logo

сиёсат

ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ ЧОРВО ВА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДИДАНӢ БУД

13 май, дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази савдои Каёнуши ноҳия аз намоиш - фурӯши чорвои хушзоту маҳсулоти кишоварзӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон дидан намуданд.

Дар ин рӯз аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят кишоварзони номдор дастранҷи хеш, маҳсулоти кишоварзӣ, намунаи чорвои хушзоти хурду калон ва намудҳои гуногуни парандаю моҳиро ба маъраз гузошта, маҳсулоти нонӣ, хушкмева, обу шарбатҳои мевагин, маҳсулоти консервшуда, гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, ширу маҳсулоти ширӣ, асал ва дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатию кишоварзиро пешкаш карданд.
Дар рушди иқтисодиёти вилояти Хатлон ва, умуман, мамлакат соҳаи кишоварзӣ нақши хеле муҳим мебозад. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 майи соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 947 ҳазор сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 482 ҳазор сар модагов, 2 миллиону 317 ҳазор сар моли майда, 57,9 ҳазор сар асп, 1 миллиону 739 ҳазор сар паранда ва 59,7 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешаванд.
Дар намоишгоҳ таҷрибаи ибратбахши хоҷагиҳои кишоварзию зотпарварии “Раҳмонҷон” - и ноҳияи Данғара, хоҷагии зотпарварии “Ҳисор” –- и ноҳияи Фархор дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.
Бо таваҷҷуҳи махсус ба парвариши чорвои хушзоти хурду калон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки саршумори зотҳои манфиатовар афзун ва парвариши онҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят васеъ ба роҳ монда шавад. Дастурҳои қатъии дигар барои тақвияти тадбирҳои коркарди гӯшту шир ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати онҳо дода шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои кори хоҷагиҳои давлатии моҳипарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Дар асоси маълумоти оморӣ дар вилоят баъди қабули Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ сол ба сол афзоиш ёфта, теъдоди онҳо ба 185 адад расонда шудааст ва ба онҳо дар майдони 1938 гектар кӯлҳо ва ҳавзҳо вобаста карда шудаанд. Дар натиҷаи амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чор моҳи соли равон дар вилоят 271 тонна моҳӣ истеҳсол гардида, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳа ба хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят зиёда аз 230 ҳазор дона моҳии хурд дастрас карда мешавад. Дар қисмати фурӯши меваю сабзавоти бозори Каёнуш намоиши маҳсулоти боғутокпарварону зироаткорон ва корхонаҳои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзии вилоят ташкил карда шуд. Тавре таъкид гардид, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар масъулияти зиёд доранд, зеро имкону захираҳои васеътарин маҳз дар ҳамин минтақаи ҷумҳурӣ мавҷуданд.
Дар чор моҳи соли 2017 дар вилояти Хатлон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 683,4 миллион сомонӣ расонда шуд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,9 фоизро ташкил медиҳад. Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ соли равон тибқи маълумоти фаврӣ дар майдони 297,2 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузарондаанд, ки 100,6 фоизи дурнаморо ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазор гектар зиёд мебошад. Инчунин, соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 90 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронда мешавад. Бо мақсади захираи дусолаи ғалла дар майдони 137,5 ҳазор гектар ғалладонагиҳо, аз ҷумла 122 ҳазор гектар гандум кишт шудааст, ки иҷрои дурнамои он ба 103 фоиз баробар аст.
 Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар майдони зиёда 120 ҳазор гектар чигит кишт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9416 гектар зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар қаламрави вилоят дар майдонҳои нисбат ба солҳои гузашта зиёд кишти зироатҳои техникӣ, полизиҳо, сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво гузаронда шудааст, ки аҳли заҳмат имрӯзҳо ба коркарди заминҳо ва ҷамъоварии ҳосили дилхоҳ машғул мебошанд. Дар вилоят, ҳамчунин, ба масъалаи танзими кори гармхонаҳо ва вусъат бахшидани фаъолияти боғу токпарварӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки солҳои охир бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзӣ фаъолу пурмаҳсул гардида, дар баробари хоҷагиҳои камшумори давлатӣ дар таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар саҳми намоён мегузоранд. Дастовардҳои рӯзафзуни кишоварзони вилоят, ки дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа нақш мегузоранд, асосан натиҷаи таъкидҳои пайваста ва супоришҳои қатъии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди бахшҳои чорводорӣ, зироаткорӣ, боғутокпарварӣ, моҳию парандапарварӣ ва пурсамар истифода бурдани заминҳои корами обӣ тавассути кишти такрорӣ ва рӯёндани ду ва зиёда ҳосил мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 257

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед