logo

фарҳанг

"САДОИ ДИЛРАБОИ АРҒУНУН"

Бори нахуст дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии мусиқӣ – «Садои дилрабои Арғунун» оғоз ёфт, ки то 17 майи соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт. Дар ин ҳамоиши бошукӯҳ ҳунармандон ва арғунуннавозони маъруф аз Русия, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Дар фестивал, ки бо ташаббуси Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода ва намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон гузаронда мешавад, Рубин Абдуллин ва Наталя Багинская (Русия), Габит Несипбаев (Қазоқистон), Виктория Василева (Қирғизистон), Зулфия Халилова (Тоҷикистон - Олмон) ва Фарида Нуруллоева аз Душанбе иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд.
Чи тавре ки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иттилоъ дод, «Садои дилрабои Арғунун» саҳифаи нави рушди санъати касбии тоҷик буда, барои густариши фарҳанги мусиқиҳои мардумони ҷаҳон равона гардидааст.
- Сарчашмаи садои мусиқии арғунун фалсафа аст. Ин асбоби қадимии мусиқӣ инсонҳоро ба дунёи рӯшану саршор аз зебоӣ ҳидоят мекунад. Аслан, арғунун дар як лаҳза ба замири инсонҳо роҳ ёфта, неку бади дилу дидаи онҳоро пеши назарашон ҳувайдо мекунад, - изҳор дошт устоди Донишгоҳи Қазон Рубин Абдуллин.
Ёдовар мешавем, ки чанд сол қабл бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арғунун, ин асбоби муҳташаму гаронбаҳо дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат тармим шуд.
- Барои арғунун, ки дар Тоҷикистон ягона аст, толори махсус сохта шуда, нахустин консерти арғунуннавозон низ он замон баргузор гардид. Аммо, баъдтар аз сабаби набудани мутахассис идомаи кор ба таъхир афтод ва то ҳол масъулони донишкада пайи ҳалли ин муаммоянд. Мо бовар дорем, ки фестивали мазкур баҳри дарёфти мутахассисон, тарбияи арғунуннавозони ҷавон ва инкишоф додани ин рукни мусиқӣ мусоидат хоҳад кард, - таъкид намуд Хайриддин Идиев, ректори  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат.
Б. БАҲОДУР, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2017    №: 99    Мутолиа карданд: 271

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед