сиёсат
20 СОЛ МУҚАДДАМ...
Бист сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имзо шуд, ки боиси тағйирёбии сарнавишти давлати тоҷикон ва тақдири шаҳрвандони кишвари азизамон гардид. Ҳамин тавр, давлатдории миллии тоҷикон ҳифз шуд ва миллат аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Акнун шароити мусоиди ба зиндагии осоишта баргаштани сокинони кишвар ва ба такмили сохтори давлатӣ машғул шудан, ба миён омад.
Созишномаи сулҳ дар ҳаёти миллату давлат гардиши куллие буд, ки дар дили садҳо ҳазор ҳамватанони мо, ки иҷборан тарки Ватан карда буданд, шуълаи умедро фурӯзон гардонд. Дар бораи раванди сулҳи тоҷикон дар васоити ахбори омма бисёр маводи арзишманд ва ҷолиб чоп гардидаанд, аммо таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун падидаи нодири таърихию иҷтимоӣ ҳамчун илм ба таври мақсадноку системавӣ хеле кам ва сатҳӣ омӯхта шудааст. Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки мо, тоҷикон, таҷрибаи сулҳи худро ҳамчун як воситаи баромадан аз бунбастҳои иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ ва ҷамъиятӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаматарафа муаррифӣ намоем. Тавассути сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ташвиқ намудани таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар роҳи баланд бардоштани эътибори байналмилалии кишвари азизамон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва макони ҳамзистии ақидаҳои гуногун ва озодии инсону баён арзиши бузургеро дорост.
Ба назари мо, дар шароити ҷаҳонишавӣ фаҳмиши ваҳдати миллӣ бояд ҳарчи бештар қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ақаллиятҳои миллии сокинони Тоҷикистонро низ фаро гирад. Дар ҷумҳурии мо ҷамъияти бисёрмиллатӣ ташаккул ёфтааст. Аз ин рӯ, мафҳуми “ваҳдати миллӣ” дар кишвари мо маънои васеътар дорад. Ҳар як сокини кишвар бояд аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш ифтихор дошта бошад. Агар мо - сокинони Тоҷикистон моҳияти шаҳрвандиро чунин дарк намоем, он гоҳ ваҳдати миллии мо таҳким хоҳад ёфт. Ба васоити ахбори омма тавсия дода мешавад, ки аз мафҳумҳои умумиятбахше, ба монанди “шаҳрвандии Тоҷикистон”, “тоҷикистониён”, “сокинони Тоҷикистон”, “халқи Тоҷикистон”, “мардуми Тоҷикистон” бештар истифода намоянд.
Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мафҳуми “ваҳдати миллӣ” акнун на ҳамчун созиши ду ҷониб, балки ба маънои ҳамзистии тамоми намояндагони халқу миллатҳо, минтақаҳо, наслҳо ва ақидаҳо дар сатҳи кишвар фаҳмида мешавад. Чунин арзишҳои миллӣ Ватану ватандӯстӣ, Тоҷикистони соҳибистиқлолу дунявӣ, манфиатҳои миллӣ, сулҳу ваҳдати ҳамагонӣ, рушду пешрафти кишвари азизамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, зиндагии сазовор ва некуаҳволии ҳар фарди солимфикр, озодандеш ва ватандӯст барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз, новобаста аз миллат, маҳал, ақидаҳои сиёсӣ бояд арзишҳое бошанд, ки атрофи он тамоми тоҷикистониён муттаҳид шаванд, якдилу яктан бошанд.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.05.2017 №: 101 Мутолиа карданд: 588