logo

иқтисод

ЗАМИН. БЕШ АЗ 4000 ҲОЛАТИ ҚОНУНШИКАНӢ ОШКОР ГАРДИД

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли 2017 назоратро оид ба риояи қонунгузории  замин ва самараноку оқилона истифода бурдани он  пурзӯр намуда, дар ин ҷода корҳои муайянро ба сомон расонд. Аз  ҷониби мақомоти идораи замин 4114 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, нисбат ба  3790 ҳолат дастур,  нисбат ба  3322 ҳолат протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шуд ва ба вайронкунандагони қонунгузории замин ба маблағи 1 миллиону  226 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд. Самараи назорати ҷиддӣ аз рӯйи санҷишҳои гузаронда аст, ки  892595 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гаштааст. Дар ин давра барои баҳои ҳуқуқӣ додан ҳуҷҷатҳои таҳиякарда, 214 мавод ба прокуратура, 130 – то барои ба таври маҷбурӣ ситондани маблағи ҷаримаҳо ба судҳо ирсол шудааст. Ҳамчунин, 2127 ҳолати қонунвайронкунии заминро бевосита дар маҳал бартараф карданд.
Мутахассисони кумитаи идораи замини вилояти Хатлон низ дар чор моҳи соли равон назоратро аз болои қонунвайронкуниҳо дуруст ба роҳ монда, 1974 ҳолатро ошкор ва оид ба 1382 ҳолат протокол ва қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карданд.  Маблағи ҷаримаҳои баста 432340 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 301160 сомонӣ ба суратҳисоби кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят ворид  шудааст. Нисбат ба вайронкунандагони қонунгузории замин бетараф наистода, барои баҳои ҳуқуқӣ додан протоколҳо 158 мавод ба прокуратура, 88 – тои дигар барои ба таври маҷбурӣ ситондани маблағи ҷаримаҳо ба судҳо ирсол карда шудаанд. Кормандони идораҳои замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 1122 ҳолати қонунвайронкунии заминро дар ҷояш бартараф намуданд.
Масъалаи истифодаи нодурусти замин дар вилояти Суғд низ бисёр дида мешавад. Аз ин ҷост, ки то 1 майи соли равон кормандони Кумитаи идораи замини вилоят 1186 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро муайян намуда, ба маблағи 418070 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда, тавассути чораҳои андешида ба суратҳисоби кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо 309955 сомонӣ ворид кардаанд. Бо вуҷуди он, ки 632 ҳолати қонунвайронкунии замин дар ҷояш дида баромада шудааст, ҳамаи масъалаҳо бе дахолати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳалли пурраи худро наёфтанд. Аз ин рӯ, 2 мавод ба прокуратура  ва 17 мавод ба судҳо ирсол карда шудаанд.
Кормандони кумитаи идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар чор моҳи соли равон 78 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор карданд. Нисбат  ба қонуншиканҳо дар 75 ҳолат дастур ва  дар 47 ҳолат протокол тартиб дода, як қатор қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуданд. Ба вайронкунандагони қонунгузории замин ба маблағи 11420 сомонӣ ҷарима баста шудааст. Дар 45 ҳолат қонуншиканиҳо дар сари замин ҳалли худро ёфтаанд.
Дар кумитаҳои идораи замини ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ин давра 729 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин сабт гаштааст. Заминсозон бо ёрии кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз маблағи 299520 сомонии ҷарима 217720 сомонии онро рӯёнда тавонистанд.  318 ҳолати қонунвайронкунии истифодаи замин дар ҷояш ҳал карда шудааст.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2017    №: 118    Мутолиа карданд: 220

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд

Шойгу: «Дар Сурия ҳудуди нуфузи ҷангиён ду ним маротиба коҳиш ёфт»

Ҳамкории калонтарин шабакаҳои иҷтимоии Чин бо ҳукумат

Зери таҳримот ҳам иқтисоди Русия рушд мекунад

12.08.2017


Сафири Тоҷикистон дар Эфиопия эътиборнома супурд

Бунёди корхонаи истеҳсолӣ дар ноҳияи Данғара

Душанбе. Анъанаи пардохти иловапулии якдафъаина идома хоҳад ёфт

Ноҳияи Рӯдакӣ. Талабот ба либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ меафзояд

Хатлон. 15 корхона кор накард

Ҷаҳон дар як сатр

Аксари террорист – маргталабҳои «Боко Ҳарам» занону кӯдаконанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед