҳои муқаррарии бачагона мехонд, куҷою Шашмақом куҷо. Барои ҳамин чун Аслиддин Низомов, ки он вақт мудири кафедраи мусиқии шарқи Донишкадаи санъат буд, баъди чанд рӯз бо падару модарам дар ин бора суҳбат доштанд, ман тарсамро пинҳон накарда гуфтам, ки аз уҳдаи шашмақомхонӣ намебароям. Низомов гуфтанд, ки ин маҷбурӣ нест ва метавонам ҳафтае ду - се маротиба дар машғулиятҳои Шашмақом қатори донишҷуён иштирок кунам, баъд ба ягон хулоса омадан мумкин. Ҳамин тавр, мани хонандаи мактаб баъди дарс ду сол ба донишкада мерафтам ва худ бехабар мондам, ки чӣ гуна олами сеҳрноки Шашмақом маро ба худ кашид. Ин, пеш аз ҳама, хизмати устод Алмос Абдуллоев буд.

- Шуморо  шогирди  ду  абаршахси  фарҳанг- Боймуҳаммад  Ниёзов ва Барно Исҳоқова мехонанд...
- Ин устодон дар такомули ҳунари ман заҳмати зиёд кашидаанд, ки як умр миннатдорам. Расман ман чор соли донишҷуӣ сабақ аз устод Боймуҳаммад Ниёзов гирифтаму дар курси охир бошад, аз Барно Исҳоқова. Дар асл ин ҳама солҳо баъди машғулиятҳо боз ба хона Барно - апа мерафтаму он кас бо ман ба таври иловагӣ машғул мешуданд.

- Сабоҳат бори нахуст бо суруди “Бар лаби дарё биё” вирди забони мардум шуд. Ин ҷо метавон изҳори ҳайрат ҳам кард. Зеро суруди мазкур аллакай дар иҷрои Боймуҳаммад Ниёзов ва Барно Исҳоқова миёни мардум машҳур шуда буд. Ва ғайричашмдошт ба ин нодиракории эътирофшуда донишҷӯи навмашқ даст мезанад!
- Ҳангоми ба машқи ин суруд шурӯъ карданам устодам роҳбари ансамбли шашмақомхонҳо буданд. Суруданам ба он кас ниҳоят писанд омад. Пас аз чанд рӯз гуфтанд, ки бароям туҳфае тайёр кардаанд. Гумон доштам ягон китоб ё худ атр. Аммо он кас маро рост ба хонаи радио бурданд. Он ҷо ҳамроҳи ансамбли шашмақоми телевизион ҳамин суруди “Бар лаби дарё” - ро сабт намудем. “Духтарам, шумо ба ин суруд нуқта гузоштед. Аммо аз ин боз наёзед”, - бо оҳанги ҳам ситоишу ҳам насиҳат гуфтанд сарамро ба осмон расонда. Зеро ин баҳое буд, ки мани навмашқ ба он бояд баъди 10 - 15 соли хизмат ба Шашмақом сазовор мешудам. Баъди пахши ин суруд ба шарофати “туҳфа”, аниқтараш фотеҳаи падаронаи он кас, ман ба олами санъати касбӣ роҳ ёфтам.

- Тақдир Шуморо боз бо як чеҳраи тобноки санъати тоҷик Зебо Аминзода, ки тавассути ансамбли “Зебо” дар рақси миллӣ таҳаввулот ба амал овард, ошною ҳамкор сохт.
- Бале, баъди хатми донишкада роҳхат ба ансамбли рақсии “Лола” доданд. Зебо Аминзода он вақт дар Кумитаи радио ва телевизион кор мекарду ба гуфтаи худашон маро соле пеш таги чашм карда будаанд. Дар курси чорум ман дар озмуни сарояндаҳо барои ансамблҳои кумита иштирок кардам ва суруди “Чоргоҳ”- и хондаам писандашон омадааст. Барои ҳамин ба ҷои “Лола” ба “Зебо” оварданд, ки он ҷо ҳангоми рақси духтарҳо сурудҳои классикӣ мехондам.
Шахси бисёр ҷуяндаю навоваранд. Як мисол. Духтаронашон бо суруди “Чоргоҳ” дар иҷрои Барно Исҳоқова мерақсиданд. Дар асоси ин суруд як композитсияи комилан нав таҳия карда ба ман гуфтанд, ки сурудашро ман мехонам. Рақсу суруд ончунон зебою ҷолиб баромад, ки дар ҳар консерте, ки ансамбл медод, тамошобинон “Чоргоҳ”- ро талаб мекарданд. Дар як соли ҳамкорӣ ман аз ин инсони наҷиб бисёр чизҳоро омӯхтам.   

- Зимнан, матни кулли сурудҳоятон, ки тору пудаш ишқ аст, аз классикон бошаду ҳамзамон ба оҳангҳои Шашмақом шеърҳои шоирони муосирро низ мехонед. Шумо онҳоро чӣ тавр интихоб мекунед? Шояд маслиҳатгаре доред?
- Дуруст зикр кардед, ки дар эҷодиёти ман шеърҳои классиконамон мавқеи асосӣ доранд. Ва гумон мекунам сабабаш ҳоҷат ба шарҳ надорад. Шеърҳои шоирони муосир низ бояд тараннуми ишқи пок, садоқат, арҷгузорӣ ва хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, дӯстию рафоқат, меҳрубонӣ ба ҳамдигар кунанд, ки дар маҷмӯъ меҳру муҳаббат ба Ватананд.

- Имрӯз Шумо, Сабоҳатбону, бо лаҳни нарму гуворо ва услуби хоса миёни ихлосмандони шеъру навои шево маҳбубияти зиёд доред. Шашмақом барои Шумо воситаи баёни сӯзишу ниёиши дил, изҳори муҳаббату самимият, таскини рӯҳ аст, ё боз ягон бардошти дигаре доред?
- Шашмақом баҳри бекаронест, ки барои ба умқи он фурӯ рафта дурдоначинӣ кардан 20 - 25 сол ҳунари ғаввосӣ бояд омӯхт. Шашмақом фалсафаи зиндагист, ки ҳамидатарин арзишу сифатҳои инсониро илқо менамояд. Шашмақом пайванди калому навои нобест, ки аз дил ба дил раҳ мегирад. Дар зиндагӣ ҳама давлату дороии ман, ки оила, устодон, дӯстону мухлисон мебошанд, аз шарофату баракати Шашмақом аст. Хоса бузургтарин устодони Шашмақом, ки ҳар чи ёд гирифтам, хизмати онҳост.
Аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Раҳбари санъатпарвар сипосгузорам, ки барои рушди Шашмақом  тадбирҳои  бесобиқа меандешанд, обрӯи эътибори онро ба сатҳи ҷаҳонӣ бардоштаанд. Ин ҳама моро  водор  мекунад, ки барои такомули  бештари он, парвардани  завқи  баланди мусиқии ҷомеа  ҷидду ҷаҳд намоем, истеъдодҳои        навро пайдо ва тарбият намоем.      
Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2017    №: 96    Мутолиа карданд: 549

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед