logo

иҷтимоиёт

ҚАДИ РОҲ НИҲОЛОН НОСАБЗИДА ХАЗОН МЕГАРДАНД

Оғоз аз рӯзҳои аввали фасли баҳор ба хотири ҳифзи табиат ва ободонии ҳар як гӯшаю канори кишвар шинондани дарахтони зиёди ҳамешасабз, ороишӣ ва сояафкан, ки боиси болидарӯҳии сокинону меҳмонон мегардад, ба назар мерасад. То имрӯз дар канору қад – қади дарёҳо, роҳҳои автомобилгард ва дигар мавзеъҳо беш аз ҳазорҳо бех дарахтони ороишию сояафкан ва ҳамешасабз шинонда шудааст.
Мутаассифона, мушоҳидаҳо зимни сафарҳои корӣ, нишон медиҳанд, ки аз сабаби беаҳамиятӣ ва хунукназарии масъулони соҳа ҳар сол дар бисёр минтақаҳои кишвар, аз ҷумла қад – қади роҳи автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб поймол шудани сабзазор ва мавзеъҳои кабудизоршуда аз тарафи чорвои сарҳуйи шаҳрвандон, бахусус дар вақти рондани рамаи гӯсфандон аз як чарогоҳ ба чарогоҳи дигар, ба чашм мерасад.
Махсусан аз мавзеъҳои ноҳияи Данғара то баҳри Норак, ки тобеи муассисаи давлатии парваришгоҳи баҳри Норак мебошад, на ин ки дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабзи қад – қади роҳи мошингузар, балки гулу буттаҳо, ҳатто гиёҳҳои шифобахш низ дар вақти рондани рама несту нобуд мешаванд.
Бино ба иттилои директори муассисаи давлатии парваришгоҳи баҳри Норак Файзулло Ҷамилов ва сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара Рустам Давлатшоев, барои ба низом даровардани нигоҳубини ҳайвоноти сарҳуй ва рондани рамаи гӯсфандон аз як чарогоҳ ба чарогоҳи дигар қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ амал мекунад. Вале то ҳанӯз қонуншиканӣ аз ҷониби шаҳрвандон идома дорад.
- Барои риоя накардани талаботи қонун кормандони шуъбаи муҳити зисти ноҳия нисбат ба 6 нафар шаҳрванд протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Минбаъд низ дар ҳолати риоя накардани талаботи мазкур беназорат мондани ҳайвонот нисбат ба соҳибони онҳо дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, аммо муҳим он аст, ки мардум барои ҳифзи муҳити зист масъулият эҳсос намояд, - гуфт Рустам Давлатшоев.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2017    №: 119    Мутолиа карданд: 162

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед