logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР САММИТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОЛАМИ АРАБУ ИСЛОМ ВА АМРИКО

20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нахустин саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

***

21 майи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори нахустин саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар маркази ҳамоишҳои байналмилалии Шоҳ Абдулазиз баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи мамлакати Арабистони Саудӣ, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд самимона истиқбол гирифт.
Дар кори саммит сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои  55 кишвари олам иштирок карданд.  Қабл  аз  оғози  чорабинӣ маросими аксбардории  иштирокчиёни саммит баргузор шуд. Ҳамоиши сатҳи баландро, ки ба мавзӯи таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо, муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои бузургу глобалии ҷомеа - терроризму ифротгароӣ бахшида шуда буд, бо сухани муқаддимавӣ Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ифтитоҳ намуд. Сипас Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп сухан ронд.
Дар суханронии худ Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмондиҳандагони чорабинӣ  барои меҳмоннавозии олӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки муҳим аз ҳама зарурати баррасиву муҳокимаи мавзӯъҳои дар маркази нигаронии амиқи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ қарордошта, ҳамагонро дар ин рӯз  ҷамъ овардааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар терроризм ва ифротгароиро, ки  ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфтааст, маҳкум намуда, аз иштирокчиёни иҷлосия барои дарёфти  роҳҳои муассири решакан кардани сарчашмаҳои дастгирии сиёсӣ, низомию  молиявӣ  ва пешгирӣ аз оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавии ин таҳдидҳои ҷаҳонӣ   даъват ба амал оварданд.
Бо таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  истифодаи сиёсати “меъёрҳои дугона” яке аз омилҳои ба таври фарогир татбиқ нагардидани иқдомҳои ҳамоҳангшуда буда, бар асари мавқеъгирии духӯра нисбат ба хостаҳои ифротиву террористӣ, гурӯҳҳои тундгаро мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии бархе аз бунёдҳову созмонҳои ба ном ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои дигар қарор гирифтаанд.
Дар суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ аз ҷуғрофияи паҳншавии   терроризм ва ифротгароӣ дар шаклу усулҳои  боз ҳам даҳшатноктар, ки  хатари аз байн рафтани кишварҳо, ҳалокати садҳо ҳазор нафарони бегуноҳ  ва харобиву хисороти бемисл дар пай доранд, инчунин, кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини ислом ва суиистифода аз номи поки он ёдовар шуданд.
Бо ёдоварӣ аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он доштанд, ки ин таҷриба бори дигар собит сохт, ки ҳама гуна неруҳое, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки хеш аз номи поки ислом суиистифода мекунанд, ҳаргиз мавриди пуштибонии ҷомеа қарор нахоҳанд гирифт.
Дар идомаи суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир  ба ноамниҳо  дар кишварҳои алоҳидаи Ховари Миёна ва вазъияти мураккаби сиёсию низомии Афғонистон фикру мулоҳизаҳои судманд иброз дошта,  мавқеи   Тоҷикистонро   дар ҳалли мушкилот ва пешгирию маҳкум намудани  хатарҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ  таъкид намуданд.
Дар хотима Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти рӯзафзуни гуфтугӯи тамаддунҳоро бар асоси баробарӣ, эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулгароӣ, шаффофият ва ягонагии сухану амал бори дигар таъкид карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиши имрӯза  таъсиргузор ва ҷавобгӯи ормонҳои сулҳу суботи ҷомеаи кишварҳо  хоҳанд буд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2017    №: 102    Мутолиа карданд: 503

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед