logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Осон менамояд, вале душвор аст навиштан дар бораи дӯст, рафиқ, адиб, рӯзноманигор ва шахсият, хоса Умари Шерхон, ки аз ин зумра маҳсуб мешавад.
Ба эътирофи дигар нафароне ҳам, ки ӯро мешиносанд, дар дӯстӣ мардест содиқ. Агар зарур бишавад, барои дӯст ҷонро фидо месозад. Ва ҳам айби дӯстро ба хотири ислоҳу рафъи он рӯ ба рӯ мегӯяд, на чун шона мӯ ба мӯ аз қафо.
Рафиқи хуби роҳ мебошад ва ҳамроҳӣ бо ӯ ҳаловатбахш аст. Суҳбаташ муфиду ҷонфизост. Роҳ бо ӯ зуд тай мешавад ва дар ин маврид кас ҳеҷ хастагиеро эҳсос намекунад.
Адибест, ки мехоҳад ҷомеаро  ба қадри тавону фаҳми худ ба роҳи рост ҳидоят бикунад. Аз хубиҳо менависад, то дилбастаи он бошем. Ба анъанаву суннатҳои неки миллат содиқ аст. Бо асарҳояш мехоҳад онҳоро зикр бикунаду таъкид бидорад, ки дар андешаи пойдориашон бошем.
Чун рӯзноманигор ҳамеша дар андешаи пешрафти ҷомеа, боло бурдани сатҳи маърифати мардум аст. Бо матлабҳояш таъкид месозад, ки гузаштаро аз ёд набарорему ба қадри шахсиятҳое, ки барои пойдории давлату миллат, илму ҳунар кӯшидаанд, бирасем.
Навиштаҳои публитсистиаш дар ҳафтаворҳо ҳамеша ба табъ мерасанд. Инро як рисолати инсонӣ ва касбӣ меҳисобад. «Қалам дар дасти эҷодкор бояд ҳамеша дар ҳоли навиштан бошад», - мегӯяд ӯ.
Шахсияти ҷолибу нотакрораш дар симову пиндору гуфтору кирдор ва асарҳояшу масъулиятшиносиаш ҳувайдост. Ҳақиқат барояш қимати бештару бештар касб кардааст. Дар гуфтани он ҳеҷ тарс надорад. Мехоҳад адолат ҳамеша дар ҷои худ барқарор бошад. Хостан, танҳо хостан ӯро қонеъ намесозад, барои он дар мавридаш талош низ менамояд.
Чеҳрааш доимо кушода аст. Кас мепиндорад, ки бар дилаш ҳеҷ ғаме рӯзе роҳ наёфта. Аммо чунин нест. Дилаш бар ятимон, маъюбон, ниёзмандон ва онҳое, ки ба рӯзгоре аз зулм ранҷ бурдаанд ва ё маҳв гардидаанд, месӯзад, бисёр месӯзад. Агар бар ӯ дар коре ва ё навиштае эрод мегиранд, ҳаргиз намеранҷад, баръакс шод мегардаду сипосгузорӣ мекунад. Мепурсад, то бидонад. Аз омӯзиш худро барканор намегирад ва таъкид мекунад, ки «аз гаҳвора то ба гӯр бояд биёмӯзем».
Ҳидоятгари навқаламон аст. Роҳу равиши омӯзиш, навиштан ва ҷустуҷӯро бо хушнудӣ ва қаноатмандӣ нишон медиҳад. Дар нашри китобҳои онҳо маслиҳатҳо медиҳад ва дасти ёрӣ дароз мекунад.
 Барои овозхонҳо матн меҷӯяд. Андешаҳояшро дар мавриди нақшҳои офаридаи ҳунарпешагони театру синамо баён медорад. Бо нашри навиштаҳояш ҳусну қубҳи асарҳо, нақшҳоро мегӯяд.
Аз пайи шуҳрату сарвату ҷоҳ ҳеҷ гоҳ талош наварзидааст. Шикастанафс мебошад. Чун мӯри донакаш аз худ фузун борро мебарад ва бо ин қонеу хушнуд аст.
Фаъолияташро аз шогирдӣ ва устои пойафзолдӯзӣ оғоз бахшидааст. Боркашу борбанду мураббиву сардору нозиру мухбиру мудир низ буд. Пеш аз он ки муовини директори Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин бишавад, чун сармутахассиси котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст.
Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва раиси Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон мебошад.
Асарҳояш бо номҳои «Кохи ҳунар», «Гурд», «Омад», «Таҳамтан» (бо Ҷ. Аҷиб), «Асил», «Данғара», «Давлатманд», «Тораҳои хаёл», «Валӣ», «Сипос», «Мурод», «Матин», «Ваҳдатовар» (бо Н. Абдулваҳҳоб) «Пурдил» ва «Шуд он замона» ба табъ расидаанд.
Шукр, тандуруст ва фаъолияти меҳнатию эҷодиаш чашмрас мебошад. Инчунин, то ба ҳол ҳеҷ хастагиеро эҳсос накардааст.
Абдулқодири РАҲИМ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2017    №: 118    Мутолиа карданд: 142

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед