logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ. ЗАРАРДИДАГОН ҲАМАҶОНИБА ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

Пас  аз заминларзаи шадиди 5 майи соли равон дар  ноҳияи Лахш бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон гурӯҳи кории махсус бо роҳбарии Рустам  Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, фавран ба минтақаи  офати табиӣ   сафарбар гардид.  Гурӯҳи  корӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарияти ноҳия аз манзилҳои харобгардида дидан  намуда,  барои ёрии саривақтӣ ба зарардидагон ва  рафъи оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуд.

Баҳодиҳӣ ба ҳолати манзилҳои зарардида
Баъди  нисфирӯзии 6 май ҳайати комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия бо сардории Баротзода Файзулло, раиси ноҳия ва Суҳроб Маҳмудов, раиси ситоди ҳолатҳои фавқулодаи водии Рашт, ба кори баҳодиҳии ҳолати манзилҳои зисти шаҳрвандон оғоз намуд. Аён гашт, ки  дар натиҷаи зилзила  аксари манзилҳои зисти шаҳрвандон  ва бинои муассисаҳои таълимӣ  дар деҳоти Сафеддара, Муъминобод, Себзор, Қарамиқ ва Сарғуй зарар дидаанд. Аъзои комиссияи номбурда  - масъулони бахшҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, заминсозӣ, сохтмону меъморӣ, ҳифзи табиат ва шахсони дигари масъул ҳолати бавуҷудомадаро дар ҳар як манзили зисти сокинони деҳоти мазкур мавриди омӯзиш қарор доданд.

Ҳазар аз овозаҳои бардурӯғ
-  Ҳайати комиссия  аз  6 то  8 майи соли равон наздики 600  манзили зисти шаҳрвандонро, ки дар минтақаи мазкур аз заминларза осеб дидаанд, мавриди омӯзиш қарор дод. Дар маҷмӯъ 6 хона пурра ва 54 манзили зисти дигар қисман хароб гардидаанд. Рӯзҳои наздик ҳаҷми хисороти моддие, ки ба аҳолии деҳот расидааст, дақиқ ва ба вазорату идораҳои марбута  пешниҳод мешавад.  Ҳарчанд пешгӯйии заминҷунбӣ  аз ҷиҳати илмӣ имконнопазир аст, хабарҳои беасос дар бораи такрор ёфтани зилзила бошандагони деҳаҳои номбурдаро ба ҳарос андохт. Аз ин рӯ, аъзои ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия тасмим гирифтааст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолии мавзеи офати табиӣ пурзӯр намояд. Сарчашмаи  иттилооти воҳимаангези  бепоя низ  муайян гардида, ба он вокуниш нишон дода хоҳад шуд, - гуфт Қутбиддин Муродов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Лахш.

Маҳсулоти арзон барои аҳолии осебдида
Бахши Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар минтақаи Рашт маҳсулоти ғизоиро бо нархи нисбатан арзон ба  аҳолӣ дастрас намуд. Тавре масъулони агентӣ иттилоъ доданд, барои сокинони деҳаҳои номбурда рӯзҳои 7 – 8 май маҳсулоти хӯрокворӣ –  орд  500, гандум 60, шакар  20, биринҷ 40 ва  макарон 37 халта,  инчунин,  равғани рустанӣ 900 литр   бо нархи арзон пешкаш гардид. Чунин дастгирӣ то бартарафсозии пурраи оқибатҳои офати табиӣ дар диёри Лахш идома хоҳад ёфт.       

Ба ҷойи хулоса
Ҳангоми суҳбату вохӯриҳо сокинони деҳоти номбурда барои ғамхорӣ ба Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ  намуданд. Чораҳои зарурие, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рафъи мушкилоти мардуми осебдида  роҳандозӣ шуд, боиси умедвории онҳо гардидааст. Дар ин маврид комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияро зарур аст,  ки дар доираи  иҷрои супориши  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ёрӣ расондан ба осебдидагон фаъолияти мунсифона анҷом диҳанд. Гузашта аз ин, дар раванди шиносоии мо аз  вазъи манзилҳои зарардида маълум гардид, ки бисёри хонаҳои истиқоматӣ дар деҳоти мазкур  дафтари хона, сертификат ва шиносномаи техникӣ надоранд. Инчунин, дар доманакӯҳ сохта шудаанд, ки мавзеъҳои хавфнок ба ҳисоб мераванд. Собиқ роҳбарони ноҳия тайи солҳои охир барои ба қайд гирифтани манзилҳо чораҳои зарурӣ наандешидаанд. Пас, андозе, ки соҳиби хонаҳои беҳуҷҷат супурдаанд, ба куҷо рафтааст? Саволест, ки аз масъулон посух мехоҳад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 365

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед