logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. 85700 СОМОНӢ ҶАРИМА БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУН

Дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ аз тарафи шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба 30 қонуншиканӣ протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардид. Аз қонуншиканҳо ба маблағи 85700 сомонӣ ҷарима ситонда, ба буҷети давлат ворид карда шуд.
Бино ба иттилои Абдуалим Норасов, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, барои пешгирии қонуншиканиҳо 1086 комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳамоҳангӣ бо 5 комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои пойтахт фаъолияти ҳамарӯза дошта бошанд ҳам, дар баъзе мавридҳо риоя нагардидани муқаррароти қонун ба назар мерасад. Ба гуфтаи ӯ, айни замон 31 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, баъди баррасии ҳамаҷониба ба суд ирсол хоҳад шуд. Зимни гузарондани рейдҳои муштарак 61 қонуншиканӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 15, Шоҳмансур - 10, Фирдавсӣ - 13, Сино - 15 ва шуъба - 8 ошкор гардид.
Дар ин давра комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои пойтахт барои камхарҷ ва бе исрофкорӣ доир намудани ҷашну маросимҳо, пешгирии қонуншиканиҳо ва таблиғи корҳои хайриявӣ, дар маҷмӯъ 119 суҳбату вохӯрӣ доир намуданд. Дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, 320 санҷиши муштарак гузаронда шуд.
- Ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, минбаъд низ дар ин самт фаъолият тақвият дода мешавад, - иброз кард Абдуалим Норасов.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 131

28.05.2017


ХАТЛОН. Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонон

Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон. Чорабиниҳои идона дар Дубай ва Пекин

Як ҳамоиши муҳим

Гӯшаи кишоварз

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед