logo

иқтисод

ҲАМОИШИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН. МУБОДИЛАИ САВДО БА 500 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ХОҲАД РАСИД

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Покистон дар Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани робитаҳои иқтисодӣ ва мусоидат ба рушди ҳамкориҳо, муайян намудани масоили мубрам дар бахши рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва дастгирии ҳамкории байнидавлатӣ ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Покистон баргузор гардид.
Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноат, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ, системаи васеи кафолатҳои ҳуқуқӣ ва афзалиятҳо барои сармоягузорон фароҳам оварда шудаанд. Ҳукумати кишвар бо роҳандозии сиёсати «дарҳои боз» дастгирии соҳибкорони ватанию хориҷӣ ва озодии тиҷоратро амалӣ менамояд.  Инчунин, дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» қариб ҳамаи шароитҳо барои соҳибкорию сармоягузорӣ фароҳаманд. Солҳои охир ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон тақвият ёфта, дар сатҳи роҳбарони ду кишвар чандин созишнома ба имзо расиданд, ки онҳо заминаи асосӣ барои густариш додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ гардиданд. Робитаҳои байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Покистон аз соли 2004 оғоз ёфтанд.
Тариқ Иқбол Сумро, сафири фавқулода ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон, гуфт, ки рушди ҳамкориҳои байни ду давлати дӯст ба манфиати  ҳар ду кишвар аст. Ҳамчунин, талошҳои Тоҷикистону Покистон барои татбиқи барномаи фарохдомани минтақавии интиқоли барқи баландшиддат - CАSА - 1000 самараи нек ба бор оварда, дар рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши муассир мегузорад. Роҳбарони ду давлат ба мувофиқа омадаанд, ки мубодилаи савдои Тоҷикистону Покистон дар се соли оянда ба 500 миллион доллари ИМА расонда шавад. Барои ин тамоми шароиту имкониятҳо мавҷуданд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2017    №: 106    Мутолиа карданд: 291

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед