logo

иқтисод

МУТОБИҚАТ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ ЛОИҲАҲО ЧӢ ГУНА ҶАРАЁН МЕГИРАД?

Тавсеаи  иқтидори  истеҳсолии деҳот, идоракунии захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани қобилияти устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим – ҳадафи асосии лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» мебошад. Раванди амалишавии ин лоиҳа дар муассисаи давлатии «Душанбе - плаза» зимни конфронси навбатии солона натиҷагирӣ шуд.
Ҳамоҳангсози лоиҳа Зафар Маҳмудов иброз дошт, ки дар татбиқи лоиҳа аҳолии деҳот бо ҷалби гурӯҳҳои мақсаднок ва ташкили гурӯҳи хоҷагиҳо, ҳамчунин, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони захираҳо ва ҷамоатҳо саҳми пешбаранда гузошта, ба истифодаи самараноки чарогоҳҳо, оби дохилихоҷагӣ ва барқарорсозии инфрасохтори маҳал дар 13 ноҳияи пилотӣ муваффақ шудаанд.
Лахш яке аз ин ноҳияҳои пилотӣ ба ҳисоб меравад. Дар ноҳия вобаста ба мушкилоти деҳаҳо 205 гурӯҳи мақсаднок ташкил шуда, айни ҳол 197 лоиҳа (ба миқдори 5 миллиону 446 ҳазору 873 сомонӣ) маблағузорӣ гардидааст. Бештари лоиҳаҳо рушди соҳаи парандапарварӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси гармхонаҳоро фаро мегиранд.
Раҳмиддин Раҳимбеков, мушовири техникии лоиҳа дар ноҳия, гуфт, ки татбиқи зерлоиҳаҳо бо назардошти ҷалби занон ба истеҳсолот сатҳи зиндагии мардуми деҳаро беҳбуд мебахшад.  Масалан, 25 хоҷагии ноҳияи Лахш (бо ҷалби 220 нафар зан), ки бо таҷҳизоти коркарди шир таъмин шудаанд, ба тавлиди номгӯи маҳсулоти ширӣ машғуланд. Онҳо бо зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ба фурӯш баровардани он даромади оилавии худро афзун месозанд. Дар маҷмӯъ шумораи чунин хоҷагиҳо, ки аз рӯйи нақшаи лоиҳавӣ 21 ҳазор пешбинӣ шуда буд, бо ҷалби маблағҳои иловагӣ (яъне 2 миллион сомонӣ аз ҷониби хоҷагиҳо) ба 43 ҳазор хоҷагӣ расид. Ин 85 дарсади нақшаро дар бар мегирад. 15 дарсади он ба ноҳияи Фархор ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон рост меояд, Айни замон пешниҳоду дархости гурӯҳи хоҷагиҳои ин минтақа дар доираи амалишавии 300 зерлоиҳа мавриди омӯзиш қарор дорад.
Дар самти идоракунии экологӣ ва захираҳои табиӣ вазъ низ бо назардошти беҳтар гардидани ҳолати 12 ҳазор гектар замин беҳбудӣ ёфтааст. Аз ҷониби гурӯҳҳои мақсаднок ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони захи-раҳо дар доираи лоиҳа корҳои тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, насби лӯлаҳои обгузар ва обпарто, ташкили қитъаҳои намоишии парвариши зироатҳои ба хушкӣ тобовар, ҳамчунин, бунёди боғҳо бо усули қатрагӣ ва ҳамвор кардани заминҳои обёришаванда анҷом ёфта, сатҳи зиндагии мардуми деҳот нисбатан беҳтар гардонда шуд. Иҷрои ин гуна корҳо ва таъмини эҳтиёҷоти аҳолии деҳот ба таҷҳизоти аз ҷиҳати экологӣ бехатар имконият медиҳад, ки онҳо ба идоракунии захираҳои табиӣ ва мутобиқат ба тағйирёбии иқлим ноил гарданд. Дарки моҳияти ин масъала аз ҷониби аҳолӣ хеле муҳим мебошад. Аз тарафи масъулони лоиҳа дар деҳот ва ҷамоатҳо баргузор кардани тренинг – омӯзиш, ташкили системаи иттилоотии идоракунии дониш ва паҳн намудани ахбори истифодаи методҳои устувори идоракунии замин як қисми аҳолиро ҳавасманд гардонд. Вале ин ҳанӯз кифоя нест.
Мубодилаи таҷриба ва дониш ба сокинони деҳот имконият медиҳад, ки ба методҳои инноватсионӣ гузаранд. Ба воситаи методҳои инноватсионӣ самаранокии истеҳсолоти деҳот беҳтар, таназзули замин камтар мешавад ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим баланд мегардад.
Лоиҳа бо тавонмандии ба даст овардани манфиатҳои муҳими экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои пешгирӣ ва паст кардани эрозияи замин, беҳтар гардидани ҳолати чарогоҳҳо бо усули барқарорсозии биогуногунии экологии чарогоҳҳо,  беҳтар намудани сифати хок ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ, ҳамчунин, баланд бардоштани таъминоти устувори барқ ва манбаъҳои барқароршаванда, такмили самаранокии истифодабарии захираҳои обӣ ва амсоли инҳо, ки  аз проблемаҳои асосии деҳотанд, таъсири бевосита мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳа аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва Фонди глобалии экологӣ амалӣ мешавад. Муҳлати татбиқи он то моҳи майи соли 2018 аст.
О. ВАФОБЕКЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2017    №: 103    Мутолиа карданд: 447

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед