logo

сиёсат

ВАҲДАТ ОИНАИ БАШОРАТҲОСТ

Ваҳдат мисли як сарчашмаест, сарчашмаи поку зулолу шодобу фараҳбахш. Ҳамон сарчашмае, ки аз он ҷӯйбору рӯдҳои зиёде оғоз мегиранд, ҷорӣ мешаванд, ҳам ташнагии моро мешикананд, ҳам зиндагии моро шодоб месозанд. Аз шукӯҳу таровати онҳо ҳама ҷо сарзабзу шукуфон, ҳама ҷо борвару пурфайз. Ҳамин сарчашма аст, ки зиндагии моро низ сабзу хурраму шукуфон медорад. Аслан шарофати зиндагии мо, ҳосили дарахтони мо, ҳосили зироатҳои мо, покиву озодагии мо, тани сиҳату сари баланди мо, аз ҳамин сарчашмаи  зиндагиофар аст. Оре, ваҳдати миллии моро метавон ба ҳамин сарчашма  шабоҳат дод.
Ваҳдати миллӣ кафили  ҳастии мову миллати мост. Аз ин рӯ, ҳамин ваҳдат аст, ки моро  сарварӣ мекунад, ҳамин ваҳдат аст, ки  раҳнамои мост. Ваҳдат моро масъул ва вазифадор месозад, ки онро устувор нигоҳ дорем, зеро  муттакои мост, зеро бе он ҳастии мо зери хатари шубҳаву ноумедиҳо мемонад.
Биёед ба ёд орем, ки нотифоқӣ, парокандагӣ дар оғози истиқлолият ба мо чӣ овард? Мо натавонистем дар лобалои аввалин имтиҳони тақдир ба сабаби нотифоқиамон истодагароӣ кунем. Моро душманон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд ва содалавҳонаву зудбоварона инро қабул кардем, ба доми иғвои душман афтодем. Бубинед, ҷанги  бародаркуш чӣ даҳшатҳое бар  сари мо овард. Бори дигар ин санадҳоро ба ёд меорему худро, насли навинро ҳушдор медиҳем. Дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992 - 1997 беш аз сад ҳазор одам ҷони худро аз даст дод, 25 ҳазор зан бе шавҳар ва 55 ҳазор кӯдак ятим монд. Зарари молиявии кишвар 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
Суханҳое, ки чун барқ дар он рӯзгори тира дурахшиданду моро умедвор намуданд, инҳо буданд: “ Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард!”, “Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳ меорам!”, “То як тоҷик берун аз Ватан қарор дорад, ман худро ором ҳис карда наметавонам.” Ин суханҳои бо самимияти баланди ватандӯстона гуфтаи Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишашон дар он буд, ки дар паси онҳо  амалҳои содиқонаву ватандӯстона меистоданд.
Ваҳдати миллӣ наметавонад бо як шиорзанӣ, бо лофу газоф, даъвоҳои беасосу бепоя бунёд ёбад. Месазад, ки ҳар яки мо худро хишту соруҷи  пойдевору бораҳои ин бино созем, то онро нахуст дар вуҷуди худ ва дар пайкари худ бунёд намоем.
Чандин омилҳо ва далелҳое ҳастанд, ки моро ба устувории ваҳдати миллӣ умедвор мекунанд. Нахуст, имтиҳони ҷанги шаҳрвандӣ, ки миллати мо тавонист онро пушти сар кунад, дувум хиради зотии халқи мо, ки дар имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ зуҳур ёфт.
Миллати некуманиши мо, ки ҷабри парешониву нотифоқиҳоро на кам дидааст, бештар аз ҳар миллати дигар моил ба ягонагиву ваҳдат аст. Ҳамин асос шуд, ки созишномаи таърихӣ имзо шавад. Албатта, нақши  барҷаставу дурахшони Пешвои муаззами миллатро дар ин маврид  наметавон нодида гирифт.
Агар мо хоҳем муҷассамае барои ваҳдати худ гузорем, гумон мекунам ин муҷассама дар симову шахсияти Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон кайҳо зуҳур кардааст. Чеҳраи Пешвои мо худ чеҳраи ваҳдат аст, дасту бозуву  ҷисму ҷони ӯ, неруву муҳаббати инсониву шаҳрвандии ӯ бо обу хоки ваҳдати Ватан сиришта шудааст. Зеро ҳақиқат ин аст, ки ин шахсияти ҷаҳонӣ ваҳдатро бо ҷисму ҷони худ, бо ҷисму ҷони халқи худ пайваста бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт.
Сулҳу ваҳдат дар таълимоти дини мубини мо низ болотар аз ҳама чиз, ҳатто рӯзаву намозу садақа гузошта шудааст. Расули акрам (с) гуфт: “Бигӯям шуморо, чист, ки аз намозу рӯзаву садақа фозилтар аст?”, Гуфтанд: “Бигӯй!” Гуфт: “Сулҳ афкандан миёни мусулмонон.”
Оре, ваҳдати миллӣ, ин дастоварди хуҷаста  барои миллати мо  ба осонӣ ба даст наомадааст. Мо хуб медонем, ки чӣ талошҳову ҷоннисориҳое аз ҷониби фарзандони наҷиби миллати мо, хусусан Пешвои миллатамон  ба амал бароварда шуданд, то ки мо ба ин дастоварди беназири таърихӣ ноил гардем ва имрӯз бо ифтихор  20 - солагии онро тантана намоем. Имрӯз мо бояд андеша дар сари он кунем, ки чӣ гуна ин дастоварди беназири таърихии халқамон – ваҳдати миллиро на танҳо маҳфуз дорем, балки тақвият бахшем, комилу пойдор ва бегазанд гардонем?
Барои ин, аввал мо бояд суоле пеши худ гузорем: он чист, ки ваҳдати миллӣ бар он асос меёбад? Чӣ сутунҳое бояд бунёд кард, то тавонанд бори ваҳдати миллиро бар дӯш бардоранд? Ба гумони банда дар ин маврид чанд омили асосӣ нақши ҳалкунанда хоҳад дошт.
Омили аввалине, ки метавонад миллатро ба ҳам орад, ҳадафи бузург ва тақдирсози миллист. Халқҳоро ҳадафи бузург ба ҳам меорад ва раҳнамоӣ мекунад. Ҳадафи бузург аст, ки ба онҳо бовар ва неру мебахшад.
Дуюм, ваҳдат ҳамон вақт пойдор хоҳад буд, ки бар адолати иҷтимоӣ ва аслан бар адолат асос ёфта бошад ва ин яке аз омилҳои тақдирсози ваҳдат аст. Зеро асоси ваҳдат адолат буда, ваҳдат  ва ягонагии  мардум,  пеш аз ҳама, ба адолат ниёз дорад ва бо  адолат қавист.
Сеюм, бе худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, дарки рисолати миллӣ, ба даст овардани ваҳдати миллӣ номумкин аст.
Чаҳорум, таҳким ва риояи қонуният дар кишвар, иҷрои бечунучарои он. Табиист, ки қонун, ягонагӣ ва мувозинат дар ҷомеа асоси бунёди ҳар бино, аз ҷумла бинои ваҳдати миллист.
Панҷум, раҳнамои худ намудани хирад ва сабақҳои таърих, ки дар собиқаи миллии мо кам нестанд.
Шашум ва аз ҳама ҳалкунанда-ҳадафи асосии худ қарор додани ташаккули шуури миллӣ, манфиатҳои умумимиллист. Зеро ваҳдат кафили асосии  рушди давлату миллатамон хоҳад буд.
Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистони азизи мо соҳиби Пешвоест, ки омилҳои номбурдаро сармашқи кори худ намудааст ва он фирӯзиҳое, ки халқи мо дар бунёди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи  Тоҷикистон  ба даст овардааст, маҳз бо риоя ва амалӣ намудани ин омилҳои тақдирсоз таҳти сарварии ӯ ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар бунёди ваҳдат, таҳким ва ҳимояи он мо бояд сифатҳои зотӣ, одобу анъанаву суннатҳои халқамонро ба назар гирем, ки бе донистани он шояд натавонем бинои ваҳдатро бе костиҳо бунёд кунем. Халқи мо некманиш, хайрхоҳ ва дар баробари ин, содадилу зудбовар аст. Ин аст, ки дар оғози истиқлолият душманонаш тавонистанд  аз ин истифода кунанд. Ва дар таърихи куҳанаш ҳам ин хушбовариҳо на ба манфиати ӯ будааст ва инро мо бояд чун сабақ дар ёд дошта бошем.
Аммо банда бовар дорам, кулли мардум, халқи хирадпешаи тоҷик, ки ҷабри таъриху сарнавиштро бисёр дидааст, таҳти сарварӣ ва раҳнамоии Пешвои ҷоннисору халқпарварамон имрӯз бо тамоми муҳаббату садоқат ба хоки муқаддаси худ, бо тамоми он хиради зотие, ки доранд, ин дастоварди беназири таърихии худ-Истиқлолияти давлатиро на танҳо пуштибонӣ мекунанд, балки ҷоннисорона онро таҳким мебахшанд  ва дар ин ҷода неру, раҳнамо ва кафили онҳо ваҳдати миллии халқамон хоҳад буд.
Камол  НАСРУЛЛО,
шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2017    №: 102    Мутолиа карданд: 891

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед