logo

Хабарҳо

Варзиш

Дзюдогарони кишвар аз Ӯзбекистон бо нуҳ медал баргаштанд
Зӯрозмоии Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон, ки аз 11 то 14 май дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон сурат гирифт, барои варзишгарони кишвар бобарор буд.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз 200 варзишгар аз нуҳ кишвар - Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар вазнҳои мухталиф бо ҳам зӯр озмуданд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дзюдогарони кишвар 9 медал – 5 тило, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Ҷаҳонгир Маҷидов, Тимур Раҳимов, Ардашер Мирзоев, Шодмон Ризоев ва Ҷамолиддин Абдуллоев дар байни наврасону ҷавонон ба гирифтани  унвони чемпионӣ ва медали тилло мушарраф гаштанд. Медалҳои нуқраву биринҷиро мутаносибан Раҳматуллобек Фарҳодов, Эраҷ Абдуллоев, Ҳоҷимашраб Раҳмонов ва Шукрона Қарчиева дарёфт намуданд.

Як медали нуқра ва як биринҷии ду паҳлавони тоҷик
Варзишгари тоҷик Суҳроб Боқиев  дар Ҷоми  Аврупо  оид ба дзюдо бомуваффақият зӯрозмоӣ намуд. Дар миёни 300 варзишгар аз кишварҳои Австрия, Арманистон, Белорус, Британия, Гурҷистон, Канада, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Нидерланд, Олмон, Русия, Словакия ва Фаронса медали нуқраро дарёфт кард. Ӯ дар вазни 60 кило бар  ҳарифонаш Шоҳин Абашян (Арманистон), Рой Коффиҷберг (Нидерланд), Ҷолан Флоримонти (Фаронса) ва Обид Ҷевоби (Русия) дастболо гардида, ба финал баромад, вале дар он аз Яго Абуладзеи русиягӣ шикаст хӯрд.
Паҳлавони дигари тоҷик Бахтовар Ҳасанов дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштии юнонӣ – румӣ, ки дар шаҳри Деҳлӣ пойтахти Ҳиндустон ҷараён гирифт,  медали биринҷиро ба даст овард.

Ғалабаи калони «Хуҷанд» бар «Панҷшер»
Дар чемпионати Лигаи олии кишвар оид ба футбол се дидори даври даҳум баргузор гардид. Дар ин давр дастаи «Хуҷанд» - и Хуҷанд дар меҳмонӣ тими «Панҷшер» - и Ҷалолиддини Балхиро бо натиҷаи  калон - 5:0 мағлуб намуда, имтиёзҳояшро  бо клуби ССКА «Помир», ки бозиро бо «Барқчӣ» (Ҳисор) мусовӣ (0:0) анҷом дод, баробар кард.
«Регар ТадАЗ» дар майдони худ бар «Вахш» - и  Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 дастболо гардид.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 324

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед