logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара, 12 майи соли 2017

Устодону омӯзгорон ва фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар марҳалаи сифатан нави рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, ки аз ҷумлаи омилҳои муҳимтарини мутобиқсозии инфрасохтори соҳаи маориф ба талаботи ҷаҳони имрӯза маҳсуб шуда, барои бедор кардани завқи наврасону ҷавонон ба омӯзиши илму дониш нақши асосӣ доранд, торафт вусъат пайдо карда истодааст.
Дар ин раванд, боиси қаноатмандист, ки дар баробари ғамхориву дастгириҳои давлатӣ нисбат ба мактабу маориф таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаи кишвар низ ба тақдири насли ояндасоз торафт бештар гардида, мардум ҷиҳати ба камол расондани ворисони воқеии Ватану миллат ба таълиму тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ дода истодаанд.
Умуман, бояд гуфт, ки дар фарҳанги мардуми мо таваҷҷуҳ ба омӯзиши илму дониш ва эҳтироми устоду омӯзгор аз қадим мавқеи хоса дорад. Зеро болоравии фарҳангу маънавиёт ва тарбия намудани ворисони ҳақиқии давлату миллат, дар навбати аввал, аз фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ҳамчун ниҳоди муҳими ҷомеа ва заҳмати содиқонаи устодону омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар вобаста мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир аксари бузургони миллати мо ҳамчун шахсиятҳои соҳибмактаб эътироф шуда, осори ахлоқиву тарбиявии онҳо ба ганҷинаи фарҳанги башарӣ ворид гардидааст.
Ҳукумати мамлакат ҳамаи талоши худро ба он равона кардааст, ки мактаби муосир дар баробари пайдо кардани симои нав, инчунин, имконияти афрӯхтани нури илму маърифат ва густаришу тавсеа бахшидани ахлоқи ҳамидаи инсониро дар қалби фарзандонамон дошта бошад. Зеро рисолати асосии мактаби замони истиқлолият ба воя расондани насли бедорфикру босавод ва ватандӯсту худогоҳ мебошад ва мо ба хотири амалӣ гардондани ин ҳадаф марҳала ба марҳала чораҷӯӣ карда истодаем. Аз ҷумла, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат то имрӯз барои ба талаботи даврони соҳибистиқлолӣ мутобиқ гардондани мазмуну мундариҷаи таҳсилот якчанд марҳалаи ислоҳот татбиқ гардида, низоми идоракунии соҳа ва нақши мактабу маориф дар пешрафти ҷомеа ба шакли нав ба роҳ монда шуд.
Дар ин давра, бо мақсади рушди бомароми соҳаи маориф якчанд барномаи давлатӣ қабул ва татбиқ карда шуда, аз ҷумла соли гузашта ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия бо қарори Ҳукумати мамлакат Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 - 2021 қабул карда шуд.
Ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара, ки дуюмин мактаби навбунёди имрӯз ба истифодаи насли наврас супоридаи мо дар ҳудуди ноҳия мебошад, натиҷаи ғамхориву дастгирии Ҳукумати мамлакат ба кӯдакону наврасон, яъне насли хушиқболи замони истиқлолият ба шумор меравад.
Мактаби имрӯза 560 нафар наврасони ин маҳали хушманзари ноҳияро ба таҳсил фаро мегирад ва дорои шароити беҳтарини таълимӣ мебошад. Бинобар ин, ҳамаи омӯзгорону шогирдон ва падару модаронро ба муносибати ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат самимона табрик гуфта, ба тарбиятгирандагони он дар ҷодаи азхудкунии донишҳои муосир комёбиҳо орзу менамоям.
Мардуми ноҳияи Данғара табиатан китобдӯсту маорифпарвар буда, ба омӯзиши илму дониш рағбати зиёд доранд. Дар бисёр сарчашмаву манбаъҳои таърихӣ ин мавзеъ аз ҷумлаи минтақаҳои хеле қадимаи мардуми тоҷик муаррифӣ шудааст. Дар ҳудуди ноҳия мавҷуд будани оромгоҳи олимону орифони маъруф гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад. Чунонки медонед, соли гузашта баъди таваққуфи бистсола расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох», ки бо хусусияти ҷойгиршавӣ ва тарзи фаъолияти худ дар ҷаҳон беназир мебошад, барқарор ва бо таҷҳизоти муосиртарини соҳа таъмин карда шуд.
Ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз дастгирии илму маориф аз он иборат аст, ки барои тақвияти неруи инсонӣ ҳамчун арзиши муҳимтарини ҷомеа ва рушди илмҳои бунёдӣ таҳкурсии мустаҳкам гузошта шавад. Зеро осори гаронбаҳо ва кашфиёти олимону донишмандони гузаштаи мо дар илмҳои гуногун аз ҷониби ҷаҳониён эътироф шуда, миллати тоҷик дар ғанӣ гардондани тамаддуни башарӣ саҳми арзишманд гузоштааст.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо кӯшиш мекунем, ки наслҳои навраси мо хуб таҳсил намоянд, соҳиби касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи замонаи пешрафта гардида, рушди ояндаи давлату миллати худро таъмин карда тавонанд.
Дар робита ба ин, як далели воқеиро хотирнишон месозам. Мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО имрӯз дар дунё 57 миллион нафар кӯдакон имконияти таҳсил кардан надоранд ва 25 миллион нафар кӯдакони синни аз 6 то 15 - сола бо сабаби низоъҳои мусаллаҳона дар 22 кишвари олам аз имконияти мактабравӣ маҳруманд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ноҳияи Данғара аз ҷумлаи ноҳияҳои калонтарини аграрӣ буда, ҳоло бо мақсади табдил додани он ба ноҳияи саноативу аграрӣ бунёди як силсила корхонаҳои саноатӣ босуръат идома дорад, ки барои таъмин намудани фаъолияти муназзами онҳо дар солҳои наздиктарин ҳазорҳо нафар кадрҳои баландихтисос заруранд.
Бо дарназардошти таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва дар заминаи он бунёд гардидани корхонаҳои хурду калон, аз қабили корхонаҳои сементу шишабарорӣ, конструксияҳои металлӣ, коркарди нафту газ, пахта, калобаресӣ, кешбофӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти чорво зарурати тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ пеш омадааст.
Дар баробари ин, таъсиси корхонаҳои саноатӣ яке аз роҳҳои беҳтарини кам кардани сатҳи бекорӣ, бо шуғл таъмин намудани сокинони маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.
Устодон ва омӯзгорони муҳтарам!
Дар раванди таълиму тарбияи насли наврас мо бояд ба проблемаҳои асосии мактабу маорифи имрӯза, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҳар чи беҳтар ҷалб намудани таваҷҷуҳи волидайн ба донишандӯзии фарзандон ва риояи талаботи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” диққати махсус диҳем.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам як масъаларо ҷиддӣ таъкид намоям. Мактаби имрӯза вазифадор аст, ки бо дарназардошти таъминоти пурраи воситаҳои таълиму тарбия на танҳо ба донишомӯзӣ, балки ба ахлоқу рафтори насли ҷавон аҳамияти асосӣ диҳад. Яъне, устодону омӯзгорон бояд ба хушахлоқӣ, покизагии забони хонандагон, санъати сухан ва ҳисси зебоипарастии ҷавонону наврасон, яъне масъалаи дарки сухан, тарзи баёни фикр ва одоби муошират эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Насли ҷавони миллати мо бояд бо забони модарии худ ифтихор дошта бошад ва фаромӯш накунад, ки бо забони шевои тоҷикӣ танҳо панду андарз, шеъру ғазал ва сухани зебо гуфтану шунидан ҷоиз аст.
Чанд сол пеш бо мақсади баланд бардоштани нақши падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва мушаххас намудани ҳуқуқу уҳдадории тарафҳо дар таълиму тарбияи насли ҷавон қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шуд.
Гузашти начандон зиёди вақт собит намуд, ки қабули чунин як санади меъёрии ҳуқуқӣ иқдоми саривақтиву зарурӣ буда, ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт мусоидат намуда истодааст.
Бо истифода аз фурсат ба падару модарон, ки дар ин ҷо ҳузур доранд, иброз менамоям, ки баъд аз сари инсон аз амалҳои савобе, ки аз ӯ ёдгор мемонад, беҳтаринаш тарбияи фарзанди боилму босавод аст, ки фоидааш ба мардум мерасад ва ин амали инсон баробар ба таълифи як китоби пурмазмун мебошад.
Маълум аст, ки табиатан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар дар оила аввалин таҷрибаест, ки дар зеҳни кӯдак нақши доимӣ пайдо мекунад ва таъсири он дар зиндагии инсон тамоми умр боқӣ мемонад. Зеро оила сутуни ҷомеа ва давлат буда, Ҳукумати мамлакат муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ташаккули ин ниҳоди муҳимро яке аз вазифаҳои асосии худ меҳисобад ва барои таъмини шароити сазовори зиндагӣ ва ба камол расондани насли босаводу ояндасоз аз тамоми имкониятҳо истифода мекунад.
 Дар навбати худ, падару модарон низ бояд аҳамияти масъалаи мазкурро дуруст дарк намуда, бо мактабу омӯзгор ҳамкории доимӣ дошта бошанд ва ба тарбияи фарзандони худ ҷиддӣ машғул шаванд.
Дар охир бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи мактаби нав табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки дар чунин мактабҳои муҷаҳҳазу замонавӣ наслҳои босаводу хушахлоқ ва донишманду бофарҳанг ба воя мерасанд ва барои Ватану миллати худ содиқона хизмат мекунанд.
Ҳамеша саломату саодатманд бошед, ҳамдиёрони гиромӣ ва фарзандони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2017    №: 96    Мутолиа карданд: 83

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед