Хабарҳо
Роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа ба маблағи беш аз 96 миллион доллар таҷдид меёбад
Таҷдиди роҳ аз моҳи июни соли 2017 оғоз шуда, то моҳи марти соли 2021 идома меёбад.
Ин нукта зимни тасдиқи ду санад - Созишномаи грантии «Роҳравҳои ҲИМОМ (Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ) 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд ва Созишномаи маблағгузорӣ ва грантӣ (Амалиёти махсус) «Роҳравҳои ҲИМОМ 2, 5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд дар ҷаласаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Меҳринамо Ҷонмамадова, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баён гардид. Мақсади созишномаҳои мазкур баланд бардоштани самаранокӣ ва бехатар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути минтақаҳои интихобшудаи роҳравҳои 2, 5 ва 6 мебошад.
Маблағи умумии татбиқи лоиҳаи созишномаҳои мазкур 96,4 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он 15, 8 миллион доллар гранти Бонки осиёии рушд, 49, 4 миллион доллар қарзи ҳамин бонк, 12 миллион доллар қарзи Фонди байналмилалии рушди ОПЕК, 2 миллион доллар гранти Фонди неруи тоза ва 17, 2 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Назар ба гуфтаи Х. Худоёрзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаи аввали лоиҳа 33 километри роҳи автомобилгардро аз Душанбе то деҳаи Чашмасорони ноҳияи Рӯдакӣ дар бар гирифта, дар доираи он роҳи мошингард то чор хат васеъ мешавад. Рӯйпӯшии роҳҳо беҳтар гардида, воситаҳои бехатарии ҳаракати нақлиёт низ насб мегарданд. Ҳамчунин, чароғҳои равшанкунанда ва системаи таъмини қувваи барқ дар асоси панелҳои офтобӣ гузошта мешаванд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 233