logo

паёмҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, шаҳри Душанбе, 26 майи соли 2017

Ҳамватанони азиз!
Фардо моҳи шарифи Рамазон - айёми сабру таҳаммул ва матонату парҳезгорӣ фаро мерасад.
Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик мегӯям ва дар ин моҳи хайру эҳсон ва файзу баракат ба хонадони ҳар кадоми шумо осоишу оромӣ орзу менамоям.
Барои пайравони дину мазҳабҳои гуногун, бахусус, дини мубини ислом рӯзадорӣ ифодаи ғолибияти рӯҳ бар ҷисм ва худдориву парҳез кардан аз амалҳои зишт мебошад.
Рӯза илова ба тақвияти ирода, инсонро ба ростқавливу накукорӣ ва умуман анҷом додани амалҳои писандида раҳнамоӣ мекунад.
Аз ин лиҳоз, рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, ки яке аз аркони дини мубини ислом мебошад, тарзи мукаммали парҳезкорӣ шуморида мешавад.
Моҳи шарифи Рамазон ва рӯзадорӣ айёми анҷом додани корҳои хайру савоб, аз ҷумла дар бобати дастгирии ниёзмандону дармондагон ба ҳисоб меравад.
Лутфу эҳсон ба наздикону атрофиён, дасти фитодаеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон кумак кардан, худдорӣ намудан аз ҳама гуна амалҳои ношоиста, забони пок, муомилаи хуб, ахлоқи нек ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки  риояву гиромидошти онҳо дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон шарт ва зарур дониста шудааст.
Илова бар ин, анҷом додани корҳои неку писандида ва саховату ҳиммат, худдорӣ кардан аз зиёдаравию исрофкорӣ ва баргузор намудани маросиму маъракаҳои серхарҷ дар дини мубини ислом аз ҷумлаи амалҳои воло ба шумор меравад.
Ин масъала дар каломи осмонии Худованд низ таъкид шудааст: “Ва ҳеҷ исроф макун! Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд”.
Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки садақаи фитр яке аз василаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа мебошад.
Мо бояд фитри рӯза ё садақаи фитрро на ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин, балки ба касони эҳтиёҷманд ва ятимону маъюбон хайр намоем ва дар ин амал низ ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем.
Яъне таваҷҷуҳ ба ҳоли муҳтоҷону камбизоатон яке аз рукнҳои асосии рӯзадорӣ мебошад ва ҳар вақте ки сарватмандон ба чунин шахсон меҳру муҳаббат ва бахшиш дошта бошанд, дар амри хайри тарбияи ятимон саҳми инсондӯстона гузоранд ва барои ҳалли мушкилоту ниёзҳои мардум кӯшиш намоянд, фазои  дӯстиву муҳаббат ва сафову самимият дар байни аъзои ҷомеа густариш меёбад ва мустаҳкам мегардад.
Инчунин, анҷом додани дигар корҳои хайр, аз қабили ба ягон маҳали зист об овардан, мактаб ё муассисаи тиббие бунёд ё таъмир кардан ва қитъаи роҳеро тармим намудан чӣ қадар мушкили одамонро осон мегардонад.
Бо изҳори итминон, ки Рамазони имсола низ барои ҳамватанони азизи мо айёми иҷрои амалҳои нек хоҳад гардид, бори дигар фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба ҳамаи мардуми кишвар муборакбод гуфта, ба ҳар фарди Ватан хонаи обод, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, фарохдастӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.
Бигзор, моҳи мубораки Рамазон боиси таҳкиму тақвияти сулҳу субот, оромиву осоиш ва файзу баракат дар диёри мо ва хонадони ҳар як сокини кишвар гардад.
Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2017    №: 105    Мутолиа карданд: 4483

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед