logo

иқтисод

РУШДИ БАХШИ ХУСУСӢ. МУШКИЛӢ ДАР ЧИСТ?

Муҳаррики асосии пешбарандаи иқтисоди миллӣ рушди бахши хусусии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳиссаи он дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 67 дарсадро ташкил медиҳад. Азбаски рушди ин бахш, аз ҷумла соҳибкорӣ, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, доир ба тақвияти шарикии давлат бо бахши хусусӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ва танзими фаъолияти иҷозатдиҳӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

Дар натиҷаи ислоҳот ва тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 292 ҳазор расид. Аммо дар самти фароҳам овардани фазои сармоягузории мустақим ва дастгирии соҳибкорӣ ҳанӯз баъзе монеаҳо ба назар мерасанд. Бештари онҳо ба низоми андозбандӣ, қарзҳои бонкӣ ва монеаҳои маъмурие, ки ҳангоми назорат ва санҷиши бемаврид аз ҷониби баъзе мақомотҳои санҷишӣ ба амал меоянд, вобастаанд.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид гардид, ки вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ бо назардошти таъсири омилҳои берунӣ ба соҳибкорон имтиёзҳои бештар доданро тақозо менамояд. Бинобар ин, ба мақомотҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои суръат бахшидан ба раванди саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот ва содирот дар асоси омӯзишу таҳлилҳои ҳамаҷониба механизми пешниҳоди дастгирии давлатӣ ва имтиёзҳоро барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони молу маҳсулоти ватанӣ пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, бо назардошти сатҳи баланди ҳамгироии иқтисодиёти кишварамон бо савдои байналмилалӣ ҷиҳати рақобатпазирӣ дар ҷалби сармоя ва бозорҳои молии ҷаҳон баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя муҳим арзёбӣ шуд. Дар ҷараёни таҳлил бештар масъалаи низоми андозбандӣ аз арзиши иловашуда мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Пешниҳод шуд, ки меъёри он аз 18 то ба 11 дарсад коҳиш дода шавад.
Руслан Қодирзод, сардори раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар ин бора иброз дошт, ки амалисозии механизми баробар кардани меъёрҳои низоми андоз бо андозҳои кишварҳои минтақа, хусусан Қирғизистон, бояд самараи дилхоҳ диҳад, яъне воридоти ғайриқонунии маҳсулот пешгирӣ гардад. Дар баробари ин, агар ҳатто тӯли ду сол ин механизм ба буҷети давлат таъсир гузорад ҳам, фаъолияти соҳибкорӣ бо назардошти зиёд гардидани шумораи субъектҳои хоҷагидор ва истеҳсоли ҳаҷми зиёди маҳсулот ба манфиат хоҳад буд. Ба ҳамин мақсад номгӯйи молҳои воридотие, ки аз андозу пардохтҳои гумрукӣ озоданд, аз ҷумла техникаю таҷҳизоти муосири ба истеҳсолот нигарондашуда аз 34 ба 65 расонда шуд.
 Амалисозии як қатор корҳои дигар низ барои бартараф сохтани мушкили соҳибкорон такони ҷиддӣ мебахшад. Инҳо кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва ташкили инфрасохтор, таъсиси бизнес - инкубаторҳо, пурзӯр кардани ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва рушди рақобат, таъсиси ниҳод оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон,  ҳамчунин, истифодаи механизми шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва дастгирию ҳавасмандии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони молҳои ватанӣ мебошанд.  Масалан, - гуфт Руслан Қодирзод, - таъсиси ниҳод оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон ва бизнес - инкубаторҳо ба соҳибкорон барои ҳимояи ҳуқуқҳо ва мукаммал гардондани дониши соҳавии худ имконият фароҳам меоваранд. Дар аксар маврид соҳибкорон маҳз бо ҳамин мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. 
О. ВАФОБЕКЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2017    №: 100    Мутолиа карданд: 428

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед