logo

сиёсат

ВАҲДАТ САБАҚИ БУЗУРГИ ТАЪРИХИСТ

Ба имзои  Созишномаи умумии  истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллии Тоҷикистон  20 сол пур мешавад. Ба шарофати ин созишномаи тақдирсоз  мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба пойдории сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди он оғоз намоем.
Ҷанги шаҳрвандӣ барои хоҷагии халқи мо хисороти азимеро оварда, боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин мазмун таъкид карда буданд: «Даҳсолаҳо  лозим мешавад, то захму  ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
Ба шарофати дастгирии халқи тоҷик ва сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззам  Эмомалӣ Раҳмон барои эъмори давлате, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мадди аввал қарор дорад, хишти асос гузоштем. Ва имрӯз дар Тоҷикистон сулҳу субот тавре пойдор гаштааст, ки назираш дар ҳеҷ кишваре, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад. Бо эътирофи сиёсатшиносони сатҳи байналмилалӣ ҳар он чӣ  доир ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, барои бисёр мамлакатҳое, ки дар онҳо муноқишаҳои дохилӣ ҷой доранд, намунаи ибрат мебошад.
Сулҳи тоҷикон  на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтию саодат ва ваҳдати ногусастаниро бедор сохта тақвият бахшид.
Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои мубрам ин ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, ба ҷавонон фаҳмондани равандҳои харобиовари замони муосир ва амиқ дарк намудани онҳо мебошад. Бинобар ин, тамоми саъю кӯшиши аҳли калонсоли ҷомеа бояд ба он равона шавад, ки сатҳи маърифат ва худшиносии миллии ҷавонон беш аз пеш баландтар гардад. 
Ватандӯстӣ аз ҳар фарди некноми Тоҷикистон маънавияту маданияти баланд, ахлоқу нияти пок, муҳаббати бепоён ба Ватани хешро талаб мекунад.  Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат   дар ҳама  суханрониҳои худ ба ояндасозу парчамбардори миллат будани ҷавонон таъкид намуда, таваҷҷуҳи тамоми сохторҳоро дар робита ба тарбия ва дастгирии ин қишри ҷомеа таъкид менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд: “ Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.
Чунин ғамхориҳо ҷавонони кишварро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ифтихормандӣ аз Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Фирӯза ҚАЛАНДАРОВА, омӯзгори коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2017    №: 118    Мутолиа карданд: 498

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед