logo

иҷтимоиёт

ҲАМНИҲОДИ ВАҲДАТ

Вақте ки имтиҳони тақдирсоз бар сари халқе ва ё миллате меояд, вақте ки  миллат дар лобалои ҳастиву нестияш   ҳассостарин  рӯзҳоро ба  сар мебарад, вақте ки шоми мубҳаму  тақдир дар осмону остони як  кишвар  торикиҳоро фурӯ мерезад, аз байни халқ чеҳраҳои дурахшоне мунаввар мегарданду боло мешаванд, то бо рӯшании хиради худ, бо машъалаҳои муҳаббати ватандӯстонаи худ ба мардум роҳ намоянд ва онҳоро аз вартаҳои ҳалокату нестӣ раҳоӣ бахшанд.

Ҷанги таҳмилӣ, ҷанги бародаркуше, ки бар сари мардуми мо бор карда шуд, чунин имтиҳони тақдирсоз буд. Имрӯз, вақте ки мо дар бораи саҳми бузурги адибону зиёиён ва аслан фарзандони наҷиби миллатамон дар бунёди сулҳу ваҳдати миллӣ сухан мекунем, ба андешаи банда бояд номи дӯст ва бародари мо, Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд низ дар қатори аввалинҳо ба забон гирифта шавад.
Ҳеҷ аз ёдам намеравад. Дар рӯзҳои мудҳиштарин ва хатарноктарини ҷанги шаҳрвандӣ боре садои пур аз изтироб, пур аз ҳаяҷону эҳсосоти  ӯро  аз радиои Тоҷикистон шунидам, ки аз  Бадахшон истода тавассути сабти радиоӣ нидо мекард:  “- Камол, Раҳмат, дӯстонам, шумо дар куҷоед, садо бароред, мо бояд бо ҳам бошем,  бояд пеши роҳи ин даҳшат, ин худкушиҳоро бигирем, мо бояд нагузорем, кишварамон пора - пора шавад...”.   Ӯ далерона даъват мекард, ки мо бояд барои ваҳдати миллӣ мубориза барем, мо бояд ҳукумати қонунии кишварро дастгирӣ кунем, зеро ягона роҳи дуруст, ягона роҳи наҷот ҳамин аст. Чунин даъватҳо аз ҷониби дӯсти мо Ширин Бунёд, воқеан, дар он замон қаҳрамонӣ буд. Ва чунон, ки баъд фаҳмидем, борҳо ба ҷони ӯ силоҳбадастон барои чунин мавқеъ гирифтанаш таҳдидҳо карда будаанд ва танҳо толеи баланд ва ҷасорату ҷавонмардияш ӯро аз коми марг раҳоӣ бахшид.
Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Ширин Бунёд, ин шоири ватандӯст ва ваҳдатгароро хуб медонистанд ва ин сифатҳои некашро қадр менамуданд.   Ва унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистонро ба Ширин Бунёд шахсан Сарвари кишварамон шоиста донистаанд. Ширин Бунёд шоирест баромада аз байни мардум ва хизматҳои шоистае дар бунёди ваҳдату  истиқлолият ва  адабиёт  кардааст. Ин аст, ки дар арафаи Ҷашни 20 - солагии Ваҳдати миллӣ ва аслан ҳамеша, вақте ки сухан аз сулҳу салоҳ ва мақоми баланди ваҳдати миллӣ дар кишвари мо меравад, мо бояд аз он фарзандони наҷибу ҷоннисору ватандӯсте, ки ҷонашонро дареғ  надошта, халқи моро таҳти сарварии Пешвои  миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдату  сарҷамъиву ягонагӣ расонданд, ҳаргиз фаромӯш накунем. Таърих моро намебахшад, агар мо аз ҷонкоҳиву ҷоннисориҳои онҳое, ки воқеан, дар он рӯзҳои хатарнок аз сари нангу номус ва аз сари эҳсосоти баланди ватандӯстӣ саҳми боризи худро дар бунёд ва таҳкими ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ гузоштаанд, фаромӯш кунем. 
 Яке аз иқдомҳои наҷиб, саривақтӣ ва дурбинонаи Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан, наҷотбахши Тоҷикистони азизи мост, таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар он рӯзҳои тақдирсоз  буд, ки  аз ақлу заковати баланди ӯ  дарак медод. Ва Ширин Бунёд яке аз онҳое буд, муҳаббати ватандӯстонааш ӯро  фавран ба ин ҳаракат шомил сохт, балки яке аз бунёдгузорони он дар Бадахшон гардид. Ҳарчанд хатарнок буд  дар Бадахшони он рӯзҳо пешгоми ин ҳаракат будан.
Иқдомҳои ваҳдатгароёнаи Ширин Бунёд на фақат дар сухан буд, ӯ амалан ҳар коре, ки аз дасташ меомад, барои ваҳдат мекард. Аз ҷумла, дар он рӯзгори душвор, новобаста ба ноҷӯрии саломатиаш  бо Корвони ваҳдати миллӣ бо як гурӯҳ ҷавонон аз Бадахшон ба роҳ баромад. Ин корвон тамоми кишвар ва шаҳрҳои бузурги онро убур намуда, то Хуҷанди бостон ва аз он ҷо ба пойтахти Ватан - шаҳри Душанбе расид. Дар роҳ ватандӯстону ваҳдатгароёни зиёде ба ин корвон шомил шуданд. Рӯзгор вазнину хатарнок ва роҳҳои он замон ноободу хастакунанда буданд. Аммо корвони Ҳаракати ваҳдати миллӣ рисолати худро иҷро кард ва бори дигар риштаҳои ваҳдатро дар байни шаҳру деҳот ва вилоятҳои Тоҷикистони азиз мустаҳкам сохт.
Ширин Бунёд пеш аз ҳама шоир аст, шоири ватандӯст, сарояндаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, сарояндаи ваҳдат, сарояндаи арзишҳои баланди миллӣ, сарояндаи шуҷоат, матонату саодат ва агар дар як ибора ҷамъбаст карда бигӯем, сарояндаи ишқи Ватан. Ӯ дар симои худ, дар шахсияти худ Бадахшони сарбаланд, Бадахшони босафо, Бадахшони пурҳунарро бо ҳамаи шукӯҳу покиву муҳаббат таҷассум менамуд.
Вақте хабар омад, ки Ширин Бунёд аз олам даргузашт, дар назари  ман чунон намуд, ки қуллае аз қуллаҳои баланди Бадахшон фурӯ афтод,  чашмае аз чашмаҳои зулолаш хушкид,  обшоре аз обшори муаттару хушнавояш қатъи вуҷуд кард, як рӯди саршораш бе об шуд. Вақте ки шоир мемирад, воқеан, мисли он аст, ки як рӯд бе об мемонад, як чашма мехушкад, як қулла фурӯ меафтад, зеро шоир рӯди зулолу чашмаи меҳр аст, қуллаи сарбаланди ҷасорату матонат аст.
Аммо имрӯз, вақте ки ҷилди китоби тозанашри Ширинро боз кардаму ба ҷаҳони шеъри ӯ ворид шудам, хушбахтона, дидам, ки ин қулла барҷост, ин чашма, ин обшор, ин рӯдбори зулол саршору ҷориянд, пур аз наво, пур аз сурур, пур аз муҳаббат. Яъне, Ширин бо ҳама самимияту садоқату муҳаббати тасхиркунандаи худ дар ин олами абадият, дар  ин олами бефано, ки олами маънавият аст, зиндаву поянда мондааст.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2017    №: 119    Мутолиа карданд: 267

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед