logo

иҷтимоиёт

ТЕРРОРИЗМ ВА СУИСТИФОДА АЗ ДИН

Амалҳои террористие, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Санкт - Петербурги Федератсияи Русия, Миср, Сомалӣ, Англия, Туркия, Афғонистон, Сурия рух доданд, амалҳои ваҳшиёнае мебошанд, ки аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ бо ҷон бохтани даҳҳо нафар инсонҳои бегуноҳ ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардуми осоишта, ба анҷом расонда шуд.

Заифии террористон дар он аст, ки мардуми осоиштаро ҳамеша барои расидан ба ҳадафҳои касифи худ истифода мебаранд ва одамони бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум мекунанд. Магар дини Ислом тарафдори зулм аст? Албатта, не.
Худованд (ҷ) дар сураи «Мумтаҳина», ояти 8-ум мефармояд: «Худо шуморо аз некӣ кардан ва риояти адолат нисбат ба касоне, ки дар амри дин бо шумо пайкор накарданд ва аз хона ва диёратон берун наронданд, наҳӣ намекунад, чаро ки Худованд адолатпешагонро дӯст дорад».
Мардумоне, ки худ мусулмон нестанду бо  мусулмонон ҷангу ҷидол намекунанд, дини Ислом раво медорад бо онҳо новобаста аз дин, нажод, миллат ва расму оин, ба некуӣ ва хушхулқӣ муомила кунанд. Тақозои инсоф аст, ба онҳо рафтори нек кардан ва ба дунё нишон додан, ки меъёри ахлоқи исломӣ чӣ қадар баланд аст, на ин ки куштан ва аз ҳаёт маҳрум кардани мардуми сайёра, ки дар сафи онҳо занону кӯдакон шомиланд. Пас, террористон чӣ гуна худро мусулмон меҳисобанд, дар ҳоле ки мардумро бераҳмона мекушанд ва ҳар гуна аъзиятҳоеро раво медоранд, ки ашхоси солимақл онҳоро дар зеҳни худ ҳатто ҷой дода наметавонад?
Аз ин рӯ, мубориза бурдан бо ин вабои аср, аз байн бурдани амалҳои террористӣ, ки ин амалҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардидаанд, вазифаи аввалиндараҷаи мост. Дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар аҳолӣ ҳиссиёти тарсу оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Танҳо бо роҳи муттаҳид шудани аҳолии кишварҳо ва ҳамкории бевосита байни халқу давлат, боварӣ байни онҳо нисбати якдигар метавон ин падидаи номатлубро аз миён бурд. Чуноне ки Сарвари давлат зимни ироаи Паём таъкид намуданд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад». 
Эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллии кишвари худ ва тамоми кишварҳои ҷаҳон, ки мардуми он мехоҳанд дар муҳити оромиву осудагӣ ва дур аз истисмору шиканҷа умр ба сар баранд, вазифаи ҳар инсон мебошад.
Зебо РАҲМАТОВА,
мутахассиси шуъбаи илми Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 142

28.05.2017


ХАТЛОН. Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонон

Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон. Чорабиниҳои идона дар Дубай ва Пекин

Як ҳамоиши муҳим

Гӯшаи кишоварз

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед