logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. ФАЪОЛИЯТИ 7 ҶАМЪИЯТИ МУСОФИРКАШОНӢ БОЗ ДОШТА ШУД

Фирдавсӣ Саидов, директори муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», дар суҳбат оид ба беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмини тартибу низом, аз байн бурдани танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт чунин гуфт:
-Дар 3 моҳи соли равон бо истифода аз воситаҳои нақлиёти мусофирбарии корхонаю ҷамъиятҳои нақлиётие, ки бо муассисаи мазкур шартномаи ҳамкорӣ доранд, дар маҷмӯъ зиёда аз 42 миллион мусофир кашонда шудааст. Дар ин муддат нисбат ба хизматрасонии ба мусофирон тариқи воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ 27  арзу шикояти шаҳрвандон тавассути телефони боварии муассиса ба қайд гирифта шуд. Дар соҳаи хизматрасонии нақлиётии хатсайрҳои пойтахт як қатор  тағйирот ба амал омада, шабакаҳои дохилишаҳрӣ такмил ёфтанд. Фаъолияти 7 ҷамъият, ки ба мусофиркашонӣ машғул буданд, бинобар ҷавобгӯ набудани хизматрасониашон ба мусофирон боз дошта шуд.
Темур Раҳмонов, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, ки бо сабаби танбашавӣ дар роҳҳо наметавонистам сари вақт ба кор ҳозир шавам. Баъди дигар намудани самти якчанд хатсайр дар роҳҳои шаҳр, ҳолати танбашавӣ кам ба чашм расид ва имкон пайдо намудам, то сари вақт ба ҷойи даркорӣ расам.
- Ҳоло дар пойтахт 40 автобуси нав, 250 автобусу троллейбус ва ду ҳазор микроавтобуси бахши хусусӣ ба мусофирон хизмат мерасонанд. Дар дохили воситаҳои нақлиёти мусофирбарии дохилишаҳрӣ нақшаи ҳаракат, нархи роҳкиро, номи корхона ва ё ҷамъияти хизматрасон, ному насаби ронанда, инчунин, телефонҳои боварии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ва раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе насб карда шуда, эълони истгоҳҳо тавассути баландгӯякҳо ба роҳ монда шудааст, - илова намуд Ф. Саидов.
Ҳасан ШОКИРЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2017    №: 118    Мутолиа карданд: 352

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед