logo

фарҳанг

АЗ Ӯ ҲАМ СОЗ МЕНОЛАД, ҲАМ ОВОЗ

Ҳанӯз аз овони мактабхонӣ садои дилнишини андалеби шӯридадил Барот Яхшӣ дар хотирам нақш бастааст. Аз карнайи  радио садои гуворову гиро ба атроф  танин меандохт:
Зи ҳиҷронат, азизи ман, ҳамеша чашми тар дорам,
На мактуби ту меояд, на аз ҳолат хабар дорам.
Агар мардум маро пурсад, чаро рангат
хазон гаштаст,
Ҷавобашро ҳамегӯям, азизе дар сафар дорам…


Ӯро ба худ булбул унвон дода будам. Лаҳни шево, садои баланду ширинаш ҳамчун чаҳ – чаҳи булбул хушоҳанг ба гӯш мерасид. Баъди  гузаштани чиҳил сол низ андешаи хешро тағйир надодаам. Ӯ идомабахши мактаби ҳунарии Кангурт, мактаби Карими Шиш ва ҳам булбули воқеии ин чаманистони ҳунар буд, ки то ҳанӯз ҷояш дар замири ҳаводорони санъати баланд холист.
Барот Яхширо  аз овони 15 - солагӣ дар қаламрави ноҳия ҳамчун сарояндаи умедбахш мешинохтанд. Овозаи ҳунараш то ба дуриҳо рафта расида буд.
Шурӯъ аз соли 1953 Барот аллакай дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ширкат  меварзид. Соли 1955 котиби райкоми ноҳияи Данғара Аллаёр Тағоев  бо қатъияти том дар назди ҳаваскорон вазифа гузошт, ки дар озмуни вилоятӣ барои баланд бардоштани обрӯи ноҳия ҷойи якумро мегиред. Даста дар шаҳри Кӯлоб мақоми аввалро сазовор гашт. Пас, омодагии ҳамаҷониба ба озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд. Ба ҳайати дастаи вилоятӣ аз ноҳияи Данғара Барот Яхшӣ, Карим Раҳим, Таваралӣ Авазов шомил шуданд. Ҳунарнамоии онҳо аз ҷониби доварон баҳои баланд гирифт. Ҳамин хел, баъди фестивали мазкур дар Сталинобод (ҳоло Душанбе) як зумра ҳофизону мутрибони хушсалиқаро пазируфтанд. Барот Яхшӣ ва Карим Раҳим аз зумраи  аввалин писандидагон буданд.
Барот Яхшӣ  аз моҳи сентябри соли 1955, аз  давраи муқими пойтахт гаштанаш, ба сифати солист – вокалисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон шаборӯз тамрин карда, ҳамроҳи устодони хеш пайваста ба сафарҳои ҳунарӣ мебаромад.
Лаҳзаи ёдмони зиндагии вай  соли 1957 ба вуқӯъ пайваст. Ҳофизи ҷавон бори нахуст дар фестивали IV байналмилалӣ  (Москва) ширкат варзид. Боздиду иштирок дар ин фестивал барои ҷавони тоҷик такони ҷиддие гардид. Охир на ба ҳар як кас ширкат  дар чунин озмуни байналмилалӣ муяссар мегардад. Ӯ аз шаҳри Москва бо як ҷаҳон таассурот баргашт.
Сипас, аз соли 1962 то соли 1968 дар Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ҳайси овозхон фаъолият дошт. Ҳамчунин, сафарҳои эшон дар Даҳаи адабиёту санъати тоҷик  (Москва, 1968) ва дар ҷашни миллии давлати Афғонистон (май – июни соли 1968) ба ҳофиз рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Дар ҳайати санъаткорони тоҷик қариб  се моҳ дар шаҳру вилоятҳои Қундуз, Кобул, Ҷалолобод, Ғазнӣ, Қандаҳор ва Ҳирот ҳунарнамоӣ намуд. Лаҳзаи аз ҳама хотирмони ин сафари ҳунарӣ, бо роҳбарии муғаннӣ ва оҳангсози маъруфи тоҷик Ҳаким Маҳмудов сабти қариб 50 суруду оҳанг дар радиои Кобул буд.
Аз соли 1968 то соли 1985 ӯ ба сифати овозхони  дастаи ҳунарии шашмақомхонони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори  заҳмат бар дӯш дошт. Ширкат дар Симпозиуми байналмилалии  санъат дар шаҳри бостонии Самарқанд (соли 1978)  фатҳи қуллаи навбатиаш гашт.
Вазорати фарҳанги кишвар  ва Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ дар зарфи 20 сол номзадии Барот Яхширо барои ноил шудан ба унвони фахрии «Ҳофизи халқии Тоҷикистон» борҳо  пешниҳод намуда буданд. Мутаассифона, хизматҳои шоистааш дар зиндагӣ қадр нагаштанд.  Ҳол он ки ҳунару истеъдоди ӯро дар ривоҷу равнақи санъати миллӣ, ба вижа Шашмақом, кулли мухлисону муҳаққиқон эътироф ва  ба  ҳунари волояш қоил буданд. Аз рӯи инсоф мебуд агар муғаннии маҳбубу шоиста ва яке аз сарояндагони номвари дастаи мақомхонони асри XX-и тоҷик Барот Яхширо ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (пас аз марг) қадрдонӣ намоем. Ин усули қадрдонӣ дар арсаи ҳунар амалест маъмулӣ ва дар саҳфаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол чунин меҳрубониро нисбати  пешаварони асил -  Кароматулло Қурбонов, Фатҳиддин Тешаев ва ё хайр лоиқ дониста буданд.
Умари  ШЕРХОН, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 293
26.07.2017


ДУШАНБЕ. Афзалият ба саноат

Буриши ғайриқонунии дарахтон кам гардид

Мақсад - боло бурдани сатҳи зиндагӣ

Маҳсули гармхонаҳо афзуд

25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед