logo

Хабарҳо

Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тағйирот ворид шуд

Минбаъд қонунӣ ва асоснокии озод кардани маҳкумшудагон аз адои ҷазо бинобар ба итмом расидани муҳлати он, шартан, пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод намудан, ба ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо аз рӯи беморӣ, маъюбӣ ва татбиқи санади авф ё бахшиши ҷазо бо розигии прокурор муайян ва амалӣ мегардад.
Ин матлаб зимни  ташреҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Бахтовар Сафарзода, вакили Маҷлиси намояндагон, ироа гардид. Мавсуф таъкид намуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии кодекс бо талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешниҳод шудааст. Ҳамчунин, моддаҳои 147 ва 148 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар таҳрири нав ба анҷом расондани ду ҳаракат, яъне «Дар колонияҳои тарбиявӣ монондани маҳкумшудагони ба балоғат расида» ва «Гузарондани маҳкумшудагон аз колонияҳои тарбиявӣ ба колонияҳои ислоҳӣ»-ро бо розигии прокурор ва аз ҷониби суд пешбинӣ менамояд.
Мувофиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» прокурори нақлиёти Тоҷикистон аз рӯйи мақоми худ ба прокуророни вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баробар карда шудааст, аммо дар моддаи 81 банди б) Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳолат сарфи назар шудааст. Аз ин рӯ, иловаи пешкашгардида ин ҳолатро пурра менамояд. Зикр гардид, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда меъёрҳои Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятиро бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ месозад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 251

23.06.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Невен Мимитса

Масоили амният ва суботи минтақа матраҳ гардиданд

Ҳамоиш ба муносибати 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ба кор шурӯъ кард

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед