logo

Хабарҳо

Сомонаи консулгарии Тоҷикистон дар вилояти бадахшони афғонистон фаъол шуд

Сомонаи консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва алифбои форсӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет фаъол шуд, ки дар таърихи таъсисёбии ин муассиса таҷрибаи нав мебошад.

Аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ки дар сомонаи навтаъсис http://badakhshantajcons.org/tj   маводи вобаста ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати корҳои хориҷӣ дар самти Афғонистон, консулгарӣ, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон, сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ, саёҳат, бахусус табиати биҳиштосои Ватани азизамон, бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсӣ инъикос меёбанд. Бахши алоҳидаи сомона ба баргардони мақолаву мусоҳибаҳои Президенти мамлакат ва вазири корҳои хориҷӣ ба ҳуруфоти форсӣ, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои шимол ва шимолу шарқи Афғонистон ба нашр расидаанд, бахшида шудааст.
Саҳифаҳои сомонаи консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоии “facebook” ва “twitter” низ фаъол аст ва барои хонанда имкони хуби шиносоӣ бо ахбори саривақтии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистонро фароҳам меорад.
Ба иттилои манбаъ, маводи иттилоотӣ бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсӣ ба таври таъҷилӣ тарҷума ва баргардон шуда, дар сомона ҷой карда мешаванд. Тавсеаи ҳамкориҳо бо мақсади табодули иттилоот бо рӯзномаву ҳафтанома ва сомонаҳои муътабари Афғонистон дар наздиктарин фурсат дар назар дошта шудааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 115
20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйирот ворид мешавад

Масъулияти аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баланд мегардад

18.07.2017


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

Мулоқот бо губернатори Токио

Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар ВМКБ

«Мушкилкушо» ва «Комил» ба Қазон мераванд

Мурофиаҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Инвентаризатсияи заминҳо ба охир расид

ВАРЗОБ. Чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ

НАФАҚА. Камбудиҳо бартараф мешаванд

Варзиш

17.07.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Саид Оғо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Баррасии роҳу усулҳои мубориза бо коррупсия

Дарёфти 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Бехатарии саноатӣ ва ҷавобгарии 182 шахси масъул

Рӯйхати сиёҳ вуҷуд надорад

15.07.2017


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ

Вохӯрии Ҷамолиддин Нуралиев бо Камен Захариев

250 000 сомонӣ ғолибонро интизор аст

Таъсиси Маркази илмӣ – таҳқиқотии технологияи инноватсионӣ

30 миллион сомонӣ қарзи аҳолӣ аз ҳаққи хизматрасонӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед