logo

иқтисод

ЗАҲРХИМИКАТҲО. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Бо барҳам хӯрдани Иттиҳодияи ҷумҳуриявии истеҳсолию илмии «Тоҷикселхозхимия» қисмати зиёди иншооту анбору майдонҳои он хусусӣ гардонда, масолеҳи сохтмониашон дар бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва  иншооти дигар  истифода шуданд. Ҳоло назорати  истифодаи анборҳои боқимонда ва поккорӣ кардану  барои сохтмон иҷозат додани майдонҳо бар салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо  вогузор гардидааст. Дар ин биноҳо заҳрхимикатҳоро нигоҳ медоштанд, ки ба саломатии инсон ва олами набототу ҳайвонот хатарнок буданд.

- Нигоҳдории тӯлонии заҳрхимикатҳо  дар анборҳо оё ба саломатии сокинони  дар ҳамшафатии ин анборҳо  сукунатдошта ва ашхоси дар ин қитъаҳои замин манзил бунёдкарда ягон хатар дорад? – пурсидем аз сарходими илмии озмоишгоҳи фармакологии Институти кимиёи  ба номи В. Никитини Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илми кимиё  Абдураҳмон Қодиров.
 - Оре, - гуфт олим. - Гуфтан ҷоиз аст, ки қоидаи нигоҳдории заҳрхимикатҳо дар анборҳо  на ҳама вақт дуруст ба роҳ монда шудааст. Истифодаи андаки заҳрхимикатҳо - камтар, аммо дар ҳаҷми васеъ истифода бурдани онҳо дар соҳаи кишоварзӣ ба саломатии инсон ва олами набототу ҳайвонот зарари зиёд мерасонад. Дар баъзе мавридҳо техникаву олоти олудаи заҳрхимикатҳоро дар лаби  ҷӯйбору дарёҳо мешӯянд, ки сабаби талафёбии моҳиён мешаванд. Онҳо фикр намекунанд, ки  мардум низ баъзан надониста аз ин оби заҳромез истифода мебарад. Оби заҳролудшударо на танҳо барои нӯшидан, балки барои шустани анвои сабзавот ҳам истифода бурдан ҷоиз нест, зеро онҳо бо шустан пок намешаванд. Заҳрхимикатҳо муддати хеле тӯлонӣ дар вуҷуди одам боқӣ монда, ба саломатии инсон таъсири бад мерасонданд.
Аз рӯи қоидаҳои бехатарӣ дохили анборҳои нигоҳдорандаи заҳрхимикатҳо бояд ба қисматҳо ҷудо бошад ва ҳар намуди заҳрхимикат алоҳида нигоҳдорӣ шавад. Омехта шудани як намуди он бо дигараш мумкин нест. Зеро дар ин ҳолат заҳрхимикатҳо бо ҳам ба реаксияи химиявӣ дучор шуда, эҳтимол таъсирашон дучанд гардад. Заҳрхимикатҳо ба воситаи бӯй ҳам омехта мешаванд. Бояд анборҳо аз минтақаҳои аҳолинишин камаш як километр дур бошанд. Зеро қисми зиёди заҳрхимикатҳо аз нури офтоб, таъсири обу ҳаво ҳам бухор мешаванд. Ҳамчунин, дар бинои як замон ба сифати анбори заҳрхимикатҳо истифодашуда, нигоҳдории ғизо мумкин нест. Анборҳои холишуда бояд бо маводҳои биокимиёӣ шуста шаванд. Анборҳои замонавӣ аз нуқтаи назари техникаи бехатарӣ бояд хуб муҷаҳҳаз ва ҳавокашҳои махсус дошта бошанд. Дар анборе, ки ҳавояш тоза карда намешавад, нигоҳ доштани заҳрхимикатҳо қатъиян манъ аст. Ашхосе, ки бо заҳрхимикатҳо сару кор доранд, бояд ғайр аз либоси корӣ боз бо асбобу анҷоми махсус – калапӯшу респиратор таъмин бошанд.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2017    №: 106    Мутолиа карданд: 212
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед