logo

иқтисод

«ПОМИДОР. МАСЪУЛОН ЗИЁДУ МАСЪУЛИЯТ КАМ, ЧАРО?»

Мақолаи танқидию проблемавии Темуршоҳи Файзалӣ «Помидор. Масъулон зиёду масъулият кам, чаро?», ки 24 апрели соли равон дар Нашрияи расмии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 83) ба табъ расидааст, дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Муаллиф дар мақола баландшавии нархи помидорро дар бозорҳои  дохилии минтақаи Кӯлоб дар соли 2016 аз ҳисоби  пайдошавии ҳашароти  куяи помидор маънидод намуда, дуруст нигоштааст, ки ин зараррасони дар шароити Тоҷикистон ба наздикӣ пайдошуда ба кишти помидори соли гузашта дар гармхона ва заминҳои кушод хисороти зиёд ворид намуд.
Бо мақсади пешгирии паҳншавӣ ва мубориза барои нест кардани куяи помидор 16. 08. 2016 фармоиши вазорат оид ба «Омӯзиши вазъи фитосанитарии зироатҳои сабзавотӣ ва роҳандозии чораҳои мубориза бар зидди зараррасонҳо» ба тасвиб расида, нақшаи тадбирҳо ҷиҳати мубориза ба ин  ҳашароти зиёновар тартиб дода шуд. Дар баробари ин, аз ҳисоби  мутахассисони вазорат ва олимони Академияи илмҳои кишоварзии  Тоҷикистон таъҷилан гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, вазъи гармхонаҳо ва киштзорҳои помидори  шаҳру ноҳияҳои  Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Файзобод, Шаҳринав, Ёвон ва Бобоҷон Ғафуров мавриди санҷишу омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт. Сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии зараррасон муайян карда шуданд. Гурӯҳи корӣ самаранокии  биологии 6 намуд заҳрхимикатҳоро бар зидди куяи помидор дар мазраи  помидори хоҷагии деҳқонии «Шумон» - и шаҳри Ҳисор санҷида, барои истифода заҳрхимикатҳои Аваунт, Асефид, Имидаклоприд, Моспилан ва гузоштани доми рӯшноиро тавсия дод.
Аз ҷониби вазорат дар асоси хулосаҳои гурӯҳи корӣ тавсияномаи «Тавсифи мухтасари куяи помидор ва чораҳои мубориза бар зидди он» омода ва ба кишоварзон дастрас карда шуд. Барои пешгирии паҳншавӣ ва мубориза бар зидди ин ҳашароти  зараррасон дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ёвон, Бобоҷон  Ғафуров, Истаравшан ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар мавзӯи «Чӣ тавр майдони киштро  аз куяи помидор муҳофизат кунем?» семинар – машваратҳои минтақавӣ баргузор гардиданд.
Ҳангоми гузарондани  санҷишу мушоҳидаҳои навбатӣ дар гармхонаҳои шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ то ин давра пайдоиши куяи помидор такроран ба қайд гирифта нашудааст. Дуруст ба роҳ мондани тадбирҳои муҳофизатӣ ва сард омадани обу ҳавои тирамоҳу зимистони соли гузашта ба паҳншавӣ ва инкишофёбии зараррасон таъсири манфӣ расонданд. Дар аксарияти  гармхонаҳо барои муайян намудани парвози шапараки куяи помидор домҳои фермонӣ, ширешӣ ва барқӣ гузошта шудаанд.
Оид ба масъалаи муҳайё набудани шароити дурусти корӣ дар  зерсохтори Бозрасии назорати давлатии тухмӣ дар минтақаи Кӯлоб иброз медорем, ки  айни замон бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб дегхонаи марказии шаҳр ба ихтиёри Бозрасии назорати давлатии тухмӣ гузошта шудааст. Вазорат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар оянда ин бино пурра таъмир гардида,  шароити кормандон беҳтар карда шавад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои дуҷониба бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» изҳори қаноатмандӣ намуда, умед мебандад, ки минбаъд низ ин ҳамкориҳои самарабахш баҳри рушди  соҳаи аграрии мамлакат дар сатҳи баланд идома меёбанд.
Ҷамила САИДОВА, муовини вазири кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2017    №: 106    Мутолиа карданд: 361

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед