logo

иқтисод

САНОАТ. АШЁИ ХОМИ ЗАРУРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ФАРОВОН АСТ

Нахустин комбинати металлургии Тоҷикистон замони шӯравӣ дар шаҳраки Регар бунёд ёфт. Барои фаъолияти пайвастаи он ашёи минералии заруриро бояд аз кони мавзеи Турпии ноҳияи Рашт истихроҷ мекарданд. Аммо ин нақша бо сабабҳои объективию субъективӣ амалӣ нагардид ва дар натиҷа комбинати мазкур фаъолияти худро аз ҳисоби бо нархи гаронбаҳо харидани ашёи гилхоки воридотӣ идома дод.
Ва имрӯз масоили таъмин кардани ширкати «Талко» бо ашёи ватанӣ беш аз пеш ҳалталаб мешавад.
Зимни баррасии «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ зикр гардид, ки ҳадафи барномаи мазкур рушди соҳаҳои саноат дар заминаи истифодаи захираҳои канданиҳои фоиданоки маҳаллӣ, ривоҷ додани корҳои ҷустуҷӯию иктишофии сарватҳои қаъризаминӣ, афзун намудани заминаи ашёи минералӣ барои мунтазам фаъолият кардани корхонаҳои амалкунанда, бунёдшаванда ва банақшагирифташуда мебошад. Дарёфт ва барои истеҳсолоти ватанӣ омода сохтани ашёи минералии маҳаллӣ иқтисодиёти ҷумҳуриро аз харҷи зиёди воридоти маъдани гилхоки хориҷӣ озод намуда, сифат ва даромаднокиро меафзояд.
Боксит маъдани асосӣ барои аз он ҷудо карда гирифтани гилхок ва алюминий ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, маъдани боксит дар ҷаҳон хеле кам вомехӯрад ва кону сарчашмаҳои асосии он дар Австралия, Бразилия, Гвинея, Гайана, Суринам ва Ямайка мавҷуданд. Боксити холис маъдани алюминийдор мебошад ва асосан аз се минерали оксиди алюминий  ташкил ёфтааст. Дар Тоҷикистон боксиди холис мавҷуд набошад ҳам, пайвастагиҳои он, аз ҷумла дар ноҳияи Рашт дарёфт шудаанд.
 Чанд сол қабл ҳангоми гузарондани корҳои саҳроии экспедитсионӣ дар нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор дар буриши қабатҳои ҷинсҳои тагшонии даври триас (240-250 миллион сол қабл) табақаи на он қадар ғафси (0,5 м) қишри бодхӯрдашудаи сахти гилмонанди ҷигаррангро дарёфт намудам. Ҳамин гуна зуҳуротро дар дигар мавзеъҳои кӯҳии Тоҷикистон низ вохӯрдан имконпазир аст. Барои кашфи онҳо бояд мутахассисони соҳаи геологияи ҷумҳурӣ дар мавзеъҳои алоҳидаи кишвар корҳои ҷустуҷӯӣ гузаронанд.
Айни ҳол сарчашмаҳои ин маъдан дар се минтақаи Дарвозу Помири Ғарбӣ (конҳои Курговат, Зонг, Бодомдара) кашф шуда, бо назардошти он, ки онҳо дорои гилхоки алюминийдоранд, бояд мавриди истифода дода шаванд. Солҳои 2012 - 2013 бо мақсади ҳосил кардани алюминий аз маъданҳои кони Курговати Дарвоз дар озмоишгоҳи марказии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти озмоишӣ гузаронда шуд ва дар натиҷа, аз ин маъданҳо оксиди алюминий ҷудо ва коркард гардид.
Дар қаламрави Тоҷикистон бисёр минералҳое мавҷуданд, ки онҳо дар сохтори минералӣ бо намуди пайвастагӣ ашёи алюминийдорро ташкил медиҳанд. Як навъи чунин пайвастагӣ дар таркиби минерали гилии бейделлит дида мешавад, ки вай маҳсули тағйирёбии нефелин буда, компоненти асосии минерали монтмориллонит ба ҳисоб меравад.
Хулоса, ҳарчанд боксиди холис дар Тоҷикистон мавҷуд нест, пайвастагиҳои таркиби он зиёд вомехӯранд. Яъне бо назардошти он, ки ин пайвастагиҳо аз оксиду гидрооксиди алюминий иборатанд, озмоишҳои лабораторӣ гузаронда, усулҳои коркарди онҳоро дарёфт намудан, технологияи ҷудо карда гирифтани оксиди алюминийро ба роҳ монда, заводи алюминийи Тоҷикистонро бо ин ашёи минералии алтернативӣ таъмин намудан имконпазир аст. Ин пайвастагиҳо қариб дар тамоми мавзеъҳои Тоҷикистон васеъ паҳн гаштаанд. Айни ҳол зиёда аз 30 кону манбаи қабатҳои ҷинсҳои таҳшонӣ дарёфт карда шудааст, ки захираи онҳо ба садҳо миллион тонна мерасад.
Абдураҳим ҚОРИЕВ,
номзади илмҳои геология ва минералогия,
узви вобастаи Академияи муҳандисӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 293

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед