logo

сиёсат

НӮШДОРУ

Мо достони машҳуру беназири «Рустам ва Суҳроб» - и Ҳаким Фирдавсиро аз «Шоҳнома» хуб дар ёд дорем. Ҳатто аксари мардум ин шоҳасарро дар мисоли ҳамин достон мешиносанд ва воқеан ҳам Рустаму Суҳроб рамзу намоди асосии «Шоҳнома» - анд. Ҷанги шаҳрвандие, ки солҳои навадуми асри ХХ ба сари миллати мо омад, ҳамин разму пархоши падару писарро мемонд. Ин ду саргузашти таърихи бостон ва муосир ба ҳам сахт монанданд, ба ҷуз аз як лаҳза. Он лаҳза кадом аст?
Қиссаи ҳузнангези Рустаму Суҳроб ва дили реши Таҳминаро сабаб низ ғафлату нодонӣ ва қаҳру манмании ноҷо буд. Атрофиён, махсусан ҳасудону нотавонбинон хостанд, ки падар аз дасти писар ва ё баръакс кушта шаваду яке аз шоҳсутунҳои кохи Эронзамин сарбазер афтад. Ҳарчанд Суҳроб ному нишони падар мепурсид, наздиктарин шахсони Суҳроб, ки модараш – Таҳмина ба онҳо бовар дошт, аз муаррифии Рустам худдорӣ карданд. Иғво ангехтанд, ки паҳлавоне даъвои зеру забар кардани туро дорад.
Ҳамин тариқ, падару писар дастбагиребони ҳам шуданд. Чун меҳру хуни гарми пайвандӣ ба машомашон расид, нахуст Суҳроб пурсид, ки ту Рустамӣ? Ин ҷо аллакай бозии сарнавишт буд. Рустамро қувваҳои аҳриманӣ нагузоштанд, ки бигӯяд: бале, Рустамам! Ӯ гуфт: ҳаргиз, ман Рустам нестам, аммо ӯро дидаам. Ҳамин як ҷавоби дурӯғ, ки аз забони Рустам, вале аз дили Аҳриман садо дод, тақдири ин пайвандро ҳал кард...
Моро низ солҳои навадум ҳамин қувваи аҳриманӣ ҷоду карда буд гӯё. Чашмони сурату сиратамонро пардаи ҷаҳли мураккаб пӯшонда буд. Тир мекушодему тир мехӯрдем. Хонаи падарамонро ғорат мекардем, писарамонро намешинохтему мекуштем… Он замон Аҳримани манҳус чӣ қадар шод шуда бошад?!
Албатта, атрофиён, бавижа душманони қадимии ин халқу миллат, медонистанд, ки тоҷик тоҷикро мекушад, аммо ба даҳон об гирифта буданд, медонистанд, ки хомӯшии онҳо боиси азбайнравии миллату давлат шуда, бо ин «баҳона» соҳиби як порча замин мегаштанд.
Вақте дили тоҷик ба бародари тоҷикаш намесӯхт, чӣ гуна дили бегона бисӯзад?
…Инак, Рустам аз ҷигарбанди худ мағлуб шудаву рӯи хок мехуфт. Ё ҳарфи таслим мегуфт, ё маргаш ногузир буд. Аммо содагиву бетаҷрибагии Суҳроб боз ҳам «кор дод». Рустам бо фиреб ӯро водор сохт, ки расми паҳлавонони асил ин нест ва шермардони майдон ба рақибашон имкони дубора медиҳанд. Суҳроб пештар аз бонуи шуҷову далер – Гурдофарид гӯл хӯрда бошад ҳам, боз ин бор бовар карду имкони дубора хестани Рустамро муҳайё сохт. Вале ин содагиву хушбоварӣ оқибати нангине дошт. Рустам, ки дигар тобу тавони идомаи ҷангро надошт, ханҷари хурде аз миён гирифту ҷигари писарашро шикофт.
Бале, ин оғози рехтани хуни тоҷик аз дасти тоҷик буд. Аҳриман ба ҳадаф расиду аз фаввораи хун морҳои заҳҳокӣ нӯши ҷон карданд. Дар ин байн Рустам аз аслу насаби Суҳроб огаҳ шуд, вале чӣ дер. Замину осмон дар назараш торик буд, ханҷар, хун ва писари дар дасташ ҷондодаистода тамоми вуҷудашро ба ларза оварданд, вале чӣ суд?
Рустам фиғони ҷонхарош кашида, нӯшдоруи ҳаётбахш хост, то зуд биёранду захми писарро табобат кунад, зиндагии тоза бахшад.  Аммо чун нӯшдору расид, Суҳроб рахт аз ҷаҳон баста буд.
Бале, ин айнан ҷанги шаҳрвандии моро мемонад, ба ҷуз аз фарқияти як лаҳза. Лаҳзаи расидани нӯшдору. Нӯшдории миллати нимбисмили мо ҳамин ваҳдат буд, ки пеш аз марги Суҳроб расид, на баъди марги ӯ. Вақте нӯшдоруи мо расид, ҳанӯз Суҳроби миллат ҷон меканд, нафасҳои вопасин мекашид, вале нӯшдору расид.
Ба масал ваҳдати миллӣ ҳамин нӯшдору буд, ки расиду ба табобати захму ҷароҳатҳо ва эҳёи мо мадад кард.
Нӯшдоруро ба тарафҳои сар- афкандаву гунаҳкору пушаймон Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон овард. Таърихи тоҷик ба он қадар шукӯҳу шаҳомати худ сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмонро фаромӯш намекунад. Ҳамин қадар хидматаш бас аст, ки ояндагон ному нишони ӯро пос доранд ва ба некӣ ёд кунанд.
Мувофиқи ривоятҳо Рустам тани беҷони Суҳробро чил шабонарӯз дар дасташ гирифта кӯ ба кӯ гашта, нолаву зории Яздони покро кардааст ва умед доштааст, ки бо раҳматаш бори дигар ба писараш ҷон ато мекунад. Бори гуноҳу хато ва ҷурми пушаймонии мо дар ҷанги бародаркуш ба масал тани беҷони Суҳроб аст, ки ҳанӯз дар дилу дидаҳо гирифта гаштаем. Ин сабақи таърих аст, набояд чунин ҳодисаи мудҳиш такрор ёбад, набояд аз ҳамдигар бегона шавем, набояд Таҳмина дар сӯги писараш рӯйу мӯй канад…
Фаромӯш накунем, ки ба ин рӯзҳои фараҳбахш саҳлу осон нарасидаем. Ба қавли бузургон, фаромӯшӣ ба рим кардани ҷароҳатҳои таърихӣ оварда мерасонад. Хотираи таърихӣ дармонбахши ин ҷароҳатҳост.
Бузургмеҳри БАҲОДУР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2017    №: 99    Мутолиа карданд: 76

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед