logo

номаҳо

ДУНЁ БА УМЕД АСТ

Бо вуҷуди ҳамаи пешравию дастовардҳо дар соҳаи маориф, сохтмону таҷдид ва таъмири ҷориву пурраи садҳо муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз ҳам дар ин самт камбудиҳо ҷой доранд. Албатта, бовар ҳаст, ки онҳо ба тадриҷ рафъ мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 50 - и ба номи Шариф Каримови деҳаи Обҷувози шаҳри Истаравшан ҳанӯз соли 1959 ба таври ҳашар бунёд гардида буд. Як қисми ин муассисаи таълимӣ пурра корношоям шуда буд. Аз ин рӯ, соли таҳсили 2008 – 2009 бо роҳбарии шахсони масъул ва кумаку дастгирии сокинони деҳа ба тарзи ҳашар 10 синфхонаи иловагӣ сохтанд. Бунёди таҳкурсии  бино ба соли 1970 рост омада, айни ҳол дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Мизу курсиҳо шикастаанд. Таҳсил дар ин ҷо аз ҷониби мақомоти дахлдор манъ карда шуда бошад ҳам, бо вуҷуди ин, масъулони соҳаи маориф нарасидани синфхонаҳоро асос намуда, иҷозат доданд, ки дар он хонандагон таҳсилро идома бидиҳанд. Суоли матраҳ он аст, ки масъулон оё чунин ваколат доранд?
Дар ин мактаб 668 нафар хонанда дар ду баст таҳсил менамояд.
Мактаб толори маҷлисгоҳ, китобхона, майдони варзиши ҷавобгӯи талаботи даврро соҳиб нест. Балки одитарин шароити инкишофи ҷисмию зеҳниро надорад.
Ба мақомоти дахлдори шаҳру вилоят дар ин маврид борҳо муроҷиат намуда бошем ҳам, ҷавобҳои умедворкунанда надодаанд.
Ҳамин тавр, ин масъала чандин сол боз ҳалли дурус-ти худро намеёбад ва мушкилот ҳамоно боқӣ мондааст. Бовар дорем, ки ин бор баъди нашри матлаб дар гӯшаи дӯстдоштаамон «Шаҳрванд» масъулон моро дуруст мефаҳманд ва дар ҳаллу рафъи он даст мегиранду саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ба ҳар ҳол дунё ба умед аст.

Муҳаббат НОРҚУЛОВА, Маматқул ЮЛДОШЕВ,
Азиз ДОДОКАЛОНОВ, Абдуғаффор
 БОБОКАЛОНОВ, Хуршеди АЗИЗ, Маҳканом ИНОМ, Абдуваҳҳоб УМОНОВ ва дигар сокинони деҳаи Обҷувозишаҳри Истаравшани вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2017    №: 104    Мутолиа карданд: 2638
28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ

НАВИДИ ФАРҲАНГ

19.09.2022


Туҳфаи Пешвои миллат ба хона-музейи Садриддин Айнӣ

Мулоқоти Путин бо Си Ҷинпин

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

РӮЗҲОИ СИНАМО ДАР ТОШКЕНТ

16.09.2022


ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ ҶАШНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед