logo

иқтисод

ЛАХШ. ЧАНД ТАДБИРИ МУҲИМ ДАР САМТИ КАРТОШКАПАРВАРӢ

Нигоҳдории  дурусти маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама фаслҳои сол барои  таъмини амнияти ғизоӣ нақши аввалиндараҷа мебозад. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон 13 майи соли равон масъалаи захира кардани меваю сабзавот  дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ҷиҳати пешгирӣ аз болоравии нархи озуқаворӣ ва таъмини беҳтари аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ махсус  таъкид гардид. 
Дар ноҳияи Лахш баробари вусъат бахшидани кишту кор дар хоҷагиҳои деҳқонию  ҷамоавӣ  баҳри захираи дурусти маҳсулоти кишоварзӣ дар доираи иҷрои  дастуру супоришҳои Президенти мамлакат чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд.
- Имсол дар ноҳия дурнамои кишти картошка  2200  гектарро ташкил медиҳад. Аллакай  қариб 90 дарсади он,  яъне  наздики 2000  гектар картошка кишт карда шуд. Барои  таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо тухмии хушсифат дар асоси ҳамкориҳо бо хоҷагиҳои пешқадами  навоҳии  дигари ҷумҳурӣ ва соҳибкорон тухмии  навъҳои покистонӣ ва  ҳолландӣ ба ноҳия ворид гардид.  Ҳамчунин, содироти тухмӣ аз ҷониби кишоварзон ба минтақаҳои дигар  бо супориши раиси ноҳия маҳдуд сохта шуд,  то деҳқонон бо роҳи худтаъминкунӣ  аз мушкилоти норасоии тухмӣ раҳо ёбанд.  Агар  картошкапарварон бо тухмии маҳаллӣ киштро ба роҳ монанд, вобастагии онҳо аз маҳсулоти воридотӣ  аз байн хоҳад рафт. Истифодаи  тухмии маҳаллӣ харҷи кишт ва  арзиши аслии картошкаро кам намуда, ба коҳиш додани  болоравии нархи он дар бозорҳои кишвар мусоидат мекунад. Имрӯзҳо кишту парвариши картошка аз ҷониби кишоварзони диёр ҷараён дорад. Пас аз 3 моҳ мавсими ҳосилғундорӣ дар майдонҳои кишти ин навъи сабзавот шурӯъ  мегардад. Дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат айни замон ба масъалаи фароҳам сохтани имконияти захираи картошкаю  сабзавот аз ҷониби роҳбарияти ноҳия диққати ҷиддӣ дода мешавад. Барои  беҳтар сохтани ҳолати нигоҳдорӣ ва ҳифзи маҳсулоти  зироатҳо ситоди махсуси ноҳиявӣ амал менамояд.  Фаъолияти он ба истифодаи самараноки замин, кишти картошка ва захираи маҳсулоти соҳа равона гардидааст, - гуфт Ато Ҷӯрабеков, муовини якуми раиси ноҳия.
Дар радифи рушди соҳаи    картошка-парварӣ дар ноҳия  кишти  ғалла ва бунёди боғҳо низ вусъати тоза пайдо намудааст.  Ин баҳор дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия    1520 гектар ғалла   кишт шуда,  қариб 50 гектар боғ бунёд ёфт. Аммо нишондиҳандаи мазкур ҳанӯз қонеъкунанда нест. Дар диёри Лахш барои зиёд намудани майдонҳои кишти зироатҳо ва боғҳо имкониятҳои васеъ  мавҷуданд, ки ҳоло ба ҳадди зарурӣ истифода намегарданд. Роҳбарияти ноҳия саъй дорад, ки шароитҳои мутобиқи табиӣ  ба пуррагӣ мавриди истифодаи кишоварзон қарор гирад ва онҳо анбори маҳсулоти ватаниро  ғанитар созанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2017    №: 118    Мутолиа карданд: 119
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед