logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, шаҳри Душанбе, 23 майи соли 2017

Ҷавонони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки яке аз ҷашнҳои фараҳбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, самимона табрик мегӯям.
Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон созам, ки пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар эълон гардидааст. Зеро асри ХХI ҳамчун даврони пешрафти бесобиқаи илму технология, моро водор месозад, ки барои тарбияи истеъдодҳо аз ҳисоби насли наврасу ҷавони кишвар, яъне ба воя расондани кадрҳои замони нав ва номбардорони ояндаи миллат, аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҷиҳати таълиму тарбияи шоиста ва камолоти маънавию ҷисмонии онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам созем.
Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози ба даст овардани истиқлолият ҳанӯз соли 1992 бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд, ки иқдоми зикршуда нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хосаи давлат ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.
Бояд гуфт, ки маҳз бо қабули ҳамин санад барои тарбияи насли замони нав, яъне ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва дорои тафаккури муосир, заминаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Самараи иқдомоту дастгириҳои доимии Ҳукумат аст, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон барои ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони ҷавон ва беҳтар гардондани вазъи иҷтимоиву иқтисодии онҳо пайваста кӯшиш дорад.
Дар ин росто, ҷалби ҷавонон ба илм ва азхудкунии техникаву технологияҳои муосир аз самтҳои муҳими сиёсати давлати мо ба шумор меравад. Мо чунин мешуморем, ки татбиқи пайгиронаи ин ҳадаф омили асосии рушди неруи инсонӣ, шарти муҳимтарини пешрафти устувори давлат ва тақвияти иқтидори иқтисодии он мебошад. Бинобар ин, Ҳукумат ба масъалаи боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи касбии устодону омӯзгорони муассисаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин, ҷалби мутахассисони баландихтисос ба ҷараёни тарбияи кадрҳои оянда, эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Дар қалбу шуури ҷавонон парвариш кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки устодону омӯзгорон, падару модарон, зиёиён ва аҳли ҷомеа бояд ба он бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоянд. Наврасону ҷавонони мо бояд дар чунин рӯҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд.
Бо қаноатмандиву ифтихор мехоҳам хотирнишон намоям, ки дар зарфи солҳои истиқлолият дар кишварамон насли ҷавони дорои тафаккури давлатӣ ва содиқ ба арзишҳои давлатдории миллӣ ба камол расид ва итминон дорам, ки ин раванд дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.
Мо бояд наврасону ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, қонунияту тартибот ва риояи ҳатмии талаботи қонун тарбия кунем, онҳоро аз таъсири харобиовари падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили ифротгароӣ, нашъамандӣ ва, умуман, ҳама гуна ҷинояткорӣ эмин нигоҳ дорем ва тарзи ҳаёти солимро дар байни онҳо ҳар чи бештар тарғибу ташвиқ намоем.
Фарзандони азиз!
Шумо бояд ифтихор кунед, ки дар Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр, дар чунин кишвари зебои биҳиштосо зиндагӣ доред ва ворисони фарҳангу тамаддуни камназир ҳастед.
Аз ин лиҳоз, сидқан дӯст доштани Ватан, ҳифз намудани манфиатҳои миллии он ва бо донишу маърифати замонавӣ дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистон бояд аз ҳадафҳои асосии шумо бошад.
Шумо, ҷавонон, умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед. Зеро ояндаи Тоҷикистон шумо ҳастед ва тараққиёти минбаъдаи кишвари маҳбубамон, ки асосҳои мустаҳками он имрӯзҳо гузошта мешаванд ва таҳкими мақоми он дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ аз саҳми фаъолонаи шумо дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятии мамлакат вобаста мебошад.
Бо ибрози чунин орзуҳои нек бори дигар кулли ҷавонони саодатманди Тоҷикистон ва ҳамаи шумо - ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.
Ҳамеша тансиҳат ва пирӯзу сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2017    №: 104    Мутолиа карданд: 1289

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед