logo

иҷтимоиёт

НУСРАТУЛЛО МАХСУМ ВА МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ

Баҳори соли 1930 шумораи хоҷагиҳои ҷамоавӣ дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш овард. Ибтидо ширкатҳои коркарди муштараки замин (ТОЗ) - ҳо, ки барои таъсиси колхозҳои оянда асос мегузоштанд, фаъол гардиданд. Акнун деҳқонони тоҷик соҳиби трактор мегардиданд, ки ба ин васила мушкилоташон осон мешуд. Оғози соли 1931 шумораи тракторҳои деқонони тоҷик ба 1085 адад расид. Аммо, ҳанӯз дар водиҳо қувваи корӣ намерасид. Дар навоҳии кӯҳистони Кӯлобу Ғарм ва водии Вахё шумораи аҳолӣ зиёд буд. Дар ин манотиқ таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ рӯ ба мушкилӣ овард. Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо сарварии Нусратулло Махсум 9 феврали соли 1930 ба кишоварзони мамлакат Муроҷиатнома қабул кард ва онҳоро барои обод кардани гӯшаҳои харобазори кишвар даъват намуд. Дар ин ҳуҷҷати муҳим зарурати муҳоҷирати меҳнатӣ бори дигар таъкид мешуд. Тамоми ҳизбиён ва мансабдорони давлатӣ вазифадор шуданд, ки ҳақиқати ҳолро ба кишоварзон фаҳмонанд.
Анҷумани чоруми шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 1930 баргузор гардид, бори дигар масъалаи мазкурро мавриди муҳокима қарор дод. Ин масъала дар маърӯзаи ҳисоботии раиси КИМ-и Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон Нусратулло Махсум мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор гирифт. Нусратулло Махсум дар маърӯзааш роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллиро танқид карда, аз он изҳори норозигӣ намуд, ки роҳбарони ҳукуматҳо барои беҳтар намудани шароити зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷойҳои нави истиқоматашон диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Сабаб ҳамин аст, ки як қисми муҳоҷирон ба мушкилот тоб наоварда, дубора ба зодгоҳи хеш бармегарданд. Бо чунин роҳбарони бепарво, ки дар мансабҳои давлатӣ ифои вазифа мекунанду ғами халқи заҳматкашро намехӯранд, муросо кардан мумкин нест.
- Агар мо то имрӯз, - таъкид кард Нусратулло Махсум, - муҳоҷирони меҳнатиро бештар аз навоҳии Қаротегину Дарвоз меовардем, зарур мешуморам, ки дар оянда ҷуғрофияро васеъ кунем. Яъне муҳоҷирони меҳнатиро аз дигар гӯшаву канори ҷумҳуриамон бояд ба обод намудани гӯшаҳои нообод сафарбар намоем.
- Вазифаи умдатарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои наздик аз он иборат аст, ки заминҳои кишти пахтаро ба 166 ҳазор гектар расонад. Барои иҷрои ин вазифа, масъалаи ба кор андохтани заминҳои нав ва ба он ҷо кӯчондани деҳқонони камзамину безамин бояд ҳалли худро ёбад. Агар намояндагони маҳаллии ҳокимият ба масъалаи татбиқи муҳоҷирати дохилӣ аҳамияти лозимӣ надиҳанд ва бархе аз онҳо зидди ин чорабинӣ амал кунанд, ин чунин маъно дорад, ки эшон муқобили нақшаву вазифаҳои иҷтимоӣ - иқтисодии давлат ва беҳтар намудани шароити зиндагонии деҳқонони камзамину безамин мебошанд, - иброз дошт Нусратулло Махсум.
Анҷумани чоруми шӯроҳои Тоҷикистон барои суръат гирифтани сохтмони иншооти обёрии Вахш такони ҷиддӣ ворид намуд. Анҷуман бо пешниҳоди Раиси КИМ-и Тоҷикистон Нусратулло Махсум «Дар бораи сохтмони Вахш» санади дахлдор қабул намуд ва дар он аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доштани ин иншооти азим махсус таъкид шуд. Бо пешниҳоди мақомоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти Вахш дар қатори сохтмонҳои зарбдори мамлакат дохил ва барои бунёди он дар соли 1931 бист миллион сум ҷудо шуд.
КИМ ва ШКХ ҶШС Тоҷикистон 16 ноябри соли 1932 «Дар бораи муҳоҷир кардан ба Вахш» тасвибнома қабул карданд. Дар асоси он дар навбати аввали ин сохтмон, ки тирамоҳи соли 1932 оғоз ёфт, 20 ҳазор гектар замин мавриди истифода қарор дода шуд. Тибқи нақша дар майдони 4500 гектар совхозҳои нави пахтакорӣ ташкил гардида, 15000 гектар заминро барои сохтани деҳаву шаҳракҳои нав, ҷо ба ҷо намудани муҳоҷирони дохилӣ ҷудо намуда буданд. Масъулон дар давоми ду соли оянда кӯчондани 5000 хоҷагиро ба нақша гирифтанд. Ҳамин тавр, 1000 хоҷагӣ дар соли 1932 ва 4000 хоҷагӣ дар соли 1933 кӯчонда шуд.
Ба муҳоҷирон имтиёзҳои зиёд дода мешуд, то ин ки ихтиёрӣ ба ҷойҳои нави истиқомат кӯчанд. Кӯчондани муҳоҷирони нав аз навоҳии Ғарм, Қалъаи Хумб, Балҷувон, Ховалинг, Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), Ҳоит, Хуҷанд, Кӯлоб, Конибодом, Ашт ба роҳ монда шуд. Рафти иҷрои нақшаи муҳоҷиратро бевосита Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Тоҷикистон Нусратулло Махсум таҳти назорати қатъӣ гирифта буд. Моҳи марти соли 1931 аз ноҳияҳои Ғарму Ҳоит, Ҷиргатолу Тавилдараи округи Ғарм 500 хоҷагӣ, аз ноҳияи Ӯротеппа 143 хоҷагӣ ба водии Вахш кӯчонда шуд. Дар байни ноҳияҳо Ғарм дар ҷои аввал меистод. Аз ин ноҳия 210 хоҷагии деҳқонон ихтиёрӣ ба водии Вахш рафт. Аз вилояти Фарғона ҳамон сол 968 хоҷагӣ ба Қубодиён маскун омад. Соли 1931 дар маҷмӯъ 12194 хоҷагӣ дар водии Вахш аз ҳисоби муҳоҷирон муқим гардид.
Дар анҷоми панҷсолаи якум майдони заминҳои киштшаванда дар мамлакат ба 801,1 ҳазор гектар расонда шуд. Соли 1932 дар ҷумҳурӣ 506 ҳазор сентнер пахта истеҳсол ва ҷамъоварӣ гардид. Акнун дар водии Вахш аз ҳисоби муҳоҷирони дохилӣ 13822 хоҷагӣ зиндагӣ ва кор мекард. Сохтмони мактабу дармонгоҳ, чойхонаву фароғатгоҳ, нонвойхонаву ошхона, муассисаҳои фарҳангӣ авҷ гирифт. Роҳбарияти ҷумҳурӣ барои фароҳам овардани шароити беҳтару хубтар барои сокинони водӣ тамоми чораҳои заруриро андешид.
Худододи ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 245

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед