logo

сиёсат

МАСИРИ МУРАККАБ. АЗ ПАРОКАНДАГӢ ТО ИТТИҲОДИ ВОҚЕӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гаштан баҳри ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ кӯшиши зиёд намуданд. Баргардондани гурезаҳо ба макони доимии зисташон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт, ки дар он вазъияти мураккаб кори саҳлу осон набуд.
Барои ба ин ҳадаф расидан 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон» ба тасвиб расид. Дар ин росто 6 январи соли 1993 Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ «Дар бораи сафари ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Исломии Афғонистон» қабул шуд. Мувофиқи қарори мазкур барои иштирок дар музокироти байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷиҳати ҳалли масъалаи ба Ватан  баргардондани фирориён дар ҳайати 19 нафар намояндаи Тоҷикистон тасдиқ гардид. Ҳайати мазкурро лозим  омад, ки чанд маротиба бо фирориён, намояндагони мухолифон вохӯрию суҳбатҳои тӯлонӣ  намояд.
Вақте дар ин мавзӯъ бо як узви гурӯҳи ҳукуматӣ суҳбат доштем, ӯ лаҳзаи вохӯрӣ бо ҳамватанонамонро дар Афғонистон ба хотир овард. Вохӯрии онҳо дар бемористоне, ки чанде аз фирориёни тоҷик табобат мегирифтанд, сурат гирифт. Ба саволи онҳо, ки оё хоҳиши ба Ватан баргаштан доред,  беморе чунин ҷавоб медиҳад:
- Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам  ошност.
Ин ҷавоб моро мутаассир кард. Маълум, ки гурезаҳо пазмони Ватани аҷдодианд.
Муроҷиатномаи Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фирориён дилгармӣ ва эътимод ба ояндаи некро мебахшид: «Моҳҳост, ки гуфтушунидҳои самарабахш бо неруҳои гароишҳои мухталифи сиёсӣ  ҷорист ва мо азми қавӣ дорем, ки ҷиҳати тафоҳуми комили ҳама фарзандони модари тоҷик онро давом диҳем. Бародар аз пайи кини бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки шумо имрӯзу фардо боз хоҳед баргашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард».
Дар роҳи сулҳу ваҳдат қавлу амали Сарвари давлат як буд. Дар шароити душвор ба минтақаҳое сафар мекарданд, ки муқовиматҳои мусаллаҳона идома доштанд. Сарвари давлат 14 майи соли 1994 бо мардуми ноҳияи Ғарм мулоқот намуданд, ки муҳтавои асосии он сулҳу ваҳдат буд. Ба мардум муроҷиат карда, гуфтанд, ки мо бояд дар атрофи як ҳадафи бузург -  бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ба ин васила ба даст овардани ваҳдати миллӣ муттаҳид шавем.
Саъю талоши роҳбарияти олии мамлакат дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа нек амалӣ мешуд. Нахустин фирориён аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ватан баргаштанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар истгоҳи роҳи оҳани Хушодии ноҳияи Шаҳритуз 2 сентябри соли 1994 онҳоро истиқбол гирифтанд.
Бо кӯшиши зиёд роҳ ба сӯи сулҳу ваҳдат кушода мешуд. Ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии ҳалли мушкилот ва расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ тақвият меёфт. Ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Сулҳу ваҳдат бо заҳмат ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо гашт.
Дар як давраи нисбатан кӯтоҳ ва бо роҳи ғайринизомӣ, яъне музокироти сиёсӣ хомӯш кардани оташи ҷанги дохилӣ, ки Тоҷикистон гирифтори он гашт, дастоварди нодир ва таҷрибаи омӯзанда ба шумор меравад. Чунин баҳогузорӣ ба сулҳи тоҷикон асоси воқеӣ дорад. Ободию таъмини амнияту осудагии мардум вазифаи ҳар сарвари давлат аст. Аммо на ҳар сарвари интихобгардида пеши роҳи  фоҷиа ё ҷангро гирифта  метавонад. Агар чунин намебуд, ҷангу нооромиҳои Афғонистон, Шарқи Наздик ва минтақаҳои дигари олам солҳои тӯлонӣ давом намекарданд.
Бо ҳамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвару мардумро аз харобию парокандагӣ наҷот доданд ва ба идеологияи ваҳдати миллӣ асос гузоштанд. Ин хизмати бебаҳои Сарвари муаззами давлат дар арсаи байналмилалӣ эътироф ва аз ҷониби сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохта баҳогузорӣ шудааст. Нависандаи арсаи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов дар бораи раванди сулҳи тоҷикон изҳори ақида намуда, навиштааст: «Дар муддати хеле кӯтоҳ ба мувофиқа расидани тарафҳои ҷангзада бозёфти нодир дар ҷодаи сулҳофарӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳал намудани қазияи ҷанги шаҳрвандӣ аз дигар намуди ҷангҳо душвортар аст. Ҷаноби Раҳмонов рисолати сулҳро ҷавонмардона ба  даст гирифт».
Узви парлумони Аврупо аз Ҳизби халқии Тиропи ҷануби Италия, роҳбари Шӯрои Ҳизби халқии Аврупо, ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи дӯстии парлумони Аврупо ва Тоҷикистон Херберт Дофман таҷрибаи Тоҷикистонро дар барқарор намудани сулҳ ва расидан ба ризоияти миллӣ таҳти ҳимояи СММ муҳим арзёбӣ карда, гуфтааст, ки дар бартараф сохтани муноқишоти миллӣ дар дунё метавон аз он ба сифати намуна истифода бурд.
Маҳбубияти Пешвои миллат ҳамчун бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва меъмори сулҳу ваҳдат бесобиқа аст. Ин ҳарфҳои самимӣ дар баромадҳои иштирокчиёни Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар маҷлиси  тантанавӣ бахшида ба 2500 - солагии Истаравшан, 10 сентябри соли 2002, бо эҳтироми хоса садо доданд. Озарахши Ҳафизӣ (Олмон) дар баромадаш аз ҷумла зикр кард: «Ифтихори  бузург аст, ки Шумо дар дили ҳамаи ҳамзабонон ва ҳамфарҳангон на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки бисёр дуртар аз марзҳои Тоҷикистон – Амрико, Олмон, Фаронса, Бритониё, Австралия ва ҳар ҷое, ки қаламрави густурдаи фарҳанги мост, ҳузур доред. Ба Шумо меҳр меварзанд, холисона ва бидуни эҳтиёҷ ва ниёз эҳтиром мегузоранд. Ин ифтихори бузургест, ки камтар насиби як роҳбар дар замони ҳозира шудааст».
Беҳтарин таманниётро нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ин ҳамоиш Асомиддини Қиёмиддин аз Арабистони Саудӣ баён медорад:
«Ваҳдат дар якдинӣ, якоинӣ, ҳамзабонӣ, якдиливу якрангӣ, якпорчагӣ ва билохира яктоҷикии саросарии ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Сардори тоҷикони ҷаҳон аст, ки месазад гӯем:
Зинда бод ҳамбастагии халқи тоҷик дар ҷаҳон, Парчамаш бодо баланду хоки покаш дар амон».
Аъзам МӮСОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2017    №: 103    Мутолиа карданд: 808

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед