logo

иқтисод

ПИЛДОН. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш дорои имкониятҳои васеи кишоварзӣ, аз қабили картошкапарварию боғдорӣ ва чорводорӣ буда, заминҳои  киштбобу боғҳои серҳосил ва кӯҳҳои сарбарфалаккашидаи он дили ҳар бинандаро мафтун месозад. Дар он соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо суръат рушд меёбанд. Биноҳои наву замонавии маъмурии ҷамоати деҳот ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ба ҳусни маркази ҷамоати деҳот зебогии хос бахшидаанд. Шуғли асосии сокинони он чун дигар мардуми кӯҳистони навоҳии Рашт кишоварзист.

Ба гуфтаи Аюбҷон Шехов, раиси деҳот, дар ҳудуди ҷамоати деҳот 1 корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварӣ, иборат аз 5 бригадаи саҳроӣ фаъолият дорад. Чорводорӣ ва картошкапарварӣ аз соҳаҳои асосии рушди ҷамоати деҳот маҳсуб меёбанд.
Ҳамкории дастгоҳи ҷамоати деҳот бо аҳолӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳою мушкилоти соҳаҳои гуногун ва корҳои ободонию созандагӣ зич ба роҳ монда шудааст. Сокинони ҷамоати деҳот ният доранд, ки ба муносибати Ҷашни 20 - солагии Ваҳдати миллӣ тариқи ҳашар болопӯши бинои беморхонаи маркази ҷамоати деҳотро, ки соли 1968 сохта шудааст ва боми бинои таълимии муассисаи таҳсилоти умумии деҳаи Чубайро иваз намуда, дар деҳаи Сайрон як китобхонаи замонавӣ бунёд намоянд. Аз тарафи соҳибкорон дар маркази ҷамоати деҳот дар арафаи ин ҷашн бинои дуошёнаи маркази савдо мавриди истифодабарӣ қарор мегирад. Роҳҳои деҳаҳои Пилдони Боло, Пилдони Миёна, Пилдони Чунгак ва Сайрон,  ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва тӯлонӣ омадани фасли зимистони имсола вайрон шуда буданд, бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ тариқи ҳашар дар муҳлати кӯтоҳ таъмир гардида, мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.
Дастгирии оилаҳои ниёзманд ва фарзандони ятиму бепарастор дар меҳвари таваҷҷуҳи дастгоҳи ҷамоати деҳот ва соҳибкорону шахсони саховатпеша қарор гирифтааст. Дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ тӯйи домодию арӯсии як ҷуфт навхонадорон ва хатнасури 8 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоату бепарастор гузаронда шуд.     
Рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зери назорати доимӣ қарор дорад. Оид ба иҷрои талаботи қонунҳои мазкур дар назди ҷамоати деҳот комиссияҳои доимӣ ва дар маҳалҳои аҳолинишин комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфтаанд.
- Мушкили асосие, ки дар соҳаҳои иқтисодӣ мавҷуд аст, ин набудани роҳ ба чарогоҳҳои тобистона мебошад.  Чорвопарварон тариқи ҳашар роҳи пиёдагузар сохтанд, аммо то моҳҳои май ва июн имконияти пурра ба чарогоҳҳо бурдани чорворо надорем. Хатҳои барқи баландшиддат низ аз кӯҳҳо мегузаранд. Бештари вақт дар натиҷаи боришоти зиёд ва тӯфон хати барқ канда мешавад. Ният дорем, ки бо дастгирии масъулони мақомоти болоӣ хатҳои барқи баландшиддатро дар шафати шоҳроҳ пайваст намоем.
Касалиҳои чорво ва касалиҳои дарахтон вақтҳои охир зиёд гардида истодаанд.  Дар ин ҷода мутахассисон хеле каманд. Бовар дорем, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва азму талоши сокинони меҳнатқарини ҷамоати деҳот мушкилоти соҳаҳои иқтисодии заҳматкашони мо бартараф мешаванду  дастовардҳо боз ҳам назаррас мегарданд, - гуфт дар хотимаи суҳбат мусоҳиби мо.
З. ХУДОДОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 329

22.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Владимир Воронков

Баргузории ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ

Боздиди ҳайати кормандони Сафорати Тоҷикистон аз шаҳраки саноатӣ

Ҳамлаи хунин ба меҳмонхонаи Intercontinental дар Кобул

Хазинаи байналмилалии асъор: «Иқтисоди Русия рӯ ба болоравист»

«Ҷабҳат ан – Нусра» дар Идлиб ба муҳосира гирифта шуд

Ба ҳадди рекордӣ расидани пасандози русиягиҳо

Дар Шведсия бокси ҳирфаиро эҳтимол манъ созанд

18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед