logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН. НООГОҲӢ БА ГУМРОҲӢ МЕБАРАД

Бешак, бо гузашти 20 сол имрӯз ваҳдати тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гаштааст. Зеро ҳамдигарро бахшидан ва ба ҳам омадани як халқи дар низои дохилӣ олударо, ки дар кӯтоҳтарин фурсат сулҳсозӣ кардааст, таърих хеле ками кам  ёд дорад.
Қиёси рақамҳо дар ҷаҳон нишон медиҳанд, ки аз соли 1945 то соли 1992 танҳо аз се як ҳиссаи гуфтушунидҳо дар зиёда аз сад ҷангҳои шаҳрвандӣ бо сулҳ анҷомидаанд.
Аксари онҳо дар ниҳояти кор омили парокандагии кишварҳову қавмҳо гаштаанд. Ва ин далел гувоҳи он аст, ки  расидан ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ корест басо сангин. Фалсафае вуҷуд дорад, шарт нест, ки ҳама дар ҷомеа як фикр дошта бошанд. Ин ҳукм ҳақиқати комил дорад ва он тасаввур, ки ҳама бояд як фикр дошта бошанд, амри имконнопазир аст. Талош дар ин роҳ маънӣ ҳам надорад ва ягон ҷомеа ба ин муваффақ ҳам нахоҳад шуд. Аммо чун ин ҳама фикрҳои гуногун барои созандагӣ равон мешаванд, инро ваҳдат меноманд. Аз ин ҷиҳат, метавон гуфт, ки имрӯз ҳар як ҷавони тоҷики худшинос бо афкори гуногун дар роҳи бунёди сипари ҳифзи миллат ҳатман ҳиссае мегузорад.
Мухолифати намояндагони як қавму миллат дар шароити иҷтимоиву сиёсии ҷаҳони муосир муддаои дили сиёҳтинатонест, ки аз тирагии фазои як миллату халқ суду манфиат меҷӯянд. Аз ин рӯ, бовар ба ҳамдигар омили пешрафту саодати ҷомеа мебошад. Ин бовар омилест, ки мо худро дар ҷомеа танҳо эҳсос наменамоем. Тафриқаандозиҳо мусибату даҳшати бузургеанд, ки  ҷомеаҳоро фано месозанд. Дар ин тафриқаандозиҳо ҷавононро доиман дар саргаҳ қарор медиҳанд, ки сабаби аслии бадбахтии аҳли башар аст. Албатта, на он ҷавононеро, ки дарси мактаби худшиносиро азбар кардаанд. Дар ҳар кишваре, ки сатҳи маърифатнокии  ҷавонон баланд бошад, дар он кишвар ҳамон андоза хатари  гирифторӣ ба муноқишаҳои хатарбор камтар мешавад. Зеро ҷавони огоҳ ҳеҷ гоҳ майл ба майдонсозиву майдонбозиҳо надорад. Албатта, дар ин самт ҷавони зархариду бемаърифат истисност, чунки ӯ аз дарси ваҳдату худшиносӣ баҳра набурдааст.
Мадрасаи ваҳдат барои ҳама гуна ҷомеа амри зарурист. Ҳар фарде мухолифи он аст, ки дар ниҳодаш неруи аҳриманӣ дорад. Ваҳдат парчамест, ки аз он гуногунсатҳиву гуногуфикрӣ чун як неруи том ба вуҷуд меояд. Рисолати парчам ваҳдатсозист ва ваҳдат низ парчами худро дорад. Ва, хушбахтона, тавоноию дороии феълии кишварамон ваҳдати ҷавонон аст. Имрӯз мо аз он ифтихор дорем, ки мардуми тоҷик, алалхусус ҷавонон, сурати аслии дасисаву сиёсатҳои таҳмилии иғвоангезро мешиносанд. Онҳо дарк кардаанд, ки ин шоҳроҳ, ки номаш ваҳдат аст, тақвияту нигаҳдорӣ мехоҳад. Ва ин рисолат вазифаи онҳо ва ҳар як хурду  бузурги кишварамон мебошад.
Бахтиёри ҚУТБИДДИН, устоди ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2017    №: 118    Мутолиа карданд: 153

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед