logo

иқтисод

СИФАТИ МАҲСУЛОТ. ВАҚТЕ ОН БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ НЕСТ…

Дар фурӯшгоҳҳои ноҳияҳои Тоҷикободу Лахш зимни аз ташхиси Маркази ташхиси минтақавии ноҳияи Лахш  гузарондани намунаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ 42 намуди маҳсулот бинобар сабаби ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯй набудан аз муомилот бароварда  шуд.
Қосимҷон Муродов, директори Маркази ташхиси минтақавии ноҳияи Лахш, зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки озмоишгоҳҳои маҳсулоти хӯрокворӣ 255 намуди маҳсулот, шуъбаи маҳсулоти нафтӣ 120 нуқтаи фурӯш, шуъбаи воситаҳои ченак 503 тарозуи гуногунтамға ва 1556 ҳисобкунаки барқиро аз ташхис гузаронда, дар натиҷа 28 тарозу ва 64 ҳисобкунаки корношоямро ошкор сохтанд.
Бино ба гуфтаи ӯ, марказ 162 нуқтаи хизматрасониро дар ин ноҳияҳо бо сертификат таъмин намуда, ба нуқтаҳои хизматрасонӣ 57 санади санҷишӣ, 17 амрияи манъи фурӯш, 30 амрияи ислоҳ содир кардааст. Нисбат ба 8 нафар соҳибкор  бинобар сабаби поймол кардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 2240 сомонӣ ҷарима таъйин шудааст.
Дар натиҷаи рейдҳои муштарак дар 130 нуқтаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ камбудиҳо ошкор шуданд ва нисбат ба соҳибони онҳо муҷозоти гуногун татбиқ гардиданд.
Аз 123 нуқтаи савдо намунаи молҳои истеъмолӣ дар озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрока санҷида шуда, маҳсулоти муҳлаташон гузашта аз нуқтаҳои фурӯши хӯрокворӣ гирифта, нобуд карда шуданд.
Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон зери назорати қатъии давлат  қарор дорад. Ҷойи таассуф ин аст, ки ҳанӯз ҳам аз ҷониби баъзе соҳибкорону тоҷирон дар ин ҷода ҳуқуқвайронкуниҳо ба назар мерасанд. Чунин қонуншиканҳо ҳатман фош ва муҷозот мешаванд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2017    №: 103    Мутолиа карданд: 276

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед