logo

иқтисод

ИСФАРА. 32 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ОБОДОНӢ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тайи чанд моҳи ахир ба мушкили иҷрои нақшаи андози давлатӣ мувоҷеҳ гардидааст. Барои ҳалли ин масъала мутахассисони мақомот тадбирҳои мушаххас андешида, ҳамкориро бо бахши хусусӣ вусъат додаанд.
Танҳо дар чор моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони шаҳри Исфара маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ равона гардид, ки нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб зиёд мебошад. Аксари маблағҳо барои анҷоми корҳои ободонию созандагӣ равона шудаанд. Масалан, барои азнавсозии боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ, воқеъ дар маркази шаҳр, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳаҷми 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Иқдому ташаббусҳои пешгирифтаи мақомоти маҳаллӣ дар самти бунёдкорию созандагӣ аз ҷониби соҳибкорон дастгирӣ меёбанд. Дар баробари ин, пешрафти дигар соҳаҳо аз дуруст ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯз ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ низ вобаста мебошад. Дар ин самт Исфара миёни дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ҷумлаи муваффақтаринҳост. Бо дарки муҳимияти ин масъала мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар оғози сол баъди танаффуси тӯлонӣ боз бахши робитаҳои хориҷиро бо шакл ва симои нав таъсис дод.
Мудири бахши робитаҳои хориҷии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Маъруфҷон Бузургхоҷаев гуфт, ки  дар шаҳр татбиқи 24 лоиҳа бо маблағи зиёда аз 30 миллион сомонӣ ҷараён дорад. Инҳо лоиҳаҳои «Парма кардани чоҳи оби зеризаминӣ дар маҳаллаи Тоҷикони Ҷамоати деҳоти Ворух», «Чароғон кардани кӯчаҳои наздисарҳадии деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ», «Тоза намудани канали деҳаи Сурхи Ҷамоати деҳоти Сурх» мебошанд, ки бо дастгирии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкории наздисарҳадӣ барои таъмини сулҳи устувор ва рушд дар мавзеъҳои наздисарҳадии шаҳру деҳоти Исфара амалӣ гардида, то имрӯз ба миқдори 960 ҳазор сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст. Ҳамчунин, амалӣ шудани лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи деҳоти водии Фарғона»,  имкон фароҳам меорад, ки  аҳолии деҳоти Чилгазӣ ва Кӯлканд пурра бо оби нӯшоӣ ва полизӣ таъмин бошанд.
- Айни ҳол мушкили асосии сокинони шаҳраку деҳот норасоии оби нӯшиданӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, таъмини аҳолии деҳоти Ворух бо оби нӯшиданӣ ба масъалаи актуалӣ табдил ёфтааст. Дар ноҳия ҷӯйборҳои худҷорӣ қариб, ки нестанд ва зиёда аз 90 дарсади  обёрӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ сурат мегирад. Ҷиҳати таъмини боғоти деҳоти Ворух ду чоҳи амудӣ барои обёрии 23 гектар боғи нав мавриди истифода қарор гирифт. Аҳолии деҳаи Бедаки  ин ҷамоат низ аз беобӣ танқисӣ мекашанд. Ба ин хотир, бо ҷалби маблағгузории созмонҳои хориҷӣ дар деҳа як чоҳи амудӣ бунёд шуд. Чунин иқдом дар маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ низ сурат гирифт: зиёда аз 200 километр канал тоза карда, аҳолӣ бо оби полизӣ таъмин гардид. Баъди барқарорсозии иншооти обӣ кишоварзон тамоми фасли сол бо об таъмин мешаванд.  
Дар деҳаи Навгилем бошад, татбиқи лоиҳаи «Оид ба таъмини оби нӯшиданӣ» оғоз ёфт. Дар доираи он бошандагони деҳаи Кӯлканд пурра бо оби тоза таъмин шуданд.
Дар маҷмӯъ, тайи чор моҳи соли равон маблағи 32 миллион сомонӣ мақсаднок истифода шуда, чандин мушкили иқтисодию иҷтимоии шаҳрро осон кард. То охири сол бо ҷалби  шарикони рушд ба 53 миллион сомонӣ расондани маблағҳо ҷиҳати ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла ободонӣ, дар назар аст, - иброз дошт Маъруфҷон Бузургхоҷаев.   
 Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2017    №: 104    Мутолиа карданд: 229

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед