logo

сиёсат

ҲАДАФ - ТАҲКИМИ БОВАРӢ ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИНТАҚАВӢ

Даҳ  сол  қабл бо  ташаббуси  панҷ  кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон бо роҳи табодули номаҳо байни Дабири кулл ва раиси Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ таъсис ёфта буд. Марказ дар ин муддат чӣ корҳоро анҷом дод ва то куҷо ба ҳадафҳои пешбинишуда даст ёфт? Петко Драганов, роҳбари ин ниҳоди минтақавӣ ва намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» оид ба корҳои анҷомшуда ва дурнамои фаъолияти марказ назари худро чунин баён дошт:
- Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ дар давоми даҳ соли фаъолият ба як қатор дастовардҳо ноил гашт. Масалан, марказ ба ҳукумати кишварҳо барномаи амалро барои ҳалли муҳимтарин масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла идораи захираҳои табиӣ, муқобала бо хатарҳои фаромиллӣ, назири терроризм ва ифротгароии динӣ, ҷинояткории муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва кӯшишу талошҳои муштарак ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар Афғонистон пешниҳод намуд.
Аз ҷумлаи натиҷаҳои воқеии корамон мехостам Нақшаи муштарак оид ба татбиқи стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ-ро таъкид намоям, ки намояндагони воломақоми кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи ноябри соли 2011 тасдиқ карда буданд.  
Тавре маълум аст, ба амнияти кишварҳои Осиёи  Марказӣ омилҳои берунӣ, аз ҷумла вазъи ноороми Афғонистон, таъсиргузор хоҳад буд. Дар иртибот ба масъалаи мавриди назар, мо ҷараёни воқеаҳоро дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон, аз нуқтаи назари таъсири онҳо ба минтақа, таҳти назар дорем. Ҳадафи асосии мо таҳкими боварӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва ширкати фаъоли Афғонистон дар тарҳҳои муштараки байналмилалӣ мебошад. Дар ин самт пешравиҳо ба назар мерасанд. Масалан, тарҳи  интиқоли барқи Осиёи Марказӣ - Осиёи Ҷанубӣ (CАSА - 1000), бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард на танҳо ба истиқрори сулҳ дар Афғонистон, балки рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дар доираи омӯзиши вазъияти минтақаи Осиёи Марказӣ таҷрибаи  назарраси таҳлилӣ ба даст омадааст. Ба хотири таҳия ва татбиқи чораҳои саривақтию самаранок  мо роҳбарони сохторҳои СММ-ро мунтазам бо иттилооти зарурӣ таъмин менамоем. Соле  ду маротиба ман дар Шӯрои амнияти СММ бо гузориш аз кори анҷомдода ва таҳлили вазъияти минтақа баромад мекунам. Бо мақсади шиносоии бештар бо минтақа ва ҳалли мушкилоти мавҷуда марказ ташаббускори сафарҳои Дабири кулли вақти СММ ба панҷ кишвари Осиёи Марказӣ шуд. Дар нимаи якуми моҳи июни соли равон Дабири кулли тозаинтихоб Антониу Гуттериш низ аз Осиёи Марказӣ дидан хоҳад кард. Ин шаҳодати таваҷҷуҳи рӯзафзуни раҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид ба минтақа ва омодагӣ ба мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта мебошад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2017    №: 100    Мутолиа карданд: 522

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед