logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Ифтитоҳи мактаби рақами 9 дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагӣ ва дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳ ва самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Дар заминаи сиёсати бунёдкорона Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Сангтӯдаи Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9, боз як мактаби наву замонавӣ дар мамлакат, ки аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шудааст, расман оғоз бахшиданд.
Мактаби наву замонавӣ барои 1320 ҷойи нишаст дар 2 баст пешбинӣ шуда, аз 20 синфхона, толори навбунёди варзишӣ, китобхона бо ҳазорҳо нусха китоби таълимиву бадеӣ ва китобхонаи муосири электронӣ бо 25 компютер, толори фарҳангӣ бо беш аз 200 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишӣ барои футбол, волейбол ва баскетбол ҳамзамон, барои такмили лаёқати хонандагон синфхонаҳои таълимӣ - истеҳсолӣ, аз ҷумла синфхонаҳои дӯзандагиву қаннодӣ, синфхонаи коркарди чӯбу тахта, ошхонаи замонавӣ барои 60 нафар дар як вақт, ҳамчунин, аз утоқи хизматрасонии тиббӣ иборат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи расмии ин даргоҳи таълимӣ, бо шароити мактаб, синфхонаҳо ва утоқҳои таълимию истеҳсолӣ шиносоӣ пайдо карданд. Дар рафти боздид аз шароити мактаби наву замонавӣ Сардори давлат бо устодону толибилмон суҳбат ороста, ҷиҳати омӯзиши илмҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ба онҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар доираи татбиқи ҳадафҳои рушд, аз ҳисоби буҷети давлат бо харҷи бештар аз 16 миллион сомонӣ дар давоми 18 моҳ аз рӯи нақшаи мукаммал, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шудааст ва 68 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Баъди ифтитоҳи бинои мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо омӯзгорону хонандагон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара, оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани сатҳи таълиму тарбия, ҷалби фарзандон ба таҳсил андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки дар замони истиқлолият дар ноҳияи Данғара аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 40 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст. Танҳо соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 8 муассисаи нави таълимӣ бо 1670 ҷойи нишаст ба истифода дода, ҳамаи муассисаҳои таълимии зикргардида бо таҷҳизоти зарурии таълим ва шароити муосир таъмин карда шуданд.
Устодону хонандагони мактаб ба Сарвари давлат барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

Дар Хуррамзамин мактаби нав қомат афрохт
12 май дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 иштирок намуданд.
 Ин муассисаи нави таълимӣ маҳз дар доираи дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзмарраи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамин бунёд шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ расман ба фаъолияти мактаби нав оғоз бахшида, ҳамаи омӯзгорону шогирдон ва падару модаронро ба муносибати ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат самимона табрик гуфтанд ва ба тарбиятгирандагони он дар ҷодаи азхудкунии донишҳои муосир комёбиҳо орзу намуданд.
Сохтмони мактаби нав дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат моҳи октябри соли 2015 оғоз гардида, пеш аз муҳлат дар ин рӯзҳои баҳорӣ анҷом дода шуд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 15 миллион сомонӣ ва тарҳу услуби нотакрори сохтмонию меъморӣ бунёд гардид. Бинои мактаб аз қисматҳои алоҳидаи ду ва сеошёна иборат буда, 24 синфхона дорад ва бо назардошти кабинетҳои фаннӣ барои 560 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои алоҳида ва толору маҷлисгоҳҳои мактаби нав бо корҳои сохтмонӣ ва шароити муҳайёшуда, шинос гардида, ба сифати корҳо, ки аз ҷониби ширкату иттиҳодияҳои сохтмонии ватанӣ анҷом дода шудаанд, баҳои баланд доданд. Дар ҳар толору синфхонаҳои мактаби нав истиқболи Пешвои миллат самимӣ ва шукӯҳманд буд.
Дар мактаби нав ҳафт кабинети фаннӣ, аз ҷумла кабинети физика, химия, биология ва касбомӯзӣ барои духтарону писарон амал менамояд, ки дорои таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири илмомӯзию касбомӯзӣ мебошанд. Толори ҳунаромӯзӣ барои духтарон бо таҷҳизоти муосири дӯзандагӣ таъмин карда шудааст ва хоҳишмандон метавонанд дар ин ҷо нозукиҳои атласу адрас ва қолинбофиро аз худ намоянд.
Дар мактаби сохти нав, ҳамчунин, синфхонаҳои компютерӣ, лингофонӣ ва кабинети инкишофи кӯдак барои наврасони синни томактабӣ бунёд шудааст, ки аз таҷрибаҳои самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.
Толори барҳавои варзишӣ барои зиёда аз 180 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои 200 ҷой, ошхона барои 60 нафар ва китобхонаю толори хониши электронӣ барои 32 нафар аз бартариятҳои дигари ин мактаби нав мебошанд, ки мавҷудияти онҳо барои аҳолии мактабхони деҳаи Хуррамзамин аз навгониҳои азими давраи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб мераванд.
Барои мусоидат ба раванди баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои омӯзгорону хонандагон дар мактаб аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти ёрирасони дохили бино, аз қабили нуқтаҳои санитарию гигиенӣ, душхонаҳои толор ва майдонҳои варзишӣ, инчунин, иншооти ёрирасони беруни бино, ба мисли буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда сохта ба истифода дода шудаанд. Таҷҳизоти гармидиҳанда, имконият дорад, ки дар фасли сармо тамоми мактабро бо истифода аз ангишт бо гармӣ таъмин намояд.
Мактаби нав дорои майдонҳои хурду бузург барои бозиҳои варзишии алоҳида дар фазои кушод, аз қабили футболу волейбол, баскетбол ва намудҳои варзиши ором буда, барои машғулиятҳои ҳарбӣ майдони алоҳидаи дигар пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо тарҳи сохтмони бинои асосии мактаб, синфхонаҳо, кабинетҳои фаннӣ, маҷлисгоҳ, толору майдонҳои варзиш ва дигар иншооти хизматрасон ба масъулини дахлдор дастур доданд, ки бо назардошти афзун будани шумораи аҳолии деҳот лоиҳаи сохтмони бинои таълимии иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 - ро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Дар саҳни бинои мактаби нав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, бори дигар аз дастгирию таваҷҷуҳи доимӣ ба соҳаи маориф ва ҷалби насли ҷавону наврас ба донишомӯзию азхуднамоии забонҳо ва технологияи муосир ёдовар шуданд.


Шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара»
12 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Исмат Шарифов ва бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм шинос шуданд.
Дар давоми солҳои 2001 - 2016 дар ноҳияи Данғара бо ҷалби сармоя дар доираи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» дар ду марҳила 4248,5 га замин обёрӣ ва аз худ карда шудааст, ки аз ин солҳои 2001 - 2006 марҳилаи якум - 2500 га ва солҳои 2008 - 2016 марҳилаи дуюм 1750 гектарро фаро гирифта, маблағи умумии корҳои иҷрошуда 42,0 миллион доллари ИМА мебошад. Татбиқи навбати дуюми лоиҳа дар муҳлати муайяншуда амалӣ гардида, барои киштукори пахта, зироатҳои полизӣ ва бунёди боғу токзор пешбинӣ шудааст. Истифодаи самараноки заминҳои обӣ кафолати таъсиси зиёда аз 6000 ҷои корӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва афзоиши ҳосилнокии меҳнат мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм солҳои 2008 - 2016 амалӣ гардида, лоиҳаи марҳилаи якум солҳои 2001 - 2006 - ро дар бар мегирад ва ҷамъи заминҳои азхудкардашуда ва обёрӣ гардида дар ду марҳила зиёда аз 4200 гектарро ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки марҳилаи 3 - юми татбиқи лоиҳаи “Обёрии заминҳои водии Данғара” аллакай оғоз гардида, дар соли 2017 маблағи 381,4 ҳазор доллар ИМА ва аз аввали марҳила бошад, 2849,2 ҳазор доллар ИМА аз худ карда шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳаи марҳилаи сеюм аз худ намудани 1750 га заминҳои нав дар назар аст, ин имконияти таъсиси боз 8 ҳазор ҷойи нави кории иловагиро фароҳам меоварад.
Дар доираи Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ дар ноҳияи Данғара корҳои тоза намудани 21 километр каналҳои ирригатсионӣ ва 15 километр заҳбуру заҳкашҳо ба маблағи 2,4 миллион сомонӣ ба нақша гирфта шуда, айни замон ба маблағи 2,1 миллион сомонӣ корҳо ба иҷро расонда шудаанд.
Инчунин, корҳои барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ ба дарозии 9,6 километр, ғалақа (задвижка) 10 адад, қубури обпарто  44 адад, чоҳҳои оҳану бетонӣ 24 адад ба маблағи 3,7 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то 1 апрели соли ҷорӣ ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ корҳо ба анҷом расонда шудаанд.
Дар баробари ин, аз ҳисоби лоиҳаи мазкур корҳои барқарорсозии шабакаҳои обрасон, дарвозаҳои обтақсимкунанда, чоҳҳои амудӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза намудани ҷӯйборҳои обрасон тариқи дастӣ ба маблағи 7,6 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ва нимаи аввали соли 2018 амалӣ хоҳанд гашт.
Бояд таъкид кард, ки дар доираи Барномаҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 - 2009 ва 2010 - 2014 дар ноҳияи Данғара ба маблағи 756 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ гузаронда шуда, ҳолати ғайриқаноатбахши 739 га заминҳо беҳтар карда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» марҳилаи дуюм ба сифати корҳои анҷомдодашуда, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ба роҳбарияти вилоят, ноҳия ва масъулони дахлдори соҳа барои татбиқи саривақтӣ ва босифати марҳилаҳои ниҳоии обёрӣ ва азхудкунии заминҳо, истифодаи самараноки об ва ҳар қитъа замини обёришуда, техникаю таҷҳизоти таъйиноти мелиоративию кишоварзӣ, тақвияти корҳои беҳдоштии кишоварзӣ ва дигар масоили рӯзмарра дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Канали “Водии Данғара - 3” ба истифода дода шуд
Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ канали “Водии Данғара - 3” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ҳадаф аз бунёди иншооти муҳими обрасонӣ баланд бардоштани сатҳи истеҳсолоту иқтисодиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устувор намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, беҳтар намудани некуаҳволии сокинони деҳот ва гирду атрофи он мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани канали «Водии Данғара» дар суҳбат бо сокинони ноҳия таъкид намуданд, ки дурнамои натиҷаҳои ниҳоии марҳилаи сеюми лоиҳа боманфиат мебошад, зеро баъди татбиқи пурраи лоиҳа 1700 гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳосилнокӣ боло хоҳад рафт. Ҳамчунин, истифодаи самараноки заминҳои обӣ барои таъсиси зиёда аз 5000 ҷойи корӣ мусоидат менамояд.
Ҳаҷми маблағи Лоиҳаи обёрии заминҳои водии Данғара беш аз 33 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз ин 4,1 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15,8 миллион доллар қарзи Бонки исломии рушд ва 13,8 миллион доллар маблағҳои Фонди Кувайт мебошад.
Фармоишгар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ идораи сохтмони рақами 4 «Душанбесохтмон» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Алем Трансстрой» - и Ҷумҳурии Қазоқистон ва машваратчии лоиҳа ширкати Консолидейтид Консалтантси Урдун мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2001 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара», ки масоҳати 6000 гектар заминро дар бар мегирад, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.
Марҳилаи сеюми лоиҳа моҳи майи соли 2013 оғоз гашта, имрӯз ба итмом расид ва масоҳати он 1700 гектарро дар бар мегирад. Канали «Водии Данғара - 3» бо дарозии 39 километр ва иқтидори обгузаронии 28 метри мукааб - сония барои обёрӣ намудани заминҳои марҳилаи 2 ва марҳилаи 3, инчунин, дар оянда обёрӣ намудани заминҳо пешбинӣ шудааст. Лоиҳа дар қисми ғарбу ҷануби Тоҷикистон, қад - қади ҳавзаи дарёи Вахш, массиви Данғара, тақрибан 120 километр аз ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Дарозии массив 28 километр буда, бараш 10 километрро ташкил медиҳад.
Мувофиқи нақша оянда дар ин заминҳо дар масоҳати 900 гектар пахта, дар майдони 300 гектар ғалладона, дар 100 гектар сабзавот кишт карда шуда, 100 гектар барои омода кардани хӯроки чорво ва 300 гектар барои бунёди боғ истифода карда мешавад.
Татбиқи пурраи ин лоиҳа дар маҷмӯъ барои обёрии заминҳои нав, рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум равона гардидааст.


Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ноҳияи Данғара
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди иқтисодиёти кишвар ва пешрафти соҳаи саноат барои бунёди як коргоҳи нав - Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ санги асос гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшида, ба талошҳои ҷавонмардони ватанпараст баҳри пешрафту шукуфоии мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои арзанда доданд.
Иқдоми бунёди корхонаи нав ба хотири дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати ватанӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “КМ МУОСИР”  ба роҳ монда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди коргоҳи нави саноатӣ иттилоъ дода шуд, ки корхона бо сарфи беш аз 15 миллион доллари ИМА бояд дар муддати якуним сол  бунёд гардад.
Иқтидори солонаи он 20 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ буда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхона 150 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки аз чор минтақаи озоди иқтисодии кишвар якеаш дар ҳудуди ноҳияи Данғара мавҷуд буда, фаъолияти пурсамару гуногунҷанбаи корхонаҳои ҳудуди он дар роҳи муаррифии иқтидори саноатии мамлакат ва истеҳсолу содироти маҳсулоти мухталиф саҳми сазовор мегузорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону сохтмончиёнро ба иҷрои корҳои босифати сохтмонӣ ҳидоят намуданд.
Дар ноҳияи Данғара, ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмону азнавсозии роҳҳои маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия шинос шуданд.
Тавре маълум гардид, корҳоро коргарону мутахассисони ширкати ватанӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Роҳи тоҷик” анҷом медиҳанд. Дар минтақаи мазкур, ки корҳо аз соли 2016 оғоз гардида буд, аллакай 8 километри роҳ мумфарш шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо намояндагони ширкати роҳсозӣ маслиҳат доданд, ки дар вақти сохтмон ба сифати корҳои бунёдӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2017    №: 96    Мутолиа карданд: 292

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед