logo

сиёсат

ИДЕАЛ. ДАР БОРАИ ХИЗМАТҲОИ ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР

Бузургӣ ва моҳияти ходими намоёни сиёсӣ на танҳо бо он хидматҳое муайян карда мешавад, ки замони дар сари қудрат будан барои халқу кишвараш кардааст. Балки аз он ҳам бармеояд, ки анъанаҳои некро эҳё намудаву барои оянда чӣ роҳеро муайян кардааст ва таърихи халқашро бо имрӯзи он тавассути чӣ торҳое пайвастааст.
Ин нукта ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад. Ӯ дар давраи тақдирсози ҳаёти кишвараш ба майдони сиёсат қадам ниҳода, худ ба худ ба шахсияти таърихӣ табдил наёфтааст. Балки ҳама корҳои муҳимтаринеро, ки халқи тоҷик ва беҳтарин фарзандони он дар таърихи мавҷудияти миллат карда буданд, дар хеш таҷассум намуд ва ин имкон дод, ки ҳамсафи бузургтарин қаҳрамонон - Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Катан, Австан ва дигарон бигардад.     
Мо дар бораи Президент бисёр чизҳоро медонем ва ҳам медонем, ки ӯ шахси нотакрор аст. Дар замони печидаву мураккаб ба ин мақоми олӣ пешбарӣ шуд ва ба ниёзҳои замони душвори гузариш аз як шакли таърихӣ ба дигараш комилан ҷавобгӯ буд. Вале сифати асосии Пешвои миллат фақат дар ин не, балки дар симои ахлоқӣ ва ғановати маънавии ӯст. Имрӯз мо аллакай метавонем ба оянда назар афканем. Ва, ҳамон тавре ки даҳсолаҳои ба давлати мутамаркази тоҷикон ҳукм рондани Исмоили Сомонӣ дар таърих давраи Исмоили Сомонӣ номида мешавад, солҳоеро, ки Президент ба харобу тақсим шудани мамлакати хеш роҳ надод, оташи ҷанги бародаркушро хомӯш кард, самтҳои ояндасози иқтисодиёт, сиёсат ва дигар соҳаҳои ҳаёти давлатро муайян намуда, рушду нумӯъ бахшид, давраи Эмомалӣ Раҳмон хоҳанд номид.
Аз рӯзи эълони Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон беш аз ду даҳсола сипарӣ шудааст. Аз рӯи ченаки таърих ин муҳлати кӯтоҳ аст. Вале дар ин солҳо корҳои зиёде ба анҷом расиданд, таҳкурсии корномаҳои ояндаи халқи тоҷик, ки ҳаракати мунтазам ба сӯи пеш бидуни он имкон надорад, гузошта шуд. Мо дар хостанҳои худ басо бетоқатем, ҳама чизро зиёд ва дарҳол мехоҳем. Лекин агар ба роҳи тайшуда як назар афканем, бори дигар мебинем, ки аз чӣ оғоз намудему ба чӣ ноил шудем, ҳатман ба қадри ирода, қувва, қатъият ва дурандешии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасем.
Аз се ду ҳиссаи кори бузурги ақлоние, ки ҳар рӯзу ҳар соат Президент анҷом медиҳад, барои мо ниҳон мемонад, вале чӣ ҷолибанд онҳо барои нафарони ба тасвири замон, дидану қадр кардани инсони пурғайрату қобиле масъул, ки дар давраи мураккабу тақдирсоз натарсид, бори масъулияти бузурги қисмати халқу мамлакати хешро бар дӯш бигирад. Охир, ходими намоёни давлатиро лозим меояд, ки барои рафтору қарорҳои худ на танҳо рӯёрӯи муосирон, балки дар назди таърих ҷавоб бигӯяд.
Оре, аз се ду ҳиссаи кӯҳи муҳташам. Вале гуфтан нодуруст мебуд, ки он ду ҳисса ба дарку диди ботинии муҳаққиқи эҷодӣ дастнорасанд. Мо, хоҳем - нахоҳем, нақши шахсиятамон дар ҳама чиз, гуфтор, рафтор, муносибатамон бо атрофиён аён мешавад. Ва, агар ба касоне, ки мулоқот бо Президенти кишвар, шунидани суханрониҳояш муяссарашон гардидааст, якдилона аз самимият, ҷаҳду талоши ба ҳар як сокини мамлакат расондани фикру андешаи хеш, кушодадилӣ ва накухоҳиаш мегӯянд, асли ӯро дарк кардаанд.
Дар бораи Эмомалӣ Раҳмон бисёр гуфтаву навиштаанд. Вале он ҳама ҷиҳатҳои алоҳидаи шахсияти бисёрҷанбаи ӯст, чунки дунёи бойи маънавӣ, қобилияти тасхиркунандааш дар масъалаҳои таърих, маросиму анъанаҳо, фарҳанги халқи тоҷик, тафаккури фалсафии воқеият… - ин ҳама китобест, ки то ҳол аз назарҳо дур мондааст. Ва мо назди хеш вазифаи мураккаби ақаллан қисман нишон додани меъёрҳои маънавиеро гузоштем, ки шахсияти Президентро ташаккул додаанд, дар вуҷуди ӯ беназирӣ ва истеъдоди пешвои ҳақиқии миллатро парвардаанд.
Ин ҳама қиёсҳои даврони қаҳрамониҳои мозӣ ва имрӯз ба дарёфти сарчашмаҳое ёрӣ мерасонанд, ки корномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳияти шахсияти ӯро ташаккул додаанд, чунки дарахти тановар фақат дар замини файзбахш мерӯяд. Ва тасодуф нест, ки Президент ҳамоҳангии афкору ниятҳояшро дар таърихи халқи хеш меҷӯяд ва асарҳояш низ ба таърихи мамлакат ва миллати куҳанбунёди тоҷик бахшида шудаанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки он кас ояндаашро беҳтар месозад, ки гузаштаашро неку медонад.
Ато ҲАМДАМ, нависанда,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2017    №: 99    Мутолиа карданд: 76

28.05.2017


ХАТЛОН. Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонон

Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон. Чорабиниҳои идона дар Дубай ва Пекин

Як ҳамоиши муҳим

Гӯшаи кишоварз

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед